Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гарави хушбахтии оила дар самимият ва меҳрубонист

Гарави хушбахтии оила дар самимият ва меҳрубонист

11-05-2022, 10:46
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Гарави хушбахтии оила дар самимият ва меҳрубонист

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти болои ҳизб, санаи 10-уми май бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо иштироки кормандони САҲШ-и ноҳия, кормандони сохтори тандурустӣ, бонувони собиқадор, ҷавондухтарон, мизи мудаввар таҳти унвонии «Гарави хушбахтии оила дар самимият ва меҳрубонист» дар ташкилоти ибтидоии Олтинсой баргузор намуд.

Мизи мудавварро раиси Кумитаи иҷроия Ализода С.Ҷ. ифтитоҳ намуда қайд кард, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асосӣ ҷамъият ҳимоя менамояд. Дар ин як замина қатор стратегияю барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати фаъолияти иҷтимоии занон ва оила қабул гардида, барои занону духтарон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Пойдории оила, мустаҳкаму побарҷо будани он яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумат ба шумор меравад.

Аз ҳар як насли ҷавон бахусус модарон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошанд, фарзандонро ба ҳаёти мустақилона омода карда, онҳоро бо роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд. Расму ойин, анъанаву суннатҳои миллиамонро ҳифз ва барои пос доштани оила ҳамарӯза талош варзанд, зеро «Гарави хушбахтии оила дар самимият ва меҳрубонист».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: