Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Тағоймуроди Орифӣ: Фаъолияти пурсамари гуруҳҳои таблиғотӣ ва мобилӣ таҳкимбахши ҳадафҳои стратегии ҲХДТ.

Тағоймуроди Орифӣ: Фаъолияти пурсамари гуруҳҳои таблиғотӣ ва мобилӣ таҳкимбахши ҳадафҳои стратегии ҲХДТ.

26-01-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 428 нафар
Назарҳо: 0
Тағоймуроди Орифӣ: Фаъолияти пурсамари гуруҳҳои таблиғотӣ ва мобилӣ таҳкимбахши ҳадафҳои стратегии ҲХДТ....Ба ҳамаи ташкилотҳои вилоятию шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб дастур дода мешавад, ки ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ ва мобилиро такмил дода, фаъолияти онҳоро доимоамалкунанда гардонанд.
Эмомалӣ Раҳмон


Мафҳуми “мобиль” (mobilis) аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш мутаҳаррик, тезҳаракат ва зудамал мебошад. Ҳанӯз аз давраҳои кӯҳан чунин гуруҳҳо амал мекарданд, аммо сохт ва шакли фаъолияти онҳо гуногун буд ва унвонии гуруҳҳои мобилиро надоштанд.

Дар Юнон ва Рими қадим гуруҳҳое амал мекарданд, ки барои ба динни католикӣ шомил намудани миллату халқиятҳои гуногун тарғибот мебурданд. Ба гуфти антропологи Россиягӣ А.П. Назаретян роҳибони серковҳои католикӣ ба хотири паҳн намудани дини хрестянӣ гуруҳҳои махсуси тарғибгаронро ба Фаронса, Испания, Шотландия ва дигар мамлакатҳои забони романӣ дошта мефиристоданд.

Вобаста ба тараққиёти замон, инкишофи тафаккур ва ҷаҳонбинии инсон усули корбарии гуруҳҳои мазкур низ тағир ёфтанд.

Имрӯз гуруҳҳои мобилӣ на танҳо дар ҷодаи сиёсат, балки дар дигар сохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ низомиву қудратӣ, рӯзноманигорӣ, бонкҳо, соҳаи маориф, сайтҳои интернетӣ, телефонӣ ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Солҳои фаъолиятам дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон борҳо шоҳиди он будам, ки собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумҳури Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов дар арафаи ҷашнвораву идҳои давлатӣ аз ҳисоби журналистон ва коргардонҳои телевизион ва радио гуруҳҳои мобилии кориро таъсис медод. Гуруҳҳои мазкур ба тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафарбар мешуданд ва барои инъикос намудани ҷашнвора ба телевизион ва радио мавод меоварданд. Онҳо танзим шуда ба марази тамошо пешниҳод мешуданд. Чунин тарзи корӣ ва пешниҳоди намоиши радиоӣ ва телевизионӣ аз ҷониби шунавандагон ва тамошобинон пазироии хуб меёфтанд ва натоиҷи хуб ҳам медоданд. Барномаи аз минтақа таҳия шуда агар аз як тараф сеткаи барномасозиро пур намояд аз тарафи дигар ба мардуми музофот, бахусус минтақае, ки намоиш аз он ҷо сабт гардидааст таъсири хуб мерасонд. Ҳамаи ин аз раҳбари хуб будан ва кордонии Ассадулло Раҳмонов дарак медод.

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз мавқеъ ва ҷойгоҳи гуруҳҳои мобилӣ дар ҷомеаи муосир новобаста ба сохтори ҷамъиятӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, бахусус дар давраи тарғиботу ташвиқот зарур ва назаррас аст. Ин моҳиятро мо дар ҳолате мебинем, ки дар ҷомеа вобаста ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва дигар ҳолатҳои ногувор, зарурати тарғибу ташвиқоти ҳадафрас пайдо мешавад. Пас гуруҳҳои мобилиро ҳамҷун тарғибгарони зудамал метавон маънидод намуд ва неруе мебошанд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ метавонанд барои ҳизб хизмати назаррасеро анҷом бидиҳанд. Аммо мутаассифона дар ҷомеаи муосир чуноне, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ нигоштаанд: “Дар баъзе ташкилотҳои ҳизбӣ тарзу услуби муосири кориро намеомӯзанд, гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба ном вуҷуд доранд.

Гузашта аз ин, дар ҳайати онҳо таблиғотчиёни бомаҳорат, сухандон ва донишманд кам ба мушоҳида мерасанд.”


Бале, яке аз ҷузъиётҳои асосие, ки инъикоскунандаи маҳорату малакаи таблиғотчӣ дониста мешавад, ин донишманду суханвар будани ӯ мебошад.

Нависанда, психологи Амрикоӣ Дейл Брекендриҷ Корнегӣ дар китоби худ «Шаш қоидаи ба худ ҷалб кардани мардум»- чунин нигоштааст: “Барои он ки мардум ба шумо бовар кунад ва нисбати гуфтаатон эҳтиром пайдо намояд, пеш аз ҳама бояд нисбат ба дигарон дар ниҳоди худ шавқ дошта бошед ва аз шодии онҳо хурсандӣ кунед. Барои инсон аз ҳама сухани хуш бо эҳтиром ба забон овардани номи ӯ мебошад. Сухани дигаронро бояд гӯш карда тавонем ва зимни суҳбат ба мавзӯҳои мусоҳиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунем ва ба ӯ бовар намоем.

Албатта гуфтаҳои Корнегӣ марбут ба волоияти сухану забон аст ва таъсиру манзалати он дар хама давру замон мақомаи хосаеро дорост. Гузаштагону имрӯзиён забонро сутуни ҳуввияти миллат медонанд. Аммо дар ҳама ҳолатҳо тарғибот марбут ба забону сухан аст ва сухани тавоно метавонад ба тафаккури дилхоҳ шахс таъсир расонад.

Ба ҷуз суханвари хуб будан тарғибгар бояд дониши қазоии ҳизбӣ, сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ дошта бошад ва дар мавридҳои зарурӣ тавонад аз дониши худ истифода барад.

Пеш аз ҳама тарғиботчии ҳизб барномаи ҲХДТ, ки тамоми самтҳои фаъолияти имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар бар мегирад, мебояд ба тариқи “бояду шояд” донад ва дар ҳама ҳолатҳо ӯ тавонад дар фаъолияти хеш онро асоси кори худ қарор диҳад. Аммо афсӯс, ки таҷзияи ин мазмун як андоза паҳлуҳои нофаҳморо барои мо муайян месозад.

Мутаассифона, зумрае аз ҳизбиёни мо аз ҷаҳони суханварӣ тамоман бехабаранд. Ин мазмунро ҳангоми гузаронидани семинарҳои омӯзиши бараъло мушоҳида намудем. Албатта байни музофот ва шаҳр тафовути калон ба назар мерасад, яъне агар ин маъниро мукаммалтару возеҳтар мавриди назар қарор диҳем, дар марказ аз диди мо дар фаъолияти ҳизбӣ пешравиҳои зиёде дида мешаванд. Зеро тарғибу ташвиқоти ҳадафрас нисбат ба музофот дар шаҳрҳо бештар дида мешавад. Омилҳои асосии ин пешравиҳои назаргир дар нигоҳ ва тафаккури табақаҳои ҷамъиятии шаҳрӣ, дар муҳити зист ва шароити кории онҳо мебошад. Ҳангоми омӯзиши фаъолияти кории Кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мо муайян намудем, ки онҳо шароити хуби корӣ доранд. Ҳуҷҷатнгузории онҳо аз рӯйи 13 номгӯи дар санади меъёрӣ ва ҳуқуқӣ омода гардидааст, аммо мутаассифона зумрае дониши мукаммали ҳизбӣ надоранд

Дар ҳар семинари омӯзиши баргузоргардида на кам аз 160 то 200 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар аъзоён ширкат мекарданд. Ҳангоме, ки барномаи семинар баррасӣ мешуд ва зимни муҳокима ва назарандозӣ танҳо ду се нафар бо андешаи доштаи худ фикронӣ мекарданд, бокимондаҳо бар даҳони худ муҳри хомуши зада, оромиро авло медонистанд.

