Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

7-02-2022, 08:16
Хабарро хонданд: 156 нафар
Назарҳо: 0
ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

АНДЕША. Сулҳу ваҳдат, якпорчагию якмаромӣ ҳама як вожаест, ки аз осоиштагӣ будани халқияти моро ифодагар аст. Аввалаҳо бар он ақида будам, ки сулҳу ваҳдат ҳаммаъноянд. Дар даврони донишҷӯиям дар маҳфиле, бо номи “Пайравони Пешвои миллат” аъзо шуда, 3 моҳ хондам. Ҳафтае, ба мо раисон ё худ муовинони тамоми ташкилоту идораҳо дарс мегуфтанд. Мавзӯъро худи омӯзгорон интихоб мекарданд, аниқтараш ҳар яке дар самти худ ба мо дарс мегуфт. Рӯзе, Рудобаи Муккарам-раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ба мо дар мавзӯи “Ваҳдати бақои миллат” дарс гуфт. Бовар кунед, ҳамон рӯз фаҳмидам, ки Ваҳдату сулҳ гуногунмаъноянд. Сулҳ-осоиштагӣ, ваҳдат-якпорчагист. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

Биё эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,

Ба ҷон омодаи амру нидои ин Ватан бошем.

Гирифта дасти ҳам аз як гиребон сар бурун орем,

Ватан аз мост, мо низ аз барои ин Ватан бошем.

Аниса Ёрасенова, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси н. Дӯстӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: