Бие, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.
Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост,
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.
Табрикоти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 29- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2022-02-23
Ҳамватанони азиз!
Аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол сипари гардид.
Таъсиси Артиши миллӣ ва нерўҳои ҳарбии таъмини мудофиа дар таърихи навини давлатдории тоҷик руйдоди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Агар мо дар интиҳои асри бистум ба бузургтарин дастоварди миллӣ - Истиқлол шарафёб гардида бошем, пас Артиши миллӣ ва нерўҳои ҳарбии таъмини мудофиа кафили устувории давлату давлатдорӣ ва муҳофизи боэътимоди истиқлолият буданд ва хоҳанд монд.
Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ самти муҳим ва таркибии фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аст.
Хизмати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки аз собиқ давлати Шўравӣ чизе ба мерос нагирифтему аввалин қисмҳои ҳарбиро дар шароити вазнини иқтисодӣ дар зери хаймаҳо бо яроқҳои мўҳлати истифодаашон гузашта ташкил намуданд. Ин иқдомҳоро Роҳбари мамлакат дар шароите, ки аз қувваҳои зиддидавлатӣ ва ҳамчунин гурўҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар вусъат ба шумораи умумии нерўҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани нерўҳои ҳарбии таъмини мудофиаи Тоҷикистонро муайян намуд ва онро ба амал баровард.
Имруз бошад Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми мавҷудияти хеш дар замони соҳибистиқлолӣ, марҳалаҳои мураккабу печидаро тай намуда, аз ҳамаи онҳо бо сарбаландӣ баромад ва ба як нерўи бузургу муқтадир мубаддал гардидааст, ки амнияти миллиро дар кишвар таъмин менамояд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ давлати дунё ғараз надорад. Вале имрўз таҳдидҳои глобалӣ, бахусус терроризм барои амнияти сайёра ва кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Аз ин рў, вазъи зуд – зуд тағирёбандаи ҳарбӣ – сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу суббот дар кишвар доимо омода бошем, сохторҳои қудратии худро ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мутобиқ созем.
Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Марҳилаи рушди босуръати технологияҳои муосири ҳарбӣ тақозо менамояд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ пайваста барои ташакули фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, донишу малакаи худ масъулиятро дарк намуда, барои ташаккули шахсияти хеш бояд пайваста кўшиш намояд.”
Вобаста ба ин моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол ҳамеша ва дар ҳама ҳолат омода бошем. Зеро таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирўзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст.
Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои баъдӣ самараи он мебошанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумоёнро ба муносибати Рузи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ - ҷашни ҳомиёни Ватан табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу саодатмандии ҳаёт ва дар ҳифзи Ватан иродаи қавӣ ва рӯҳи матин таманно дорем.
Ид муборак бошад, муҳофизони шуҷоъи Ватан!
Кумитаи Иҷроияи Маркази
Ҳизби Халқии Демократии Т