Дар чунин ҳолат аз ҳисоби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ва дигар аъзоёни ҳизб таъсис додани гуруҳҳои мобилӣ хеле гарон аст.

Ба назари мо аз нуқтаи назари психологӣ ҳаракати қисме аз узвиятҳои ҳизб ба хусусияти флегматикӣ (сустҳаракатӣ) шабоҳат дорад. Чунин ашхос оромтабиат, бетафовут ва ба зиндагӣ нигоҳи нобоварона доранд. Гумон мекунам, ки агар оянда зимни қабул хислати ботинии чунин инсонҳо мавриди омӯзиш қарор меёфт “нуран ало нур” мешуд.

Дигар сабаби суханвар набудани инсон дар он зоҳир мегардад, ки махзани луғавии кам дорад. Надоштани махзани луғавӣ, дилхоҳ инсонро сусткаҳаракту камгап мегардонад. Ҳанӯз дар замони худ (асри 4-то давраи мелод) Аристотель дар китоби хеш “Риторика” санъати волои сухангӯйиро марбут ба махзани бойи сухандонӣ донистааст.

Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва тафаккури инсони асри муосир хеле пешрафта аст ва ин тақозои тарғиботу ташвиқоти навро талаб дорад.

Барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи сиёсии гуруҳҳои мобилӣ дар Кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ усулҳои омӯзиши замонавӣ лозим аст. Пеш аз ҳама истифода аз технологияи муосири электронӣ, сомонаҳои интернетӣ, иҷтимоӣ, омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ. Мутассифона, қисме аз ҳамсафони мо ин тарафи масъаларо ба тариқи бояду шояд дарк карда наметавонанд.

- боз ҳам мукаммал гардонидани донишҳои сиёсии ашхосе, ки ба гуруҳҳои мобилӣ шомиланд;

- инъикоси мушкилоти мардум тариқи фаҳмондадиҳӣ, дар ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ.

Бо таваҷҷуҳ ба навиштаҳои боло, пешниҳод карда мешавад, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии аъзоёни гуруҳҳои мобилӣ барпо намудани семинарҳои омӯзишӣ дар самтҳои;

- омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;

- мақсад ва вазифаҳои ба роҳмонии таблиғоти электронӣ ва мутамарказонидани иттилоотӣ ҳизбӣ.

- истифода аз таҷрибаи бойи аҳзобҳои сиёсии давлатҳои пешқадами дунёӣ.

- амал кардан аз рӯйи гуфтаи Арасту «Ҳамчун андешамандон биандешед, вале чун одамони оддӣ сухан кунед.»

Маҳз тавоноӣ гуруҳҳои тарғиботии мобилӣ маҳз дар сухандонӣ ва ташкилотчӣ будани онҳо зоҳир мегардад.Ин мазмун дар таърих исбот шудааст.

Соли 1917 дар давраи эъломия чанги Америка бо Германия Хукумати ҳамонвақтаи Америка ,ки ба он Вильсон раҳбари мекард, кумитаи тарғиботӣ-ташвиқотӣ таъсис дод. Сарвари кумитаи мазкур журналисти амрикоӣ Ҷорҷ Кирил таъин гардид. Дар атрофи он шоирон, нависандагон, рассомон, ҳунармандон, олимон ва дигар намояндагони бонуфузи ҷомеъа мутаҳид шуданд. Инчунин, Ҷорҷ Кирил шуъбаи махсуси кинонамоишдиҳиро таъсис дод, ки дар 17 ҳазор кинотеатрҳои Америка филмҳоеро намоиш медоданд, мазмуни ватандустиву ватанпарварӣ доштанд.

Хафтодупанҷ ҳазор сухангуён,ҳачун гуруҳи махсуси мобилӣ ба тарғибот ҷалб карда шуданд. Гурӯҳҳои мобилии тарғиботӣ дар ибодатхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, фабрикаву заводҳо, театрҳо, назди деҳқонон ва дигар кормандони хочагии кишлок, дар кӯчаю бозорҳо ва ҷойҳое, ки гурухи одамон ҷамъ мешуданд баромад карда, мардумро ба мутахидӣ, ягонагӣ ва аз аз моҳияти ҷанги Америка бо Германия ошно мекарданд.

