Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҳкимбахши ҳадафҳои стратегии ҲХДТ

Таҳкимбахши ҳадафҳои стратегии ҲХДТ

19-01-2022, 10:09
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
            Таҳкимбахши ҳадафҳои стратегии ҲХДТ


...Ба ҳамаи ташкилотҳои вилоятию шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб дастур дода мешавад, ки ҳайати гурўҳҳои таблиғотӣ ва мобилиро такмил дода, фаъолияти онҳоро доимоамалкунанда гардонанд. 
 Эмомалӣ Раҳмон


Мафҳуми “мобиль” (mobilis) аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш мутаҳаррик, тезҳаракат ва зудамал мебошад. Ҳанўз аз давраҳои куҳан чунин гурўҳҳо амал мекарданд, аммо сохт ва шакли фаъолияти онҳо гуногун буд ва унвонии гурўҳҳои мобилиро надоштанд.
Дар Юнон ва Рими қадим гурўҳҳои таблиғотие буданд, ки барои ба дини католикӣ шомил намудани миллату халқиятҳои гуногун тарғибот мебурданд. Ба гуфти антропологи россиягӣ А.П. Назаретян роҳибони серковҳои католикӣ ба хотири паҳн намудани дини христянӣ гурўҳҳои махсуси тарғибгаронро ба Фаронса, Испания, Шотландия ва дигар мамлакатҳои забони романӣ дошта мефиристоданд.
Вобаста ба тараққиёти замон, инкишофи тафаккур ва ҷаҳонбинии инсон усули корбарии гурўҳҳои мазкур низ тағир ёфтанд. Имрўз гурўҳҳои мобилӣ на танҳо дар ҷодаи сиёсат, балки дар дигар сохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ низомиву қудратӣ, рўзноманигорӣ, бонкҳо, соҳаи маориф, сомонаҳои интернетӣ, телефонӣ ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешаванд.
Ҳамаи ин, аз он шаҳодат медиҳад, ки имрўз мавқеъ ва ҷойгоҳи гурўҳҳои мобилӣ дар ҷомеаи муосир новобаста ба сохтори ҷамъиятӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, бахусус, дар давраи тарғиботу ташвиқоти маъракаҳои сиёсӣ, интихоботҳо, зарур ва назаррас аст. Ин моҳиятро мо дар ҳолате мебинем, ки дар ҷомеа вобаста ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва дигар ҳолатҳои ногувор, зарурати тарғибу ташвиқоти ҳадафрас пайдо мешавад. Пас гурўҳҳои мобилиро ҳамчун тарғибгарони зудамал метавон маънидод намуд ва неруе мебошанд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ метавонанд барои ҳизб хизмати назаррасеро анҷом бидиҳанд. Аммо, мутаассифона, дар ҷомеаи муосир чуноне, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ нигоштаанд: “Дар баъзе ташкилотҳои ҳизбӣ тарзу услуби муосири кориро намеомўзанд, гурўҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба ном вуҷуд доранд.
Гузашта аз ин, дар ҳайати онҳо таблиғотчиёни бомаҳорат, сухандон ва донишманд кам ба мушоҳида мерасанд”.
Бале, яке аз ҷузъиёти асосие, ки инъикоскунандаи маҳорату малакаи таблиғотчӣ дониста мешавад, ин донишманду суханвар будани ў мебошад.
Нависанда, психологи Амрикоӣ Дейл Брекендриҷ Корнегӣ дар китоби худ «Шаш қоидаи ба худ ҷалб кардани мардум»- чунин нигоштааст: “Барои он ки мардум ба шумо бовар кунад ва нисбати гуфтаатон эҳтиром пайдо намояд, пеш аз ҳама, бояд нисбат ба дигарон дар ниҳоди худ шавқ дошта бошед ва аз шодии онҳо хурсандӣ кунед. Барои инсон аз ҳама сухани хуш бо эҳтиром ба забон овардани номи ў мебошад. Сухани дигаронро бояд гўш карда тавонем ва зимни суҳбат ба мавзуҳои мусоҳиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунем ва ба ў бовар намоем”.
Албатта гуфтаҳои Корнегӣ марбут ба волоияти сухану забон аст ва таъсиру манзалати он дар ҳама давру замон мақоми хосро дорост. Гузаштагону имрўзиён забонро сутуни ҳуввияти миллат медонанд. Аммо дар ҳама ҳолатҳо тарғибот марбут ба забону сухан аст ва сухани тавоно метавонад ба тафаккури дилхоҳ шахс таъсир расонад.
