Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, ки ҳафтаи гузашта бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия, раёсат, вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони сиёсиву ҷамъиятии даъватшуда баргузор шуд, нукоти асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, мавзуи фаъолияти ташкилоти ҳизбии шаҳр дар соли 2021 ва вазифаҳо барои имсол баррасӣ гардида, нақшаи кори Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ барои баргузории мулоқоту вохўриҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар ин маҷлис, ки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ва вакили Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ низ ҳузур доштанд, фаъолияти ҳизбиён дар соли равон ва вазифаҳои нави онҳо, инчунин, масъалаҳои ҷорӣ мавриди баҳс қарор гирифт.
Доир ба нукоти муҳими Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ маърўза карда, моҳияти асосии Паёмро ба аҳли нишаст тавзеҳ дод.
Ў доир ба бахшҳои аслии Паём, ҳамоҳангӣ ва тафовутҳои он аз паёмҳои гузашта, мушаххас будани пешниҳодҳо дар мавриди сиёсати давлат барои беҳбудӣ ворид кардан ба вазъияти иҷтимоии мардум, ташаббусҳои қонунгузории Президент дар Паём изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ин устоди ҳуқуқ, намунаҳои барҷастаи мутобиқкунии қонунҳои миллӣ ба санаду конвенсияҳои байналмилалӣ аз падидаҳои дигари ин ҳуҷҷат аст.
Доир ба масъалаи дигари рўзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ҳайдарзода Ислом Ҳайдар гузориш дод.
Номбурда, аз ҷумла гуфт, ки соли гузашта вохўрии вакилони Маҷлиси намояндагон дар 11 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр бо интихобкунандагонашон баргузор шуда, вакилон масъалаҳои мубрами рўзро ба иштирокчиён тавзеҳ доданд, ҳамзамон муроҷиати сокинонро шуниданд.
Ў доир ба ташаббусҳои Кумитаи иҷроия ҲХДТ сухан карда, ёдовар шуд, ки дар кўчаву роҳравҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозори марказӣ, корхонаҳо ва ҷойҳои серодами шаҳри Ваҳдат 15 аксия таҳти унвони «Сарфаи барқ-боигарии буҷаи оила» баргузор шуд. Чунин як иқдом дар кўчаву минтақаҳои аҳолинишин низ бо усули «Хона ба хона» амалӣ гардид.
Дар давоми баргузории аксияҳои зикршуда, - гуфт ў, - кормандони Кумитаи иҷроия оид ба мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизбу ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва қувваҳои мусаллаҳ, аҳамияти омўзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, рўшди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, забономўзӣ, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ миёни ҷамъомадагон суҳбат карда, ширкаткунандагонро ба бунёдкорию созандагӣ даъват намуданд. Бахши матбуоти кумита аз рафти гузориши маҷлисҳои ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вохўриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси шаҳрӣ аксияву корҳои фаҳмондадиҳӣ хабарҳо омода намуда, мунтазам дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» нашр мекард.
Дар гузориш ба ин нукта ҳам таъкид шуд, ки ҳизб дар ҳамкории зич бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар самти ҷалби ҷавонон ба ватандўстиву хештаншиносӣ ва ташкилу баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ фаъолияти густурда дорад. Аз ҷониби ҳамин ташкилот дар байни хонандагони муассисаҳои таълимию касбӣ ва ҷавонону наврасон суҳбату вохўриҳо гузаронида шуда, мавзуъҳои нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб тавзеҳ мешаванд.
Дар гузориш оид ба корҳои дохилиҳизбӣ изҳори назар шуда, зикр гардид, ки дар ҳамин давраи фаъолият маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор ва дар 7 ташкилоти ибтидоӣ раис ва котиби масъул аз нав ва дигар раисон ва котибон дубора интихоб шуданд. Масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ корҳои ҳуҷҷатнигориро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тақвият бахшиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро аз қайд гузарониданд ва маблаѓҳои аъзоҳаққии нигоҳдошташударо гузаронида, муҳр гузоштанд.
Ба гуфтаи раис, вале то имрўз ҳастанд баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбие, ки ба корҳои ҳуҷҷатдорӣ хунукназарона рафтор мекунанд.
Таъкид гардид, ки тибқи дастури КИМ ҲХДТ Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ду нафар аз оилаҳои ниёзманд, маъюбони гурўҳи якум Ҷаборзода Ҷаҳонгир Таѓойбек ва Қурбонова Маҳбуба Мусулмоновнаро таҳти сарпарастӣ қарор дода, дар давоми соли 2022 ҳар моҳ ба миқдори 500 сомонӣ ба ҳар кадом аз ҳисоби маблаѓҳои ҳизбӣ кумак мерасонад.
Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ, муайян намудани маълумоти дақиқи шахсии ҳар як узви ҳизб, ҳаракати аъзо, инчунин аъзое, ки ҷойи кор, таҳсил, макони зист ва ному насаби худро иваз намудаанд, муқоисакунӣ гузаронида, миқдори набудаҳоро маълум кардааст. Ба ин сабаб, имрўз ҳар масъули ҳизбиро зарур аст, ки нисбати ин камбудӣ чораандешӣ намуда, ҷиҳати бартараф карданашон саҳм гузорад,- гуфт сарвари ҳизбиён.
Ў бо ишора ба ин омор, ки дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 8 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият мекунанд, аммо ягон нафар аз роҳбарони онҳо аъзои ҲХДТ нестанд, афзуд, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки худ аъзои фаъол ҳастанд, тавсия мешавад, ки барои афзоиши сафи ҳизбиён аз миёни ин қишри фаъол иқдом намоянд.
Дар маҷлис муовини раиси Шурои собиқадорони соҳаи маориф – Назарбекова Майсара, намояндаи Маҷлиси вакилони шаҳри Ваҳдат - Мусофиров Миралӣ, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» Абдусамадов Мансур сухан карда, доир ба Паём, корҳои рўзмараи ҳизбӣ дар ташкилотҳо андешаҳои худро баён карданд ва ҳисоботи раиси КИ Ҳизби шаҳрро қаноатбахш арзёби карданд
Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон дар ибтидои суханронии хеш аз сатҳи маърўза ва гузориши ироашуда изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки ҳам дар бораи Паём ва ҳам дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроия масоиле баён шуд, ки ба пешрафти зиндагӣ, тавсеаи кори ҳизбӣ мусоидат мекунанд.
У гуфт: - Агар Паём як барномаи муҳими давлатӣ бошад, пас тадбиқкунандагони он мову шумо – аҳли ин нишаст, дигар фаъолон ва тамоми ҷомеа ҳастем. Ба ин сабаб, мо боз ҳам фаъолтар бошем. Вақте мо паёми имсоларо бо паёмҳои гузашта муқоиса кунем, мебинем, ки ончӣ дар паёмҳои қаблӣ буд, ҳоло ба тадриҷ иҷро ва дар паёми ахир боз ҳам вазифаҳои нав гузошта шудаанд. Барномаи ҲХДТ барномаи амали давлат аст, ба ин сабаб, масъулияти ҳизбиён ҳам бо ироаи Паёми нав дучанд зиёд мешавад.
Муовини Раиси ҲХДТ бо ишора ба дастури КИМ дар мавриди сохтмони биноҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъкид кард, ки сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар Ваҳдат ҳам оѓоз гардида, кор дар ошёнаи якуми бино ҷараён дорад. Латифзода изҳори боварӣ кард, ки бинои 5 - ошёнаи ҳизбиён пас аз пурра ба охир расидани кори сохтмон яке аз биноҳои зебои шаҳри Ваҳдат хоҳад шуд.
Номбурда доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ сухан ронда, таъкид ба он кард, ки ба ҳизб бояд арзандаҳо қабул шаванд. Дар шаҳр захираҳо зиёданд, маслан фақат Беморхонаи марказии шаҳр қариб 1, 5 ҳазор корманд дорад, вале танҳо 300 нафар узви ҳизб мебошанд. Дар ҳоле, ки кормандони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи тиб асоси ҳизб дониста мешаванд. Ба ин соҳаҳо ва ҷалби кормандони соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи бештар бояд зоҳир шавад. Аммо талаби қабули аъзои нав ба он маъно нест, ки ҳамаро аз як сар ба узвият қабул кунем, зеро барои роҳбарияти ҳизб басифат будани аъзои нав ҳам зарур аст.
Беҳтар кардани фаъолияти ТҶ «Созандагони Ватан», идома додани маъракаи муқоисакунӣ дар ТИ, иҷрои саривақтии талабот барои таъсиси Махзани ягонаи ҳизбӣ ва риояи усули шаффофият дар ин раванд, боло бурдани эътибори шаҳодатномаҳои узвият аз дигар мавзўъҳое буд, дар суханронии Латифзода ба амалӣ шудани онҳо таъкид гардид.
Муовини Раиси ҲХДТ доир ба камбудиҳо сухан карда, аз бетаваҷҷуҳии баъзе раисони ТИ ба баргузории маҷлисҳо, пешниҳоди нақша ва гузоришҳои якрангу такрорӣ ,омори бардурўѓ ёдовар шуда, бо мисолҳо фаҳмонд, ки дар 70 дарсади маълумоту пешниҳодҳои ташкилотҳо якрангӣ ва монандии маълумот мушоҳида мешавад.
Ў таъкид кард, нақша ва барномаҳои таҳияшаванда кўтоҳ ва иҷрошаванда бояд бошанд. Таҳия ва мавриди иҷро қарор додани тадбирҳо ҷиҳати танзим дар ҷамъоварии ҳаққи узвият, баланд бардоштани нақши оила ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас низ мавзўъҳои дигари матраҳшуда дар ин суханронӣ буд.
Иштирокчиёни маҷлис бо дарназардошти тавсия ва пешниҳодҳои баромадкунандагон нақшаи кори Кумитаи иҷроия барои соли 2022 тасдиқ карда, масъулон муваззаф шуданд, ки нақшаи чорабиниҳоро такмил намуда, ба Кумитаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сари вақт бирасонанд.
С. Юсуф