Аз сабаби оне, ки намояндагони ин гуруҳ дар ҳаҷми на бештар аз чор дакика баромад мекарданд онхоро гуруҳи «чор дақиқа» меномиданд.

Дар воқеъ гуруҳҳои мобилии номбурда тавонистанд, ки дар муддати ниҳоят кутоҳ дар ниҳоди мардум эҳсоси худшиносӣ, ягонагӣ, дӯст доштани ватанро ҳадафи аслии худ қарор дӣҳанд.

Моҳи майи соли 1917 Ҷорҷ Кирил ба нашри хафтавори “Варақаи ҳисоботии ШМА” оғоз кард. Адабиёти тарғиботи кумита ба 17 ҳазор ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, 15 ҳазор соҳибкорон, 32 ҳазор бонкҳо, 60 ҳазор мағозаҳои маркарказӣ, 9ҳазор китобхонаҳо ва 125 ҳазор нафар роҳибон дастрас шуданд.

Гуруҳҳои мобилии таблиғотӣ дар ҳизби мо соли 2013 дар давраи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буданд. Нахустин маротиба ин гуруҳҳо бо пешниҳоди Ситоди Марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуданд ва аз ҳамон давра то имрӯз дар тамоми давраҳои тарғиботӣ истифода бурда мешаванд.

Гуруҳҳои мобилӣ ду се нафарро ташкил медиҳанд ва вазифаи онҳо албатта таблиғ ва ташвиқи ғояҳои идеявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар сохтори намунавии ситоди Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳо ва структураи гурӯҳҳои мобилӣ дар чунин ҷадвал сурат мегирад. Ситодҳои участкавӣ ва дар дохили онҳо таъсис додани гуруҳҳои мобилӣ, вобаста ба шумораи интихобкунандагон дар маҳаллот ва дигар мавзейҳои зисти мардум.

Гуруҳҳои мобилӣ асосан аз ҳисоби олимон, фарҳангиён, сиёсатмадорон, ҷавонон, занон, собиқадорон ва дигар ашхоси баруманд таъсис дода мешаванд.

Акнун дар назди гуруҳҳои мобилӣ бештар кадом вазифаҳо гузошта мешаванд ва равияи кории онҳо аз чӣ иборат аст?

Пеш аз ҳама тарғиб ва ташвиқи кӯча ба кӯча...хона ба хона ....Тақсими варақаҳо, календарҳо ва дигар атрибутҳое, ки бо мақсади тарғибот истифода бурда мешаванд Чунин тарзи корбарӣ дар давраҳои чорабиниҳои интихоботии гузашта натиҷаҳои назаррасеро ба бор овард.

Дуруст аст, ки дар даврони муосир вобаста ба тараққиёти технологияи муосир воситаҳои тарғиботии техникӣ-ба монанди радио, телевизион, сомонаҳои интернетӣ ва дигар расонаҳои тарғиботӣ амал мекунанд ва зимни тарғибот таъсири хубе доранд. Аммо гуруҳҳои тарғиботии мобилӣ аз онҳо як дараҷа волоият дошта, мақом ва манзалати махсусро доро мебошанд. Ин бартарӣ дар чӣ дида мешавад?

Пеш аз ҳама расонаҳои хабарӣ мазмуни тарғиботиро дар як вақт, дар як соати муайян бе шарҳу иловаҳои пайдо шуда, мувофиқ ба сабт ва барномаи таҳия шуда ба мардум мерасонанд, аммо гуруҳҳои мобилии тарғиботӣ дар ҳузури интихобкунандагон мушаххасан ва бо ҷавоби суолҳои пайдошудаву фаҳмондадиҳии дар назди интихобкунандагон баромад мекунанд. Агар аз ҷониби электролатҳо суоле пайдо шавад, дарҳол он он суол аз тарафи намояндаи ҳизб посухи худро меёбад ва бо шарҳу иловаҳои даркорӣ суолдиҳанда қонеъ мешавад.

Аз ин рӯ, мо лозим медонем, ки ба хотири пешрафт ва таҳкими маънавии ҷомеаи муосир, баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии аъзоёни ҷомеа, ошно гардидан ба гузаштаву имрӯзаи хеш, аз василаҳои тарғиботие истифода барем , ки боваринок ва таъсирбахш бошанд. То тавонем дар қалби ҳамагон эҳсосоти ҳуввият, худшиносӣ ва худогоҳии миллиро боз ҳам афзунтар намоем ва дар пешрафти Тоҷикистон ҳисса гузорем.

Тарғиби пайвастаи саҳми ҲХДТ дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи тавонманду созандаву муттаҳидсози ҷомеаи миллии Тоҷикистон, ки мароми он созандагию бунёдкорист, яке аз омилҳои асоси дар ҷодаи тарғиботӣ ва ташвиқотии ҳизб ба шумор меравад.

Агар мо нисбат ба андешаҳои болои дар маҷмуъ ибрози назар намоем, пеш аз ҳама моҳияти асосии масъала дар баланд бардоштани сатҳи маънавӣ-сиёсии аъзоёни ҷомеа, дуруст дарк кардану дар мизони маънӣ баркашидани принсипҳои мардумсолорӣ – сулҳу озодӣ, ваҳдату тафоҳуми миллӣ, озодандешӣ, адолатпарварӣ ва амсоли инҳо зоҳир мегардад.

Пешрафти технологияи муосир, бахусус компютерӣ ба мо имкон медиҳад, ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро бо истифода аз васоити техникӣ пеш барем. Сомонаҳои интернетӣ, кушодани сайтҳои ба мақсад мувофиқ имконоти тарғиботии моро васеъ мекунанд.

Дигар тарафи масъалаи марбута ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ба назари ман, бештар ҳамкорӣ намудани марказ ба музофоти дуру наздик мебошад.

Вале дар шароити имрӯза аз ҳама муҳим, таҳрик додани ҷомеа ба самти илму маърифат аст. Илму хирад ба сифати обзори калидии низоми зиндагии иҷтимоӣ дар таҳкими андеша, ҷаҳонбинӣ, сулҳу суббот ва тафоҳуми сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии инсонҳо нақши мубрам дорад.

Дар охир ҳаминро бояд иброз дорам, ки тӯли солҳои Истиқлолият мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар ва бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба даст орад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот тавонист пайванди ҷомеаро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ташкил медихад, таъмин намояд.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарори Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад, мо тарғибгарони ҳизб тасмим гирифтаем, ки таҷрибаи солҳои қаблиро ба инобат гирифта, дар асоси дастуру супоришҳои мавҷуда тарғиботи нишонрас бурда фаъолият намоем.

Аз ин рӯ, мо лозим медонем, ки аз василаҳои тарғиботие истифода барем, ки боваринок ва таъсирбахш бошанд. То тавонем дар қалби ҳамагон эҳсосоти ҳуввият, худшиносӣ ва худогоҳии миллиро боз ҳам афзунтар намоем ва дар пешрафти Тоҷикистони азиз ҳисса гузорем.

Адабиётҳо
1. Зафар Саидзода, Абдуқаҳҳор Холов. Нақши сиёсии Президенти Ҷумҳурӣ Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон. – Душанбе, 2014, – саҳ. 66.
2. Қурбон Восеъ. Суханварӣ. – Душанбе, 2013, – С. 287.
3. История США (1877-1918). Т. 2. – М.: Наука, 1985.
4. Назаретян А.П. Агрессивная толпа, массовая паника, слухи: Лекции по социальной и политической психологии. — СПб.: Питер, 2004. — С. 163.
5. А.М.Цуладзе Политические манипуляции или покорение толпы. — М.: 1999.
6. Ҳафтавори «Минбари халқ»
7. Ҳафтавори «Мароми пойтахт»
8. Дейл Брекендриҷ Корнегӣ. Шаш қоидаи ба худ ҷалб кардани мардум. № 4824.
9. Михаил Пселл. Обзор риторических идей // Античность и Византия: Сб. ст. — М., 1975. — С.158-160.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: