
Санаи 03.02.2017 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оби тоза» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба қабул намудани аъзои нав ба сафи ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оби тоза» Раҳимов Суҳроб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҷлисро раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу оғоз бахшида инчунин қайд кард, ки бо қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаъи умумии СММ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028», ки ин ташаббус бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ба ҳаллу фасли масъалаҳои умумибашарӣ, аз қабили таъмини сайёра бо оби нушокӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, низоми экологӣ ва рушди устувори инсонӣ ҷалб намуд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки барои иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба масъалаҳои об ҳамеша саҳмгузор бошем.

Дар рафти маҷлис иштирокчиён низ баромад намуда, изҳор карданд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ ва амали гаштани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ кӯшишу ғайрати худро равона менамоем.
Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ барои шомил гардидан ба сафи ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.