Ба Би-би-си муяссар шудааст, наворҳои видеоиеро, ки куштори афроди мулкӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни “Толибон” дар Афғонистонро нишон медиҳанд, дастрас кардаву санҷад. Таҳқиқ таъйид кардааст, ки тақрибан 20-тои ин куштор дар водии Панҷшер сурат гирифтааст.
Пас аз ишғоли ҳама вилоятҳои дигар аз ҷониби “Толибон”, Панҷшер таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи маъруф Аҳмадшоҳи Масъуд, то ҳанӯз ба ҳайси охирин минтақаи муқовимат боқӣ мондааст.
Вақте “Толибон” Кобулро ишғол карданд, ваъда доданд, ки аз рақибони худ интиқом намегиранд, аммо ба гузориши Би-би-си, дар бораи таъқиби афроде, ки бо нерӯҳои хориҷӣ ё бо ҳукумати қаблӣ ҳамкорӣ доштанд, хабарҳои нав мерасанд.
Дар як видео, ки Би-би-си нашр кардааст, дида мешавад, ки марде бо либоси низомӣ дар иҳотаи дигар афроди мусаллаҳ аст. Садои тир ба гӯш мерасад ва ӯ ба замин меафтад. Дар идома садои яке аз роҳгузарон шунида мешавад, ки ин марди кушташуда сокини осоишта аст.
Қурбонии дигар соҳиби дӯкони воқеъ дар Панҷшер ва падари ду фарзанд Абдул Самӣ будааст. Манбаъҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ӯ намехост аз “Толибон” гурезад ва бовар дошт, ки ҳеҷ чиз набояд ба ӯ таҳдид кунад. Аммо ҷангҷӯни режими нав ӯро боздошт ва ба фурӯши симкортҳо ба неруҳои муқовимат айбдор карданд. Пас аз чанд рӯз ҷасади ӯро бурда, ба хонааш партофтанд. Шоҳидон гуфтаанд, дар бадани вай нишонаҳои шиканҷа буд.
Дар “Твиттер” низ наворҳое сабт шудаанд, ки ба гуфтаи муаллифон, “Толибон” шаҳрвандони панҷшерии муқими Кобулро ба самти номаълум мебаранд.
Аммо ин танҳо ҳолатҳое набудаанд, ки дастраси расонаҳои хабарӣ шудаанд. Рӯзи гузашта нашрияи “Times” бо истинод ба полковники собиқи артиши Бритониё хабар дод, ки як нишонгири (снайпер) артиши Афғонистон аз сӯи ҷангҷӯёни “Толибон” тирборон карда шуд. Ин нишонгир қаблан дар неруҳои махсуси Бритониё хидмат мекард. Ба навиштаи рӯзнома, вай муддате дар Кобул пинҳон шуд, аммо рӯзи душанбе ҷангиён ӯро пайдо карда куштанд:
“Дар назди оилаааш тирборон карданд”, - гуфтааст собиқ низомии бритонӣ Эш Александр-Купер ба “Times”.
Ба ин далел, ба гуфтаи ӯ, изҳороти “Толибон” дар бораи авфи ҳамаи онҳое, ки бо артиши хориҷӣ ҳамкорӣ кардаанд, “афсона аст”.
Аввали ин ҳафта Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид Мишел Бачелет дар ҷаласаи 48-уми Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева аз ҷиноятҳои сангини ҷангҷӯёни “Толибон” хабар дод. Вай гуфт, дар бораи интиқоми “Толибон” аз собиқ кормандони нерӯҳои амнияти миллии Афғонистон ва инчунин дар бораи “худсарона боздошт кардани” шаҳрвандоне, ки дар маъмурияти пешин кор мекарданд, гузоришҳои мӯътамад доранд. Дар баъзе мавридҳо афроди боздоштшуда озод карда шудаанд, дар баъзе ҳолатҳои дигар ҷасади онҳоро пайдо кардаанд.
Ба ғайр аз ин, Бачелет дар бораи мавҷудияти ҳолатҳои зиёде хабар дод, ки толибон дар хонаи собиқ хизматчиёни давлатӣ ва шахсоне, ки бо неруҳои амниятӣ ва ширкатҳои ИМА ҳамкорӣ кардаанд, кофтуков мегузаронанд.