БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМ28-02-2018, 08:59
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе натиҷаи фаъолияти ҳизбиён ва вазифаҳои нави ташкилот дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ дар Маҷлиси КИМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гулнора Бобоева, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо таъкид ба аҳамияти нуқтаҳои асосии Паёми Сарвари давлат ёдовар шуд, ки имрўз авзои ҷаҳон мураккаб буда, дар баъзе аз минтақаҳо ба монанди Ховари Миёна ҷанг ва ихтилофҳо идома дорад. Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил бар асоси татбиқи манфиатҳои миллӣ ба ҷаҳони имрўз ба таври воқеӣ, дуруст ва судовар робитаҳояшро ба роҳ мондааст. Ў зикр кард, ки бо таваҷҷуҳ ба авзои ҷаҳон ва бо мақсади таҳияву танзими тадбирҳои муассир дар ҷиҳати муқовимат бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла баррасии роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ як конференсияи байналмилалӣ дар соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода ба дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2017, вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ мутобиқ ба Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ дар соли 2018 бахшида шуд. Зикр гардид, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳизб дар соли 2017 ҷиҳати амалӣ гардондани ҳадафҳо ва барномаҳо барои соли 2018 нақшаҳо муайян шудаанд. Таҳлили корҳои иҷрошуда ва дарёфти самтҳои самарабахши фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори ҳизб, бахусус дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон дар оянда ҳам дуруст ба роҳ монда шавад. Тавре зикр шуд, Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ бо ҳизбиёни шаҳр ва ҷонибдорон дар ҳамаи чорабиниҳои соли гузашта барои муташаккилона ва хотирмон доир гаштани онҳо нақши сазовори худро гузоштаанд. Ҳизбиён имсол низ бо мақсади таблиғи Паёми Президент чандин иқдом, аз ҷумла мизи мудаввар дар мавзўи «Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир: арзёбии вазъияти ҷаҳон ва ҷойгоҳи байналмилалии ҶТ», баргузории соатҳои сиёсӣ ва як силсила семинарҳо ҷиҳати тавзеҳи аҳамияти Паёми солонаи Сарвари давлат, рушди барномаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба нақша гирифтаанд. Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, мақомоти ниҳодҳои давлатӣ, раисони кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳо, комиҷроияҳои ибтидоии ҳизбӣ, вазорату идораҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён иштирок ва оид ба тадбирҳои ба нақшагирифташуда баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, ки дар Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ (аз 16 феврали соли 2018) омадааст, ибрози назар кард. Иштирокчиёни маҷлис пас аз баррасии нақшаи кории худ ба хотири амалисозии дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ ва Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ онро тасдиқ намуда, вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ барои соли 2018 - ро мушаххасу тасдиқ карданд. Бар асоси нақшаи тасдиқшуда кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор шуданд, ки доир ба иҷрои он ҳар семоҳа ба Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб хаттӣ гузориш пешниҳод кунанд. Дар маҷлис инчунин ҳисоботи комиссияҳои доимиамалкунандаи назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо КИ ҲХДТ шунида шуд. Иштирокчиёни маҷлис дар охир натиҷаи озмунҳои: «Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат» ва «Мақолаи беҳтарини сол» - ро баррасӣ ва ғолибонро эълон карданд. Ширкаткунандагони баҳсу баррасиҳо вақти суханронӣ ёдовар шуданд, ки ҷаҳон имрўз дар як давраи мураккабу ҳассоси таърихӣ қарор дорад ва ҳамарўза дар дунё дигаргуниҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Дар ин замина зикр гардид, ки терроризму ифротгароӣ ба бисёр кишварҳо сироят кардааст ва ин ҳолат моро водор мекунад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Ҳамзамон бо ин дар гўшаҳои мухталифи дунё, дар кишварҳои гуногуни олам воқеаҳо ва таҳаввулоте дар ҷараён аст, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа, аз ҷумла дар Тоҷикистон бавосита таъсир мерасонанд. Бинобар ҳар узви ҷомеа ва бахусус, аъзо ва фаъолони ҳизбро зарур аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро мантиқӣ арзёбӣ карда, баҳои воқеӣ диҳанд ва дар ин замина фаъолияти баъдии ташкилотҳои ҳизбии худро мушаххас намоянд, бо иҷрои тадбирҳои судманд дар ҷиҳати рушду нумўи бахшҳои гуногуни зиндагии мардум, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти кишвар саҳми назаррас гузоранд. Тавре таъкид шуд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерУи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомии арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин амр салоҳият ва дорои ҷойгоҳи баланд буда, фаъолияти густурдаи он бозгўи обрў ва манзалати хосааш дар байни мардум аст. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.