Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АЛИҶОН Ё ВАЛИҶОН? Саид АНВАР

АЛИҶОН Ё ВАЛИҶОН? Саид АНВАР

27-08-2021, 07:18
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
АЛИҶОН Ё ВАЛИҶОН? Саид АНВАР
Саид Анвар 6 сентябри соли 1962 дар ноҳияи Бағдод вилояти Фарғона таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишкадаи давлатии омўзгории Қўқандро хатм намудааст. Дар радиожурнали «Табассум», театри миниатюраҳо, маҷаллаи «Муштум» кор кардааст. Саид Анвар бо китобҳояш «Номи падарам чӣ буд?», «Муҳиддин Дарвеш», «Абдулло қизиқ чӣ мегўяд?» ба мухлисони ханда хуб шинос аст. Мазҳакаи «Одамони аз осмон фаромада» ва китоби «Се рўз хурўс шуданам» сазовори ҷоизаҳо шудаанд.
Саид Анвар ҳоло муҳаррири шўъбаи насри маҷаллаи «Шарқ Юлдузи» аст.

Ҳаҷвия

Номам Алиҷон, ронандаи сардори сохтмон ҳастам. Рўзе хўҷаин «Ба Тошканд меравем», гуфта монд. Вақти азон риш гирифта, шимро дарзмол кунонда, тоқии нав пўшида, шаҳрбоб шуда, аз хона бароям, назди мошинам нафари тақрибан панҷоҳсола истодааст. Ҷуссааш ба ҷуволи харбуза андохташуда, рўяш ба нони дамида пухта монанд аст.
-Ассалому алайкум, Валиҷон-ака,-гуфт бо ду даст ҳолпурсӣ намуда.-Хуб аст, ки шумо нарафта будаед,-ў ба мисли автомат гап зад.
-Ман сехонагиям (Сехона номи мавзеи истиқоматӣ аст). Шумо ба мо ба наздикӣ ба кор рафтаед, маро намешиносед. Аммо шояд дар бораи пиёзи коридаи ман шунида бошед: миёни хўҷаинҳо талош шуда рафтанаш ба мо таълуқ дошт. Худаш ҳам коса барин-коса барин пиёз шуда буд-да. Акнун ба ҷои ҳамин пиёз сабзӣ корам, гуфта омада будам.
-Шумо чӣ хел одам, ман…
-Ман одами хубиро фаромўш наменамудагӣ,-ў гапамро дошта гирифт. -Хубии кардаи шумо ҳам дар замин намемонад, не нагўед, ҷон Валиҷон-ака! Худо ҳосилашро диҳад, тирамоҳ хурсанд менамоям.
Хўҷаин дар хона интизор аст, гапи ин тамом намешавад, фаҳмондан намемонад.
-Шумо сабзӣ коридан мехоҳед? Ман Валиҷон мешудагӣ бошам, коридан гиред-э!-гуфтам бо ҷаҳл.
-Раҳмат, Валиҷон-ака, раҳмат,-гуфта акаи рўяш дамида маро гусел намуд.
Дар Тошканд се-чор рўз гаштем. Баргашта оям, дар даҳони дарам «акаам» истодааст.
-Хуб рафта омадед?-ў дастонаш пеши бар давом намуд.-Ду рўз боз меоям, «Ба Тошканд рафтагӣ», мегўянд…
Гуфтагиатон барин карда, ҷои пиёзро шудгор намуда, ба коридан тайёр карда монда будам. Э, як Валиҷон гуфтагӣ ҳамноматон будааст. «Намекорӣ!» гуфта пофишорӣ намуд … «Худашон гуфтагӣ!» гўям ҳам розӣ нашуд. Як даҳон супориш диҳед намешавад, Валиҷон-ака.
-Мекоридаам, хўҷаин гуфт гўед!-гуфтам хандаамро базўр дошта.
-Ба як гектар замин сабзӣ мекорад, гуфта хат навишта диҳед…
-Э, ба як гектар замин ҳам коғазмӣ! Рафта коридан гиред!-гуфта даст афшонда, хона даромадам.
Ин воқеа аз ёдам ҳам рафта будааст. Охири тирамоҳ ба бом ғўзапоя ғарам намуда истода будам, мошини боркаши сабзӣ боркарда омада истод. Аз кабина «акаам» фаромад.
-Ҳа, тинҷи аст?-пурсидам болои бом истода.
-Ҳиссаатонро оварда будам,-гуфт ў бо дасташ ба мошин ишора намуда.
-Шитоб нанамоед!-гуфта аз бом фаромада, ба тарафи кўча давидам. Афсус, дер карда будаам. Мошин сабзиро дар даҳони дарам рехта, рафтааст. Вақти бо фарзандон сабзиро ба хона кашондан ҳамсояам-агрономи Учуй Валиҷон омада монд.
-Ҳа, Алӣ, сабзӣ корида будӣ?-гуфта бепарво пурсид ў, ҷавобамро ҳам интизор нашуда, ба хонааш рафт.
Барои Валиҷон буданаш халтаро аз сабзӣ пур карда, ба хонааш бурдам.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: