Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таҳдиду боздошти хабарнигорони тоҷику ҳазора аз сӯи Толибон ба далели мансубияти қавмӣ

Таҳдиду боздошти хабарнигорони тоҷику ҳазора аз сӯи Толибон ба далели мансубияти қавмӣ

19-02-2022, 09:12
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Таҳдиду боздошти хабарнигорони тоҷику ҳазора аз сӯи Толибон ба далели мансубияти қавмӣ


Дар ҳоле ки нигарониҳо аз баста шудани теъдоди зиёди расонаҳо дар Афғонистон афзоиш ёфтааст, рӯзноманигорон низ аз афзоиши таҳдидҳо, боздошт ва шиканҷаи хабарнигорон аз сӯи Толибон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Радиои «Овози тоҷик» ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс гузориш медиҳад, ки фазои кори расонаҳо дар Афғонистон хатарнок шудааст ва рӯзноманигорон рӯзноманигориро фишоровар хондаанд.

Шуморе аз хабарнигорон ба хабаргузории хабарӣ гуфтаанд, ки онҳо вазифадор ҳастанд, ки ҳангоми навиштани гузориш принсипҳо ва қоидаҳои муқарраркардаи Толибонро дар назар дошта бошанд. Дар баъзе мавридҳо ин қонунҳо ҳатто боиси лағви гузоришҳои ҷиддӣ ва мустақил шудаанд.

Аммо теъдоде аз рӯзноманигорон ва кормандони расонаҳо гуфтаанд, ки аз кори журналистиашон дида аз мансубияти қавмияшон бештар аз сӯи Толибон таҳдид мешаванд. Файсал Мударрис, як рӯзноманигор ва ютубер ахиран аз сӯи Толибон боздошт шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳашт рӯзро дар зиндони Толибон сипарӣ кардву мавриди шиканҷа ва таҳдиди онҳо қарор гирифтааст.

Мударрис, ки аз вилояти Панҷшер аст, мегӯяд, ки на аз рӯзноманигор буданаш, балки аз тоҷик будан ва қавмияташ ҳамчун панҷшерӣ дар ҳарос аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: