Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚЛОЛИЯТ ВОЛОТАРИН НЕЪМАТ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВОЛОТАРИН НЕЪМАТ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

18-01-2022, 11:01
Хабарро хонданд: 85 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВОЛОТАРИН НЕЪМАТ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, дар сарнавишти халқи мо ҳамчун нодиртарин воқеаи таърихӣ нақши тақдирсоз дорад. Чунки ин рӯйдоди муҳим дар хонадони мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва ҳамфикрию ҳамзистиро пойдор намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.
Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ – Истиқлолияти давлатӣ, халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия ва пули миллӣ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ, ҳамчун давлати мустақилу комилҳуқуқ эътироф гардид.
Аз лаҳзаҳои аввали пойдор гардидани Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти бонизоми мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таъмин шуд. Дар ин раванд, бори аввал тариқи райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки раванди демократикунонии ҷомеаро боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Дар низоми идоракунии давлат аввалин шуда мақомоти қонунгузори кишвар иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис ёфта, бо қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ ба низом дароварда шуд. Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил гардида, ҷиҳати таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои замони истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон камари ҳиммат бастанд.
Набояд фаромӯш кард, ки роҳи тайкардаи халқамон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамвору осон набуд. Аз ин рӯ, бо назардошти мушкилоти мавҷуда аз ҷониби Пешвои миллат чор ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат пеш гузошта шуд. Зеро раванди бонизоми пешрафти иқтисодӣ ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, асосан, аз ҳамин се омил вобастагии зич дошт. Бинобар ин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва даҳҳо иншооти азиму муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, дар ин давра, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, як қатор корхонаҳои азими истеҳсолӣ эъмор гардида, майдони умумии боғу токзорҳои мамлакат ба 360 ҳазор гектар расонда шуд.
Маҳз бо кӯшишу чораҷӯиҳои амиқ сатҳи камбизоатӣ дар қаламрави кишвар паст гардида, аз 81 ба 26 дарсад коҳиш ёфт, ки аз болоравии сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар дарак медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар баробари эътибор додан ба раванди бунёдкориҳо, диққату эътибори Пешвои миллат ба эҳёи арзишҳои миллӣ равона гашта, бо дастуру ҳидоятҳои созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Ба ҷуз ин, бо иқдоми Пешвои миллат дар қаламрави ҷумҳурӣ миқдори муассисаҳои таълимии оливу миёна зиёд (3240) гашта, сатҳу сифати таълиму тарбия хеле баланд бардошта шуд. Аз ҷумла, қабули барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, компютеркунонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таъсиси Маркази миллии тестӣ далели шоёни ин гуфтаҳоянд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки самараву футӯҳи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуд ва муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон барқарор ва кишвари мо аъзои беш аз 100 созмони байналмилаливу минтақавӣ гардид.
Раҳимзода Наим Раҳим-муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Энергетика ва захираҳои об”-и КИ ХХДТ
дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: