Роҳ ба сӯи мактаб24-08-2017, 11:00
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
ИСФАРА. 22 августи соли равон дар доираи аксияи хайриявии ҲХДТ “Роҳ ба сӯи мактаб”дар кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба 30 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара либосҳои мактаби ва ашёи хониш тӯҳфа карда шуданд. Узви раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Исфара, Расулзода Дилшод Ҷабборӣ зимни суханронии хеш қайд намуданд, ки аз ҷониби фаъолони ҳизб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва соҳибкорону саховатпешагонт аксияи ҲХДТ “Роҳ ба сӯи мактаб” ҳамаҷониба дастгири ёфта ба садҳо ниёзмандон сару либос ва ашёи хониш дастрас карда шуданд. Танҳо ташкилоти ибтидоии коргоҳи “Салимабону” дар рафти аксияи мазкур беш аз ба 100 нафар ниёзмандон сару либоси мактабӣ тӯҳфа намуд. Кӯмакҳои сари вақтӣ барои беҳтар шудани шароити зиндагиву таҳсили кудакон албатта бетаъсир нахоҳад монд. Анъанаҳои хайрхоҳона аз ҷониби саховатпешагони шаҳру деҳоти Исфара рӯз то рӯз ташаккул ёфта, барои ободии маҳалли зист, бунёди роҳҳо, кӯпрукҳо, овардани оби нӯшокӣ, сохтани мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Б.Асадуллоев қайд намуд, ки аксияи мазкур дар гӯшаву канори Исфара, бахусус дар арафаи Иди саиди Қурбон ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар ба роҳ монда хоҳад шуд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.