Соли – 2015 барои хабарнигорони Афғонистон соли хунин буд1-04-2016, 17:20
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Ниҳоди Най, ки яке аз ниҳодҳои ҳимоят аз расонаҳои озод дар Афғонистон аст, дар як гузориши худ соли 2015-ро соли хунбор барои хабарнигорон унвон кард
. Ин ниҳод баён дошт, ки дар ин сол 116 –рӯйдоди хушунатомез дар баробари хабарнигорон сабт шудааст, ки бештари онҳо аз сӯйи толибон анҷом дода шудаанд. Сидиқуллоҳ Тавҳидӣ, раиси иҷрояи Най гуфт: «12- хабарнигор куштаву 23- тан захмӣ шуданд; се хабарнигор муваққатан боздошт шуданд; 15- тан лату кӯб гардида дар мавриди сӯйқасд қарор гирифтанд ва 63- хабарнигори дигар таҳдид ва таҳқир шудаанд». Ниҳоди Най ҳамла бар кормандони телевизиони TOLO-ро такондиҳандатарин рӯйдод дар баробари хабарнигорон ва расонаҳо медонад. Раиси иҷрояи Най ҳукуматро маъсули таъмини амнияти хабарнигорон ва расонаҳо меҳисобад. Оқои Тавҳидӣ гуфт: «ҳалқоти хосе дар ҳукумат кушиш кардаанд, ки дар расонаҳо ва хабарнигорон амоли нуфуз кунанд. Гарчӣ ин кор возеҳ дида намешавад, аммо бар бунёди иттилоотӣ, ки ба ниҳодҳои ҳимоят аз хабарнигорон расидаанд, ин кор ҳақиқат дорад». Аҳмад Қурайшӣ, раиси иҷрояи маркази хабарнигорони Афғонистон гуфт: «имсол хушунатҳо дар баробари хабарнигорон дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар зиёд шудааст». Фуруҳари Муҳаммадориф |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.