Ба ҷуз суханвари хуб будан тарғибгар бояд дониши қазоии ҳизбӣ, сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ дошта бошад ва дар мавридҳои зарурӣ тавонад аз дониши худ истифода барад.
Пеш аз ҳама, тарғиботчии ҳизб барномаи ҲХДТ, ки тамоми самтҳои фаъолияти имрўзаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар бар мегирад, бояд ба тариқи “бояду шояд” донад ва дар ҳама ҳолатҳо тавонад дар фаъолияти хеш онро асоси кори худ қарор диҳад. Аммо афсўс, ки таҷзияи ин мазмун як андоза паҳлуҳои нофаҳморо барои мо муайян месозад.
Соли гузашта дар чанд ноҳия семинарҳои омўзишӣ гузаронидем ва
дар ҳар семинар аз 100 то 150 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар аъзоён ширкат мекарданд. Ҳангоме ки барномаи семинар баррасӣ мешуд ва зимни муҳокима ва назарандозӣ танҳо ду се нафар бо андешаи доштаи худ фикронӣ мекарданд, боқимондаҳо ба даҳон муҳри хомушӣ зада, оромиро авло медонистанд.
Дар чунин ҳолат, аз ҳисоби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ва дигар фаъолони он таъсис додани гурўҳҳои мобилӣ душвор аст.
Ба ақидаи мо аз нуқтаи назари психологӣ ҳаракати қисме аз узвиятҳои ҳизб ба хусусияти флегматикӣ (сустҳаракатӣ) шабоҳат дорад. Чунин ашхос оромтабиат, бетафовут ва ба зиндагӣ нигоҳи нобоварона доранд. Гумон мекунам, ки агар оянда зимни қабул ба аъзогии ҲХДТ хислати ботинии чунин инсонҳо мавриди омўзиш қарор меёфт “нуран ало нур” мешуд.
Дигар сабаби суханвар набудани инсон дар он зоҳир мегардад, ки махзани луғавии кам дорад. Надоштани махзани луғавӣ, дилхоҳ инсонро сусткаҳаракту камгап мегардонад. Ҳанўз дар замони худ (асри 4-то давраи мелод) Аристотель дар китоби хеш “Риторика” санъати волои сухангўйиро марбут ба махзани бойи савод ва донишро сухандонӣ донистааст.
Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва тафаккури инсони асри муосир хеле пешрафта аст ва ин тақозои тарғиботу ташвиқоти усулҳои навро талаб дорад.
Барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи сиёсии гурўҳҳои мобилӣ дар Кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ усулҳои омўзиши замонавӣ лозим аст. Пеш аз ҳама, истифода аз технологияи муосири электронӣ, сомонаҳои интернетӣ, иҷтимоӣ, омўзиши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ. Мутассифона, қисме аз ҳамсафони мо ин тарафи масъаларо ба тариқи бояду шояд дарк карда наметавонанд.
Соли 1917 дар давраи эъломияи ҷанги Амрико бо Германия ҳукумати ҳамонвақтаи Амрико, ки ба он Вилсон раҳбарӣ мекард, кумитаи тарғиботӣ-ташвиқотӣ таъсис дод. Сарвари кумитаи мазкур журналисти амрикоӣ Ҷорҷ Кирил таъин гардид. Дар атрофи он шоирон, нависандагон, рассомон, ҳунармандон, олимон ва дигар намояндагони бонуфузи ҷомеа муттаҳид шуданд. Инчунин, Ҷорҷ Кирил шуъбаи махсуси кинонамоишдиҳиро ташкил кард, ки дар 17 ҳазор кинотеатрҳои амрикоӣ филмҳоеро намоиш медоданд, мазмуни ватандўстиву ватанпарварӣ доштанд.
Қариб 75 ҳазор сухангўён, ҳамчун гурўҳи махсуси мобилӣ ба тарғибот ҷалб карда шуданд. Гурўҳҳои мобилии тарғиботӣ дар ибодатхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, фабрикаву заводҳо, театрҳо, назди деҳқонон ва дигар кормандони хоҷагии қишлоқ, дар кўчаю бозорҳо ва ҷойҳое, ки гурўҳи одамон ҷамъ мешуданд баромад карда, мардумро ба мутаҳидӣ, ягонагӣ ва ба моҳияти ҷанги Амрико бо Олмон шинос мекарданд.
Аз сабаби оне, ки намояндагони ин гурўҳ дар ҳаҷми на бештар аз чор дақиқа баромад мекарданд, онҳоро гурўҳи «чор дақиқа»-гӣ меномиданд.
Дарвоқеъ, гурўҳҳои мобилии номбурда тавонистанд, дар муддати ниҳоят кўтоҳ дар ниҳоди мардум эҳсоси худшиносӣ, ягонагӣ, дўст доштани ватанро бедор кунанд.
Гурўҳҳои мобилии таблиғотӣ дар ҳизби мо соли 2013 дар давраи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буданд. Нахустин маротиба ин гурўҳҳо бо пешниҳоди Ситоди Марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуданд ва аз ҳамон давра то имрўз дар тамоми давраҳои интихоботӣ истифода бурда мешаванд.
Гурўҳҳои мобилӣ ду се нафарро ташкил медиҳанд ва вазифаи онҳо албатта таблиғ ва ташвиқи ғояҳои бунёдии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Гурўҳҳои мобилӣ асосан аз ҳисоби олимон, фарҳангиён, сиёсатмадорон, ҷавонон, занон, собиқадорон ва дигар ашхоси барўманд таъсис дода мешаванд.
Дар назди гурўҳҳои мобилӣ бештар кадом вазифаҳо гузошта мешаванд ва равияи кории онҳо аз чӣ иборат аст?
Пеш аз ҳама, тарғиб ва ташвиқи кўча ба кўча, хона ба хона, тақсими варақаҳо, тақвимҳо ва дигар атрибутҳое, ки бо мақсади тарғибот истифода бурда мешаванд. Чунин тарзи корбарӣ дар давраҳои чорабиниҳои интихоботии гузашта натиҷаҳои назаррасеро ба бор овард.
Дуруст аст, ки дар даврони муосир вобаста ба тараққиёти технологияи муосир воситаҳои тарғиботии техникӣ - ба монанди радио, телевизион, сомонаҳои интернетӣ ва дигар расонаҳои тарғиботӣ амал мекунанд ва зимни тарғибот таъсири хуб ҳам доранд. Аммо гурўҳҳои тарғиботии мобилӣ аз онҳо як дараҷа волоият дошта, мақом ва манзалати махсусро доро мебошанд. Ин бартарӣ дар чӣ дида мешавад?
Пеш аз ҳама, расонаҳои хабарӣ мазмуни тарғиботиро дар як вақт, дар як соати муайян бе шарҳу иловаҳои пайдошуда, мувофиқ ба сабт ва барномаи таҳияшуда ба мардум мерасонанд, аммо гурўҳҳои мобилии тарғиботӣ дар ҳузури интихобкунандагон мушаххасан ва бо ҷавоби суолҳои пайдошудаву фаҳмондадиҳии дар назди интихобкунандагон баромад мекунанд.
Аз ин рў, мо лозим медонем, ки ба хотири пешрафт ва таҳкими маънавии ҷомеаи муосир, баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии аъзои ҷомеа, ошно гардидан ба гузаштаву имрўзаи хеш аз василаҳои тарғиботие истифода барем, ки эътимоднок ва таъсирбахш бошанд, то тавонем дар қалби ҳамагон эҳсосоти ҳувият, худшиносӣ ва худогоҳии миллиро боз ҳам афзунтар намоем ва дар пешрафти Тоҷикистон ҳисса гузорем.
Бояд иброз дорам, ки тўли солҳои Истиқлолият мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар ва бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба даст орад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот тавонист пайванди ҷомеаро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ташкил медиҳад, таъмин намояд.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарори Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад, мо тарғибгарони ҳизб тасмим гирифтаем, ки таҷрибаи солҳои қаблиро ба инобат гирифта, дар асоси дастуру супоришҳои мавҷуда тарғиботи нишонрас бурда фаъолият намоем.
Пас моро зарур аст, ки аз василаҳои тарғиботие истифода барем, ки боваринок ва таъсирбахш бошанд. То тавонем дар қалби ҳамагон эҳсосоти ҳуввият, худшиносӣ ва худогоҳии миллиро боз ҳам афзунтар намоем ва дар пешрафти Тоҷикистони азиз ҳисса гузорем.

Тағоймурод ОРИФӢ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: