Дар доираи дилхоҳ давлатдорӣ новобаста ба сохтори ҷамъиятӣ тарғиботу таблиғот мақом ва манзалати махсус дорад. Дар гузашта,чунин тарзи корбариро пропаганда мегуфтанд, ки он дар ибтидои асри ХVIII дар Ватикан пайдо шудааст. Тарғибот бурдан, яъне паҳн кардани идеяҳои сиёсӣ, философӣ, илмӣ, бадеӣ, динӣ ва дигар андешаҳо ба воситаи суханварӣ, телевизион ва радио, шиору плакатҳо, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои таъсиррасонӣ ба тафаккури омма мебошад.
-Дар фаъолияти ҳизбӣ тарғибот яке аз самтҳои асосии корӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, бояд ақида, ҷаҳонбинӣ, дониш, муносибат ва бархурди шахс ба муҳит, ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, дин ва ҳизбҳо ба назар гирифта шаванд. Яъне барои кор бурдан дар байни омма, тарғибгар бояд дорои қобилияти баланди суханварӣ ва ба худ ҷалб кардани мардумро дошта бошад ва дар дилхоҳ мавридҳо мавқеи сиёсии худро ҳимоя карда тавонад. Муҳимтарин васила барои расидан ба ин мақсад истифодаи усулҳои пешқадами таблиғотӣ мебошад. Пешбурди корҳои ҳизбӣ маҳз аз тарғиботвобастагиикалондорад, инчунин, мушоҳида ва таҳлил яке аз рукнҳои асосии тарғиботдонистамешаванд. Инмаънӣ дар суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз 4 декабри соли 2015 дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи баъди Анҷумани ХII ҳизб ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ дар марҳалаи ҳозира мавриди назар қарор гирифта буд.
Бо иттилооти таъҷилии сиёсиву ҳизбӣ фаро гирифтани аъзо ва алоқамандони ҳизб яке аз мавзӯҳои муҳими таблиғоти ба шумор меравад. Зеро ҳаёт исбот намудааст, ки ҳизбу созмонҳо сарфи назар аз ақида ва роҳҳои гуногуни созандагӣ метавонанд дар ҳалли масоили умумимиллӣ мутаҳҳид шуда, барои миллату Ватани хеш хизмат намоянд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорост, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст. Воқеан, барнома ва стратегияи давлат, меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.
Роҳандозии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама, ба ҷалби аъзоёни ҳизб ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин замина, мувофиқи мақсад ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ оид ба фаҳмонидани мақсаду мароми созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сиёсати Президенти мамлакат, дастовардҳои истиқлолият, таҳкими Ваҳдати миллӣ, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҷалб намудани ҷавонон ва занон ба корҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ, баррасӣ ва мусоидат намудан ба мушкилот ва муроҷиати шаҳрвандон ба воситаи қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ, такмили коргузорӣ, баланд бардоштани мақоми ташкилотҳои ибтидоӣ ва зиёд намудани ташаббусҳои сиёсӣ мувофиқи мақсад аст. Ин маънӣ аз тарафи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ махсус қайд гардида буд.
Самаранок ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва ба низом даровардани корҳои дохили ҳизбӣ дар раванди корҳои ҳизбӣ омили муҳим ба ҳисоб рафта, дар нуфуз ва манзалати ҳизб муҳимияти махсус дорад.
Тарғиботу ташвиқоти ҳадафрас таҷассумгари идеяҳои сиёсӣ, фалсафӣ илмӣ ва бадеӣ дар дилхоҳҷомеа мебошад.
Имрӯз ба мо лозим аст, ки тарғиботи даҳонӣ, хатии ҳизбро дар мавзӯҳои тарбияи аъзоёни ҳизб ва кадрҳои ҳизбӣ боз ҳам пурзуртар намоем. Барои ба ҳадаф расидан мебояд, қабл аз ҳама, роҳу воситаҳои тарғиботиву ташвиқотиеро пайдо кунем, ки нишонрас ва ҳамқадами замон бошанд.
Албатта дар раванди ҷаҳони муосир роҳу василаҳои гуногуни тарғиботие ҳастанд, ки мазмуни нав доранд ва дар пешгаҳи даргаҳи инсон ҳамчун авсоти муҳими маънавӣ дониста мешаванд. Пеш аз ҳама, бузургтарин дастгоҳҳои тарғиботӣ-воситаҳоии ахбори омма (ВАО), радио, телевизион, сомонаҳои интернетӣ идомабахши маъниҳои болоианд. Мо метавонем корҳои тарғиботиро ба чунин гуруҳҳо тақсим намоем:
-вохӯрӣ бо интихобкунандагон, гирдиҳамоӣ, намоишҳо;
-тарғибот бурдан дар ВАО (телевизион, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо);
- тарғибот ба воситаи расонаҳои интернернетӣ;
-тарғиботи дохилӣ, (банерҳо, шитҳои кӯчагӣ, мониторҳои дар кӯча васлгардида);
-ташкил намудани консертҳо, ҷамъомадҳо, аксияҳои хайриявӣ-ҳизбӣ;
-тарғибот бо аёният, (варақа, шиорҳо);
-тарғиботи телефонӣ, гузаронидани пурсиши телефонӣ (барои умум паҳн кардани овози номзад);
-баромад кардан дар маҷлисҳои умумии корхонаву муассисаҳои калони саноатӣ, таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ.
Дуруст аст, ки қисме аз корҳои тарғиботии дар боло зикргардидаро дар давраҳои гузаштаи интихоботӣ истифода бурда шудаанд, аммо замона тақозои онро дорад, ки ин корҳо дар давраи муосир бояд васеътару сермазмунтар истифода бурда шаванд. Дар сурати замонавӣ истифода бурдани чунин корҳо он подоши хуб дода метавонад ва таъсироти он ба электролатҳо зиёд мешавад.
Тарғиби пайвастаи саҳми ҲХДТ дар рушди соҳаҳоииҷтимоию иқтисодиикишвар, ҳифзи арзишҳоимиллӣ ва фарҳангӣ, ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва неруи тавонманду созандаву муттаҳидсозиҷомеаи миллии Тоҷикистон, ки мароми он созандагию бунёдкорист, яке аз омилҳои асоси дар ҷодаи тарғиботӣ ва ташвиқотии ҳизб ба шумор меравад.
Инъикоси ҲХДТ ҳамчун ҳизбибароиТоҷикистон ҷадид, миллӣ, минбари андешаву ормонҳоихалқ, рамзи озодию демократия,муҳимтарин назаррасонӣ барои мардум аз ҷониби таблиғотчии ҳизб дониста мешавад.
Баланд бардоштани нуфуз ва тавсеаю тақвияти фаъолияти ҳизбӣ бо фарогирии ҳарчӣ бештари шаҳрвандон, таъсиси электорати устувор ва холӣ намондани фазои сиёсӣ дар таблиғ ва ташвиқи ҳизб дониста мешавад.
Истифодаи афкори мавҷудаи мусбии мардумро оид ба ҲХДТ дар рафти амалияи таблиғотӣ ва истифодаи потенсиалӣ мавҷудаи аъзоёни ҳизбро ҳамчун захираи стратегӣ, таблиғотчиёниҳизб ҳамеша мавриди назар бояд қарор диҳанд. Ана ҳамин аст вазифа ва мақсади фаъолияти кории гурӯҳҳои тарғиботӣ ва пешбурди кори ҳизбӣ дар фаъолияти ҲХДТ.
Дар ҳамбастагӣ бо навиштаҳои болоӣ ҳаминро бояд иброз дорем, ки тӯли солҳои истиқлолият мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист сулҳусубот, Ваҳдати миллӣ, заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар ва бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба даст орад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот тавонист пайванди ҷомеаро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ташкил медихад, таъмин намояд.
Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо бо шарофату иқдомҳои шоистаи Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ислоҳоти фарогир ва дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад, ки он барои ҳаёти шоистаи сокинон шароити мусоид фароҳам меорад.
Новобаста ба ин таҳрик ва амалҳои назаррас, дар ҷомеаи муосир мо ба гурӯҳҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки арз ва мудовои тахсиромез доранд ва бо ихтилофи таққалубомезу фитнаангезии хеш ҷомеаро ноором месозанд. Баъзан дар воситаҳои ахбори омма мақола ё маводе низ ба нашр мерасанд, ки аз воқеияти аслӣ дуранд.
Агар андешаҳои баёншударо таҳқиқ ва таҷзия намоем, билкул эҳсос мекунем, ки мудовои онҳо сареҳ набуда, асос надорад.
Ин мазмунро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов зимни яке аз суханрониҳояш чунин баён намудааст: «Ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки ба интиқоду матолиби муғризонаи мухолифони сиёсӣ, ки дар расонаҳои мустақилу расонаҳои хабарии хориҷӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр мерасанд, вокуниши саривақтӣ нишон дода, мардумро аз асли воқеаву рӯйдодҳо бохабар созанд ва ҷиҳати иҷрои ин ҳадаф соатҳои ахбори сиёсӣ гузаронанд.
Моро лозим аст, ки корҳои сиёсиву ҳизбиамонро дар ҳамин замина роҳандозӣ намоем ва мардумро ба моҳияти аслии онҳо ошно кунем, ба онҳо фаҳмонем, ки барои кишвари мо дар шароити ҳозира танҳо оромӣ ва сулҳу субот лозим аст“.
Дар ҳамбастагӣ бо маъниҳои болои имрӯз ба мо лозим аст, ки дар сафи ҳизбамон таблиғотчиёни бомаҳорату сухандон ва донишмандро муттаҳид сохта, фаъолияти онҳоро қавӣ гардонем.
Дар фаъолияти тарғиботӣ ва коргузории ҳизбӣ усулҳои замонавии тарғиботӣ ва корбариро ба роҳ монем. Барои амалӣ шудани мақсаду маромамон мо бояд тарғибу ташвиқоти ҳадафманде барем, ки он ба тафаккури ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ мутобиқ буда, пайвандгарии замонавӣ дошта бошад.
Тағоймурод Орифӣ