Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “Ваҳдати оила”

“Ваҳдати оила”

23-08-2019, 10:09
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
“Ваҳдати оила”
Баҳри ҳимояи оила ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо тибқи нақшаи кории шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар назди кумиҷроия маркази доимоамалкунандаи “Ваҳдати оила” таъсис дода шуд.
Бо ин мақсад дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки Фирўза Раҳимӣ - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва аъзои шўрои занони кумиҷроияи шаҳрӣ маҷлис доир гардид.
Ф. Раҳимӣ -мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба чорабинӣҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки оила сарвати бебаҳои ҷамъият буда, маҳз дар он инкишофи шахсияти инсон оғоз мегардад. Ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбаду гармию сардӣ, талхию ширинӣ, ғаму шодӣ машаққату роҳаташ ибтидо мегирад. Пўшида нест, ки ҳанўз баъзе занону духтарон дар хонаводаҳо зери хушунат қарор доранд ва ҳуқуқу манфиатҳояшон бо расму оинҳои хуруфотӣ поймол мешаванд. Бинобар ин зарурат пайдо шудааст, ки мо занони фаъол имрўз бояд ҷиҳати ҳимояи оилаҳои ҷавон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монем ва барои пешгирии оилаҳои ҷавон саҳми назаррас гузорем.
Сипас доир ба масъалаи мазкур собиқадорони ҳизб Мукаррама Неъматова, Хайринисо Темирова ва Сабоҳат Бобоҷонова баромад намуда, ҷиҳати мустаҳкам нигоҳдоштани оилаҳо ва ба бекоршавӣ роҳ надодани он суханронӣ намуданд.
Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои баромадкунандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ дар назди кумиҷроияи шаҳрӣ маркази доимоамалкунандаи “Ваҳдати оила” таъсис дода шуда, минбаъд он дар маҳаллаҳо бо оилаҳои осебпазир корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: