Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БЕЭЪТИНОЙ ТО БА КАЙ?

БЕЭЪТИНОЙ ТО БА КАЙ?

12-01-2022, 11:30
Хабарро хонданд: 48 нафар
Назарҳо: 0
БЕЭЪТИНОЙ ТО БА КАЙ?

Ё чаро Фармони №622 Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дар Исфара риоя намешавад?
Баъди ба нашр расидани мақолаи «90 соли Насими Исфара» дар асоси Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» таҳти № 622 , ки 07. 02. 2009 ба имзо расидааст, дар муҳлати муайянгардида, мебоист роҳбарияти МИХД-и шаҳри Исфара вокуниш нишон медоданд. Бемасъулиятии масъулини шаҳри Исфара бори дигар собит сохт, ки онҳо на ба садои қалби аҳли зиёи кишвар кор доранду на ба фармони Президенти мамлакат. Ана ҳамин гуна холабеғамии роҳбарон боиси сарсониҳои мардум ва то ба идораҳои болоӣ муроҷиат намудани онҳо мегардад. Мутаассифона, аз ҷониби раиси Комиссияи номгузории МИХД-и шаҳри Исфара, муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён то ҳол ба нашрияи «Минбари халқ» посухе нарасидааст, аммо чанд тан аз зиёиёни исфарагиро ин қазия бетараф нагузоштааст.
Аз номи Бобо Тўйчизода, собиқадори маориф ва фарҳанг бо унвони «Арзандаи қадршиносиҳои баланд» ба нашрияи «Минбари халқ» дар ҳаҷми шаш саҳифа номаи таҳлилӣ расид. Муаллиф дар номаи хеш 90 солагии рўзномаи «Насими Исфара»-ро санаи муборак номида, номи олимону қаламкашони саршиноси дирўзу имрўзи ин диёрро, ки маҳз аз остонаи ин ҷарида гузаштаанд, бо некӣ ном бурдааст. Дар бораи таърихи навадсолаи он муфассал ҳарф зада, нисбати хизматҳои арзандаи аввалин бунёдгузори матбаа ва нахустмуҳаррири он Ибни Ямин Исомаддинов изҳори назар намудааст. Харчанд қисмати зиёди нигоштаҳои муаллиф шабеҳи мақолаи «90 соли Насими Исфара» мебошад, аммо Бобо Тўйчизода кори раиси Комиссияи номгузории МИХД-и шаҳри Исфара, Мадина Бобоиёнро «Пушт ба девор» номидааст. Зеро зиёда аз чор сол сипарӣ мегардаду талабу дархости аҳли зиёро комиссия амалӣ намесозад. Ин пири маорифпарвар аз суханони бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибоси хубе овардааст. «Халқи тоҷик дар тўли ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандўсту меҳанпарвар, донишманду эҷодкор ва бо нангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад». Дар хотима муаллиф аз Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода хоҳиш намудааст, ки нисбати ҳалли қазия мусоидат намояд.
Номаи дигаре, ки ба идораи ҳафтанома расидааст аз номи Муҳаммадхоҷа Яҳёев, дотсенти ФДТТИ, узви Иттифоқи бастакорон ва рўзноманигорони ЧТ мебошад. Муаллиф маҳз ба майдони эҷод қадам гузоштани худро сароғоз аз остонаи рўзномаи «Насими Исфара» медонад. Тақдири минбаъдаи идораи рўзнома ин қаламкашро бетараф нагузошта, аз масъулини бепарво талаб менамояд, ки нисбати рўзнома беэътиноӣ хатост. Аз ҷумла Муҳаммадхоҷа Яҳёев аз холабеғамии роҳбарони шаҳри Исфара нисбати барҳам додани бинои рўзнома изҳори назар намуда, иброз медорад, ки баробари кўч бастани кормандони рўзнома , ки дар ошёнаи якуми он Мактаби санъати №1ҷойгир буд, рў ба сарсонӣ овардаанд. Масъулини шаҳри Исфара ин ягона мактабе, ки парвозгоҳи санъаткорони ояндаанд ба ду бино кўчондаанд, ки он тамоман барои таълиму тарбияи санъаткорони оянда рост намеояд. Аз набудани шароит то ҳол созҳои нодири мусиқӣ дар берун зери боду борон мондаанд. Охир барои дарёфти чунин асбобҳои мусиқӣ маблағҳои зиёде сарф шудааст. Куҷоянд он масъулон? менависад М. Яҳёев. Паҳлўи дигари навиштаҳои муаллиф ин хидматҳои арзишманди Ибни Ямин Исомаддиновро дарбар гирифта, номгузории ўро ба мактаб ва кўчаеро аз масъулин хоҳиш намудааст, ки нодида гирифтани хизматҳои яке аз аввалин бунёдгузори маориф ва фарҳанг дар Исфара кулан ғалат аст.
Номаи дигаре, ки ба унвонии ҳафтанома бо номи «Амалест хайр» аз номи Б.Саидшоев, рўзноманигори собиқадор, Аълочии матбуот ва фарҳанги ЧТ аз шаҳри Исфара расидааст, муаллиф асосан дар бораи ҳаёт ва фаъолияти назарраси Ибни Ямин Исомаддинов мушахас қисса мекунад. Муаллиф аз ҷумла чунин менависад, ….ному пайкори ин марди эҷодкор , ки рисолати инсонии худро дар ҳаёт бошарафона адо кардааст, кўшишҳои зиёде ба харҷ дода шуд. Китобҳо эҷод гардиданд, маҷлису конфронсҳо доир шуданд, таклифҳо оиди гузоштани номи кўча ба номи он кас, имкон бошад насби нимпайкара аз тарафи умум дастгирии самимӣ ёфт. Вале солҳо паси ҳам сипарӣ мегарданду пешниҳодҳо ҷомаи амал намепўшанд. Аз ҷумла Б. Саидшоев дар охири навиштаҳояш эрод гирифтааст, ки беҳтар мебуд, номи маводи нашргардида, на «90 соли Насими Исфара» балки «Ибни Ямин Исомаддинов шахсияти бузург» ё «Асосгузори «Насими Исфара» унвон мегирифт. Муаллиф дар оғози номааш чунин навиштааст, …ман гузориши муаллиф Акмалхўҷа Акрамовро бо диққати том мутолиа кардам. Агар Б. Саидшоев маводи нашргардидаро бо диққати том мутоила менамуд, худ дармеёфт, ки дар қисмати аввали мақола сухан дар бораи 90 солагии «Насими Исфара» , ҳолати имрўзаи кормандони он, омодагиҳо, чопи китоб, таъсиси «Хонаи матбуоти Исфара» рафта , дар қисмати дуюми он масъалаи арҷгузорӣ ба нахустмуҳаррири он Ибни Ямин Исомаддинов баррасӣ гардидааст. Умедворем, ки дар Соли нав фаъолияти Комиссияи номгузории МИХД-и шаҳри Исфара ҷоннок гардида, таклифу пешниҳодҳои дар боло зикргардида бо мусоидати Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳалли худро меёбад.
Акмалхӯҷа Акрамов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: