Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар муҳити баҳори Рашт

Дар муҳити баҳори Рашт

10-05-2018, 08:59
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
  Дар муҳити баҳори Рашт
Барои давраи сеюми машғулиятҳои курси бозомўзии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ шаҳраки Ғарм интихоб шуд. Мо дар ҳайати баргузоркунандагони семинари мазкур қариб соати 5- и пас аз зуҳр ба маркази ноҳияи Рашт расидем. Бемуҳобот маркази ноҳия ба назари мо дар чанд соли ахир ба як шаҳри зебои дорои табиату иқлими кўхистонӣ табдил ёфтааст. Кўчаи марказӣ ободу зебо, фурўшгоҳҳо пур аз маҳсулоти истеъмолию молҳои зарўрии рўзгор ва бо нархи қариб ба бозору фурўшгоҳҳои Душанбе монанд.
Баробари аз мошин фаромадан мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ Абдураҳим Шоҳиён ва мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Маҳмудулло Наимов аз мизбони маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Раҳматҷон Маҳмадов тақозо карданд, ки пеш аз ҷо ба ҷо шудан, онҳоро ба маҳали баргузории нишаст, ки ба саҳари рўзи оянда ба нақша гирифта буданд, роҳнамоӣ кунад.
Пас аз чанд дақиқа мо вориди толори нав таъмир ва бозсозӣ шудаи воқеъ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокмияти маҳаллии ноҳия шудем. Толоре, ки рўзи дигар онҷо семинари омўзишии кадрҳои ҳизбӣ бояд баргузор мешуд. Дар чанд дақиқа бо ҳидояту дархости ин ду масъули ҳизбӣ толор барои баргузории нишасти фардо пурра омода гардид.
Ҳама омаданд
Сарфи назар аз дурии роҳ иштирокчиён аз ноҳияҳои минтақаи Рашт субҳи рўзи дигар дар вақти муайяншуда расида омаданд. Масалан, тавре маълум шуд, бинобар мушкили роҳ намояндагони ноҳияи Сангвор соати чори саҳар ба роҳ баромада, соати ҳашт ба Ғарм расиданд. Аз Тоҷикободу Лахш ва Нуробод ҳам иштирокчиён пагоҳӣ ба роҳ баромада вақти тайиншуда ба маркази Рашт худро расониданд.
Нишаст рўзи шанбеи гузашта бо суханронии муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён дар мавзўи “Нақши ҳизб дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ” оғоз ёфт.
Номбурда зикр кард: “Ифтихор дорем, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои мардумист ва аз ин рў, аҳолии кишвар ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ғояҳои созандаи ҳизбро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар атрофи Сарвари миллатдўсти худ сарҷамъ ҳастанд”.
Ин нукта ҳам таъкид гардид, ки ҷомеаи мо таи чанд соли охир дар раванди сиёсии кишвар фаъолонатар ширкат варзида, дар робита ба ин талабу хостаҳои электорати сиёсӣ низ бештару мушаххастар шуда истодааст. Мо бояд ҳамеша бо мардум кор кунем ва новобаста аз мураккабиву душвориаш дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳо мусоидат намоем. Бояд эҳсос карда тавонем, ки мардум бештар ба ҳалли кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ доранд, бояд чунин шароите фароҳам орем, ки садои ҳар яки онҳо шунида шавад. Ин бояд вазифаи ҷонии ҳар як корманди ҳукумат, гирифта аз мақомоти маҳаллӣ то сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҳар як вакили парлумон, ҳар як корманди ташкилотҳои ҳизбӣ бошад.
Р. Бобоҷониён ёдовар шуд, ки агарчи ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ аз арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддини башарӣ мебошанд ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои динии инсонро таъмин ва ҳифз менамояд, аммо ин ҳуқуқу озодиҳо ба дигар ҳуқуқ ва озодиҳои мо набояд зид бошанд, ба хусус ба ҳуқуқи халқ ва миллат дар масъалаи худмуайянкунии сиёсӣ ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба тартиботи ҷамъиятӣ, ба принсипҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ зарар нарасонанд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоию ҳуқуқӣ, ки мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро дорад, мутобиқ ба Конститутсияи кишвар ва арзишҳои эътирофшудаи башарӣ дар ҳолатҳои зарурӣ на танҳо ҳуқуқ дорад, балки масъул аст маҳдудиятҳои ҳуқуқу озодиро дар мизони қонун ба хотири манфиати умум, амният ва нигоҳдошти раванди демократӣ татбиқ намояд.
Бо ишора ба авзои баъзе аз кишварҳои Ховари Миёна таъкид гардид, ки вақте сухан дар бораи арзиши таъмини суботу оромӣ ва ҳифзи эътиқодҳо меравад, иҷрои фарзу суннатҳои динӣ дар сатҳи дуюм қарор мегирад. Ба он гуна, ки чанд соли ахир мардуми Сурия, Ироқ ва Лубнон бештар дар фикри ҳифзу наҷоти ҷони худу пайвандонашон ҳастанд. Дар ин ҳолатҳо манфиатҳои давлат болотар аз арзишҳои мазҳабӣ меистад.
