Вохӯрии вакил бо сокинони маҳаллаҳои “Фирдавсӣ” ва “Фирӯз”2-03-2016, 15:15
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Чанд рӯз пештар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Умринисо Казакова -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Изатуллои Ҳабибзод-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Иззатуллои Ҳабибзод вохӯриро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муҳтаво ва мақсаду мароми баргузории чорабинии мазкур ошно намуд. Сипас, Бобоева Гулнора-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада қайд намуд, ки зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Тағйиротҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд. Дар идома зикр гардид, ки омилу равандҳои зикр гардида тақозо менамоянд, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил ёбанд, пеш равад ва халқи Тоҷикистон ба мақсадҳои олии худ ноил гарданд. Дар вохурӣ қайд шуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Гулнора Бобоева-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун мушкилкушову раҳнамои миллати тоҷик арзёбӣ намуд. Ва нуқтаҳои асосии Паёмро барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, амнияти сартосарӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва инкишофи озодона барои ҳар як фард, волоияти қонун, таҳкими маҷрои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти роҳҳои стратегии мамлакат, боло бурдани обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ дарҷ намуда, таъкид намуд, ки ҷавононро дар роҳи худшиносии миллӣ, ҳисси ватандустӣ, хештаншиносӣ ва муқаддас шуморидани ҳар порча хоки Ватан тарбия намоем. Дар вохӯрии мазкур Умринисо Казакова оиди ватандӯстию, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти сартосарӣ, иҷро намудани маромномаи сокини пойтахт ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушахас гирифтанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.