
4 январи соли равон Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон - муовини Раиси ҲХДТ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Эшонқулов Аъзамқул - раиси ҳавзавии интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1, Азизов Азизхӯҷа - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Файзуллозода Заррина - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино доир гардид.
Дар он мутобиқи рўзнома масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Азизов А. конференсияро ҳусни оғоз бахшида, суханро ба Асрор Латифзода дод. Мавсуф номи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуда, шарҳи ҳол ва фаъолияти кории номзад аз ҲХДТ Эмомалӣ Насриддинзода Сайфиддинро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Асрор Латифзода изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шахсони соҳибэътибору соҳибэҳтироми ҷомеаро ба ҳайси вакилӣ пешбарӣ менамояд. Ҳизби пешсаф ва аксарият дорои неруи баланди зеҳнию маърифатӣ буда, мекӯшад аз ин ҳисоб дар мақомоти қонунгузор мавқеъ ва нуфузи ҳизбро баланд ва дар рушду пешрафти давлату мамлакат нақшу саҳми боризи хешро гузорад. Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Насриддинзода Э. С. номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Фирдавсӣ №1 аз ҷониби вакилони конференсия интихоб гардид.