Сипас мудирони шуъбаҳои КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, Абдураҳим Шоҳиён, Илҳомҷон Ҳамидов дар мавзўъҳои «Кадрҳо – меҳвари рушд ва устувории давлат», «Татбиқи қарорҳои Маҷлиси КИМ ва амалисозии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ҳизбӣ», «Таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ» маърўза карданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Лахш Насиба Ғафурова изҳор дошт, ки ин нишаст бо муҳтавои худ аз чорабиниҳои дигари ҳизбӣ фарқ дошт.
Ў гуфт: - Дар қатори намояндагони 4 ноҳияи дигари минтақа 25 нафар аз ноҳияи Лахш ҳам инҷо ҳозиранд. Дар минтақа 120 ташкилоти ҳизбӣ фаъолият мекунад, ки аз ин 50 ташкилот дар Лахш фаъол мебошад. Мо бинои нави дуошёна ва мошини хидматӣ дорем. Соҳаи кишоварзӣ, занон ва ҷавонон аз самтҳои кори ин ташкилотҳо ҳастанд. ғ
Масъули ҳизбии ин ноҳия аз созмондиҳандагони нишаст даъват кард, бинобар муҳим будани мавзўъҳои мавриди баҳс чунин як давраи омўзишӣ барои фаъолони бахшҳои гуногун ва бо иштироки аъзо ва вакилони шўроҳову маҷлиси ноҳияи Лаҳш баргузор шавад.
Раҳматҷон Маҳмадов – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт гуфт: - Ин нишаст барои шиносоии бештари фаълони ҳизбии минтақа аз кору бори якдигар аҳамият зиёд дорад. Аз сўйи дигар, маърўзаҳои мақомоти КИМ ҲХДТ барои масъулони ташкилотҳои ибтидоӣ дарси хуб аст. Тавсияҳое, ки дар нишаст шуд, моро барои корбурди шабакаҳои иҷтимоӣ ҳидоят ва барои фаъолтар шудани ташкилотҳои ибтидоӣ дар ин замина кумак мекунад.
Чанде аз иштирокдорони дигари нишаст ҳам андешаҳояшонро доир ба курси бозомўзӣ чунин баён карданд:
Махсумҷон Абдуллоев – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод:
- Мо, ҳизбиён дар шароити имрўз, ки аз як тараф ҷаҳонишавӣ ва аз тарафи дигар таҳдид ва хатарҳои ҳар гуна гурўҳҳои ифротӣ таъсиргузор мебошад, зиёдтар эҳсоси масъулият бояд кунем. Авзои ҷаҳон аз мо тақозо мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Кумитаи иҷроияи ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмони “”Созандагони Ватан” қариб 3 ҳазор гўшаҳои таблиғотӣ таъсис додааст. Мақсад он аст, ки дар кори таблиғотӣ , ки донишҳои мукаммали назариявӣ дошта бошем ва фаъолияти ташкилотҳоямонро мутобиқ ба заруратҳои зиндагӣ пеш барем. Тавре дар суханрониҳо таъкид гардид, донистану ошно будан бо ирода, майл ва хоҳиши мардум аз мақсадҳои фаъолияти мо бояд бошад.
Суҳроби Ваҳобниё, Тоҷикобод: - Семинар барои шинохту муайян кардани масоили асосии фаъолият муассир ва суҳбатҳо ҷиҳати дарки - Мо иқрор мешавем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандон фаъол нестем. Ин чандин сабаб дорад, ки яке таваҷҷуҳ накардан ба имконоти шабакаи интернетӣ бошад, сабаби дигар заъфи худи кори ин шабака аст. Чанде пеш ташкилоти ибтидоии “Себзор” конференсияи илмӣ ва амалӣ дар ҷиҳати ошноӣ бо дастовардҳо ва ба равандҳои муосир баргузор кард. Ҳоло мо шоҳиди он ҳастем, ки забон ва ҳувияти моро гурўҳе дар хориҷ ҷо ирифта ҳамарўз ба баҳс мекашанд. Мо ҳам дар ин маврид гапи мегуфтагӣ дорем, агар кори интернет хуб бошад, мо тавони ба онҳо ҷавоб гуфтанро дорем.
Гулрухсор Неъматова, вакили Маҷлиси Ноҳияи Нўробод: - Семинар барои масъулони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ эълон шудааст, аммо барои вакилон ҳам дарси хуб буд. Ҳангоми маърўзаҳо дар бораи масъулиятҳои вакилон ҳам зиёд суҳбат шуд ва таъкид гардид, ки вакили маҳаллӣ вазифадор аст, ки мушкил ва дархости сокинони маҳали зисташро, ки ўро намояндаи худ интихоб кардаанд, бишнавад ва ҷиҳати ҳалли онҳо дар маҷлиси ноҳиявӣ ба миён гузорад. Донистани ин нозукиҳо мо, намояндагони мардуми деҳотро боҷасорат ва бар асоси қонун ба миён гузоштани арзу хоҳиши мардум дар маҷлисҳои болоӣ ҷиҳати қабули қонунҳои ба ҷомеа лозим ҳидоят мекунад.
Раҳмоналӣ Умаров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор: -Ташкилкунандагони ҳар нишасту семинар, албатта, ҳадафу мавзўъҳои муҳимро дар мадди назар доранд. Ин бор мақсад омода кардани ҳизбиён барои интихоботҳои оянда ва дар ин робита омўзиш додани онҳо барои коҳиши мушкилоти давраи пешазинтихоботӣ аст. Бо иштирок дар ин семинар мо сатҳи огоҳии сиёсии худро боло бурдем. Дар суханрониву маърўзаҳо камбудиву норасииҳои кори фаъолони ҳизбӣ, вакилони шўро ва маҷлисҳои маҳаллӣ баён шуд. Албатта донистани ин норасоиҳо, ки аз сўйи мутахассисон ва шахсони огоҳ шарҳ дода шуд, барои мо зарур ва донистанашон хеле муҳим буд.
Солеҳ Юсуфов



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: