Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Усулҳои муосири таблиғу ташвиқ

Усулҳои муосири таблиғу ташвиқ

7-04-2022, 11:12
Хабарро хонданд: 5903 нафар
Назарҳо: 0
 Усулҳои муосири таблиғу ташвиқ
Дарси навбатӣ аз силсилаи омўзишҳои идоравӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе, 4 апрел дар толори Дастгоҳи КИМ-и ҳизб ва бо иштироки муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода баргузор гардид. Бар асоси нақшае, ки аз сўйи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абудҷаббор Азизӣ тасдиқ шудааст, ин бор мавзуи «Усулҳои муосири таблиғу ташвиқи барномаҳои ҲХДТ ва инъикоси дастовардҳои кишвар дар замони истиқлол» дар фаъолияти кори омўзишии сохторҳо ва масъулони ҳизб қарор гирифт. Дар доираи вақти муайяншуда ва бо такя ба Оиннома, Барномаи ҲХДТ ва суханрониву ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъули баргузории ин нишасти омўзишӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода андешаҳояшро доир ба ин мавзуъ ба аҳли толор баён дошт. Аз ҷумла гуфта шуд, ки тавсия ва дастуру роҳнамоиҳои Сарвари кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳам аз дигар сарчашмаҳои фаъолияти масъулон ва гурўҳҳои таблиғотии созмонёфта аз сўйи аъзои ҳизб дар ҷомеа мебошанд. Аммо барои пешбурди муассир ва созандаи чунин фаъолият тарғиботчиёнро лозим аст, ки худ мунтазам биёмўзанду донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиашонро такмил намоянд. Дар ин робита Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Консепсияи корҳои таблиғотиро таҳия намудааст, ки он фарогири самт ва мавзуъҳои аслии фаъолияти ҳизб ва тарғиботчиёни он мебошад.
Донистани саҳифаҳои пурифтихори таърихи ҲХДТ, корҳои анҷомшуда таҳти сарпарастии ҳизб, донишу огоҳии комил доштан аз бахшу нуктаҳои асосӣ ва созанда, ки дар китобҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ баён гардидаанд, омўзиши васеи адабиёти сиёсиву ҳизбӣ ҳам аз дигар заруратҳо барои пешбурди фаъолияти муассири таблиғотӣ дар шароити кунунӣ зикр шуд. Ин нукта ҳам таъкид гардид, ки тайёрии мукаммалу ҳамаҷониба ва пурра ошноӣ доштан бо сарчашмаҳо барои ҳар нафаре, ки ба кори тарғиботӣ машғул мешавад, муҳим ва ҳатмӣ бояд бошад.
Дар идомаи дарс муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода ҳам сухан карда, паҳлўҳои дигари мавзуъро ба аҳли толор шарҳ доданд.
Таъкид шуд, ки барои масъулон ва ҳар корманди ҳизбӣ, ки ба таблиғу ташвиқи ғоя ва аҳдофи оинномавии ҳизб иқдом мекунанд, пеш аз ҳама лозим аст, ки асосҳои назариявии ҳизбро хуб донанд. Дар баробари ин тарғиботчӣ доир ба тамоми рўйдодҳои кишвар ва ҷаҳон маълумоти васеъ дошта бошад,то ки дар ҳолати пайдо шудани савол ё масъалае дар назди шунавандагон ба мушкил дучор наояд.
Дар вақти суҳбат зикр шуд, ки барои масъулони ҳизбӣ дастури намунавии кори таблиғотӣ бояд дастрас бошад.
Таъкид гардид, ки идоракунии толор ҳангоми вохўриву баргузории курсҳои омўзишӣ, танзими барнома ва мавзўи баромадҳо пеш аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои омўзишӣ, зарурати такмили маҳорати суханварӣ, истеъдоди аз як мавзуъ берун нарафтан дар вақти суҳбат бо аҳли толор, таҳия, нашр ва дастраси даъватшудагон гардонидани матни суханронӣ ва маърузаҳо чанд рўз пеш аз баргузории ҳар гуна чорабинии ба нақша гирифташуда, истифодаи васеъ аз воситаҳои ахбори омма ва аз саҳифаҳои ҳизбии шабакаҳои интернетӣ ҳам аз омилҳои асосӣ барои пешбурди кори сиёсӣ мебошанд.
Беҳтар ба роҳ мондани соатҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ дар доираи фаъолияти корхонаю муассисаҳо, интихобу таъини шахсони дар ҳақиқат муносибу сазовор низ барои муассир ба иҷро расидани нақша ва барномаҳои тарғиботӣ, пешсафу пешқадам будани аъзои ҳизб дар ҷомеа муҳим дониста шуд.
Давраи омўзишҳои идоравӣ барои кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои ҳизбии пойтахт то охири моҳи июн идома ёфта, қарор аст ду дарси дигар ҳам тайи моҳи равон доир мешавад.
Риояи талаботи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат ва талаботи дохилии ҲХДТ оид ба меҳнат, меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳуҷҷатнигорӣ, аз мавзуъҳои хонишҳои оянда унвон шудаанд.
Ю. Солеҳ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: