Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҚОИДАҲОИ ҲАЁТИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ

ҚОИДАҲОИ ҲАЁТИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ

25-11-2021, 11:33
Хабарро хонданд: 2810 нафар
Назарҳо: 0
ҚОИДАҲОИ ҲАЁТИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Нависандаи бузург Лев Толстой дар 22-солагиаш барои худаш тартибу қоидаҳои ҳаётӣ таҳия карда, тамоми умр мувофиқи онҳо амал менамояд. Ба мо ва шумо ҳам фоидаи калон бахшидани ин қоидаҳои инкишофдиҳандаи ирода, фаъолӣ, зеҳн ва қобилияти ақлонӣ муайян аст.
Ба ҳамагуна машаққати ҷисмонӣ сабр намо, азоб кашиданатро ба дигарон нагўй.
Ҳар рўз ба забони заифтар медонистагиат шеър азёд намо.
Даҳяки мулки дар дастат бударо эҳсон намо.
Даҳ баробар сарватманд шавӣ ҳам, тарзи ҳаётатро тағйир надеҳ.
Ба ҳамагуна чиз ҳаматарафа назар намо-фоидаашро ҳам, зарарашро ҳам бубин.
Барои гирифтани таърифи одамони худат надониста ва намеписандидаат накўш.
Ҳар субҳ реҷаи рўзро таҳия намо ва онро албатта амалӣ соз.
Аз фикри дигаронро андеша намуда нишастан дида, дар болои худат бисёртар кор бикун.
Барои шўҳрат харҷ нанамо.
Барои худат ба ҳадди имкон машғулияти бисёр фикр карда ёб.
Ба коре, ки анҷом бахшидани худат мумкин аст, ёрдамчӣ талаб нанамо.
Ҳеҷ гоҳ ҳиссиётатро ошкор насоз.
Фарди наздикатро мисли худат дўст бидор, ду шахси наздикатро бошад, аз худат ҳам зиёдтар дўст бидор.
Ба ҳадди имкон кам бихоб.
Ҳар шаб чизҳои рўзона омўхтааторо такрор намо.
Чизи зиёдатиатро на барои худат, балки барои ҷомеа истифода соз.
Барои некӣ кардан имкон биҷўй.
Хуб бош ва барои он кўшиш намо, ки хуб буданатро ҳеҷ кас надонад.
Ҳамаро баробар дўст дор, аз ин муҳаббат худат ҳам дар канор намон.
Барои муҳаббати халқ аз баҳри эҳсосоти хурд бигузар.
Шароит ҳар қадар бад бошад, ҳаракатро ҳамин қадар тақвият бахш.
Ба чизҳои буда қаноат намо.
Кореро оғоз созӣ то ба охираш нарасонда тарк нанамо.
Ба ширин шудани ҳаёти наздиконат ҳисса гузор.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: