Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

12-09-2017, 11:00
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Нақши Пешвои миллат  дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон


Омўзиши таърих ва
шинохти Истиқлолияти миллӣ




Дар тӯли ҳазорсолаҳо таърих гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикану эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, дунболи ҳар шикасту ноомадиҳо, эҳёшавию камолоти афзунтареро соҳиб гаштааст. Дар ин масир раванди зиндагӣ ва таҷрибаи таърихи навин собит намуд, ки барои расидан ба истиқлолияти сартосарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд монеаҳои бартарафнашавандаи сангинро паси сар намудааст… Албатта, воқеияти аслӣ собит намуд, ки боварии ҷонибҳо, ҳамдигарфаҳмии якдигар ва аввалтар аз ҳама манфиати миллату Ватанро авлотару муқаддас шуморидан, тавонист моро дар ин самт комёбу муваффақ гардонад. Бо таваҷҷуҳ ба ин нуктаҳои арзишманди таърихӣ, зикр намудан бамаврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқишаҳои бесару нуги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқиятҳои дорои фарҳанги баланди азалӣ буда, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор мебошанд.
Бо дарки моҳияти аслии масоили зикргардида қайд кардан бамаврид аст, ки раванди ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро нагузошт мисли дигар кишварҳои меросбари давлати абарқудрат ҳаққи худро соҳиб гардад. Беназмиву беқонунӣ ва нооромии ҷомеа ба ҳадде расида буд, ки Шӯрои Олии мамлакат ҳамчун ягона мақоми ваколатдор, натавонист иҷлосияи худ­ро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузор намояд. Ин иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини халқамон бо номи иҷлосияи тақдирсози шонздаҳум сабт шуд, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи нооромии кишвар нақши бузурги таърихӣ бозид ва роҳу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайяну мушаххас намуд.
Яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи марҳилаҳои нави соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, ин қабул шудани Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд. Ин санади тақдирсоз заминаи ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам овард. Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои рамзҳои муқаддас ва асосии давлати худ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Рушди марҳилаҳои нави
таърих ва сабақи ибратомӯз


Мусаллам аст, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар миёни ҷашнҳои миллии мо мақом ва мавқеи хоса дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад. Раванди марҳилаҳои нави таърихӣ ба дӯши кишвари тозаистиқлол вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок гузошт. Албатта, бо дарки воқеияти рӯз, ҳаёти иҷтимоии кишвар дар давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ тад­риҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сартосари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тозаро касб намуда, бо шарофати заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари воҳиди рӯ ба тараққӣ мубаддал гардид.
Сабақи ибратомӯзи таърих, гузаш­таи пурифтихор ва хидмати фарзандони тавонманди миллат боиси омӯзиш ва қадршиносии ҳар яки мо буда, роҳи ояндаро бароямон бозкушоӣ менамояд. Таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии Кӯлобшаҳри бостонӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, ҳамчунин бузургдошти шахсиятҳои таърихиву сиёсӣ ва илмиву адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои устувори худро аз гузашта дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намоем.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва эҳёи суннатҳои ниёгон

Дар ин масир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаву абармарди раҳнамунсоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи миллату давлати моро ба набзи сайёра баробару ҳамсадо намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи коршиносону мутахассисон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ тамоми ҷаҳониёнро бо ташаббусҳои навину устувор ва ҳалли муҳимтарин масоили сатҳи байналмилалӣ ҳанӯз аз соли 2000 ҷалб намуда буд. Дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори 4 эъломия марбут ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабулу шинохта шуд, эътирофи оламиён гардид. Боиси ифтихор ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз миёни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланд, ки ҳамаи ин кишварҳо ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии кишвари мо таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об, таҳкими обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ аст.
Маҳз тавассути Истиқлолияти давлатӣ мо пояҳои фарҳанги миллиамонро низ устувор гардонида, беҳтарин арзишҳои фарҳангии худро аз нав барқарор намудем. Забон ва фарҳангро ҳас­тии миллат эълон ва тамоми ойину суннатҳои мероси ниёгон эҳё намуда, Наврӯзи ҷаҳониро ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии худ мубаддал гардонидем.

Тавонмандии ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи тавонмандии ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа ҳанӯз аз замони солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон нақши шоиста доранд.
Илова бар ин, ҷиҳати татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуда, баҳри баланд бардоштани мақому манзалати онҳо соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун Соли ҷавонон эълон гардид, ки дар ҷавоби чунин иқдомҳои арзишманд ҷавонони саодатманди моро мебояд, арзишҳои таърихии сабақи Истиқлолиятро ҳаматарафа аз худ намуда, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир пайваста огоҳ бошанд ва таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дурусту моҳиятан аз худ намоянд.

Имкониятҳои васеи зеҳнӣ ва ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон

Бо гузашти давраҳои начандон зиёди соҳибистиқлолии кишвар тибқи Конститутсия ва низоми давлатдории миллӣ иродаи сиёсии шаҳрвандон ташаккул ёфта, ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин росто, метавон зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишварамон маҳсуб гардида, аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш таҳти ҳидоятҳои созандаи роҳбараш - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои устувору пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, тавассути ҳадафҳои созандаи худ дар умқи ҷомеа реша давонд. Дар ҳақиқат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз неруҳои асосии сиёсии кишвар зарфият ва имкониятҳои васеи зеҳнӣ дошта, дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад.
Дар маҷмӯъ, бо натиҷагирӣ аз хулосаҳои мантиқии андешаҳои зикргардида, нақши Пешвои миллати мо дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ хеле арзишманд баҳогузорӣ мешавад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ҷонбозиҳои ҳамешагии ин абармарди тавонманди дунёи сиёсат тавонист ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси миллӣ, дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардад. Чунки роҳи таърихие, ки як кишвари начандон дорои таҷрибаи кофии рӯзгордорӣ, дар бисту шаш соли охири даврони соҳибистиқлолӣ тай кард, шоҳроҳи ҳамвору осон набуд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат як насли нави озоду дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав ба камол расида, рӯи саҳнаи зиндагӣ омад, ки дар оянда метавонад бо эътимоду бовории қавӣ парчами давлати соҳибистиқлоли худро боэътимодона соҳиб гардад.

Бо дарки моҳияти аслии ин неъмати бебаҳои миллӣ тарғибу таблиғ, васфу сифот ва тараннуми ин санаи муборак­ро дар миёни ҷомеа ва тору пуди ин насли ватандӯсту ватанпарвар мебояд аз ҳарвақтаи дигар бештару зиёдтар ба роҳ монем, зеро Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқи тоҷикон, рамзи саодату шарти бақои миллат, падидаи бемислу боазамати таърихӣ, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, санаи сарнавиштсозу муқаддас, амалисозии ҳадафҳои муҳимми стратегии миллӣ ва ҳамчунин василаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксари кишварҳои олам шинохта шудааст.
Ҳамин тариқ, бо зикри чанде аз нуктаву далелҳои арзишманди осори ибратомӯз ва натиҷагирӣ аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқан метавон баён дошт, ки нақши ин абармарди шинохтаи сиёсии ҷаҳон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ бағоят муҳим буда, фароҳамсозии чунин имкониятҳои мусоид, рисолати дилхоҳ шаҳрванди кишварамонро дар мавриди расидан ба сӯи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланди озандагӣ бештару зиёдтар менамояд.

ҳақназар КАРИМЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: