Ўткир ҲОШИМОВ, Нависандаи Халқии Ўзбекистон7-09-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
ПИРАМАРДИ «ГЕНЕРАЛ» Ҳаҷвия -Шинед, ако! Ҳангома гуфта-а-а меравем! Синни ҳамин ҷайронтоям ҳам аз сӣ гузашт! Ба пешбурди рўзгорам ба кор омада истодааст, зиндагӣ айб надорад. Вақти фориғ аз кор ба роҳ мебароям. Як замонҳо як таксӣ истад, даҳ одам давида мерафт. Ҳозир як одам даст бардорад, даҳ мошин меистад. Дар байни шофирҳо «клиентамро гирифтӣ» гуфта аз гиребон дошта буғӣ мекардагиҳо ҳам ҳастанд! «Ҳой, баракат ёб, корвон бисёр, ризқаш дигар», гўед, «ба додарат насиҳат бикун» мегўяд. Рўзҳои молбозор ба Шўрабозор меравам. Фосилааш наздик. Одамони гўсфанд-пўсфанд хариднамударо бурда монам, ба ҳар ҳол мувофиқи насиба панҷ-даҳ сўм меафтад… Рўзе саҳарии барвақт ба бозор рафтам. Баҳор буд. Борон сим-сим борида истодааст. Ҷайронтойро нигоҳ дошта, дида дўзам, зери дарахт як пирамард истодааст. Ресмони гўсфанди аз бозор хариднамудаашро дошта гирифтагӣ. Назди пирамард як ронанда меравад, ду даҳон гап зада, тоб хўрда аз ў дур мешавад. Ронандаи дигар меравад, даст афшонда, аз назди пирамард бозпас ба роҳи омадааш бармегардад. Ниҳоят ман ҳам назди пирамард рафтам. Одатан мусофир «то фалон ҷой чӣ қадар мепурсед», гуфта муайян мекунад. Шофир ҳаққи роҳкироро мегўяд. Баъзеашон ҳастанд. Хуни падарашонро пурсида, «камаш ҳаст» гуфта ҳам мемонанд. Ҷаллоб-ҳанноти (перекупщик) бозор шуда раве, айёр! Хулласи калом, наздик рафта салом додам. -Хизмат, падар, ба куҷо бурда монам?-гўям, пирамард аз чӣ сабаб бошад, сар ҷунбонд. -Ба куҷо бурданатро гўям ҳам аздусар намебарӣ, шофир писарам, -гуфт. Ҳайрон шудам. -Чаро намебурдаам?-гўям, хандид. -Чарояш ҳамин, ки гўсфанд харид намудам, як тин пулам намонд,-мегўяд. -Хуб, падар, вақти ба хонаатон рафтан ҳисобӣ кардан мегирем,-гуфта будам, сар ҷунбонд. -Илоҷ надорам. Аъзои хонавода яке ба кор, дигаре ба таҳсил рафтаанд. Кампирам ҳам як тин надорад… аммо хонаам наздик аст. Розӣ шуда, ройгон бурда монӣ, дуо мекунам,-гуфт. Нигоҳ карда истам, дар рўи пирамард нур ҳаст. Аз дурўғ ҳазар карданаш намоён шуда истодааст. «Савоб ҳам даркор-ку», гуфтам ба худам. Аздусар тарафи шаҳр меравам. Сари роҳ будааст, партофта гузарам гуфтам-да, бо ҳам пойҳои гўсфандро ҷуфт карда баста, ба бордони мошин гузоштем. Раҳораҳ сўҳбат карда рафтем. Пирамард ба наздикӣ аберадор шуда будааст. Ба замми ин, иди Наврўз омада истодааст. Ба ҳамин муносибат мардумро зиёфат намудан хостааст. Хонаи пирамард воқеан ҳам дур набудааст: на беш аз то чор чақрим. Ба зудӣ ба манзил расида омадем. Баробари занги дарвозаи хонаи болохонадорро пахш намудани пирамард аз дарун ҷавони сӣ-сивупанҷсолаи либоси зебанда пўшида баромад. Аввал ба пирамард, баъдан ба ман салом дод. Бо тавозуъ дудаста салом намуд. -Ба ман нигар, датсент!-гуфт мўйсафед бо ҷаҳл. Пойи ана он гўсфандро кушода, ба тути ҳавлӣ тавила карда мон! Зуд бош! Ҷавон «хуб мешавад, падарҷон», гуфта тарафи мошин давид. Якҷоя гўсфандро фаровардем. Ҷавон гўсфандро бурда истода буд, пирамард боз бо ҳамон оҳанги ҷаҳлдор пурсид: -Акоят куҷост? -Дар хонаанд,-гуфт ҷавон. -Зуд ин ҷо барояд! Ҷавон «хуб мешавад, падарҷон», гуфта гўсфандро кашола кардагӣ барин шуда ба ҳавлӣ даромада рафт. -Инаш омўзгор,- -гуфт пирамард фаҳмонда.-Дар институт дарс медиҳад. Ҳанўз пирамард суханашро ба охир нарасонда аз дарун подполковники либоси милитсияро пўшида баромада омад. Ў ҳам ба мисли додараш салом дод. Бо ҳардуи мо дудаста салом намуд. -Акнун ба мо иҷозат, падар,-гуфта будам, пирамард ба ман «шитоб накарда ист» гуфта ишора карда, ба подполковник амр намуд: -Канӣ, «аз ҷайбат пул намебарорӣ-мӣ» начайник? -Хуб шудааст, падарҷон, чӣ қадар даркор аст?-гуфт подполковник аз ҷайбаш ҳамён бароварда. -Бист ҳазор! -Писараш аз ҳазорсўмаҳо даркориашро ҳисоб карда, ба пирамард дароз намуда буд, пирамард дўғ зад: -Ба ман не, ба ҷавони шофир бидеҳ! -Хуб шудааст, падарҷон!-подполковник чунин гуфта, пулро ба ман дароз намуд. Ҳайрон шудам. -Падар,-гуфтам фаҳмонда.-Ману шумо қаблан қарор намудаем: пул даркор нест, дуо диҳед шуд. -Дуо ҳам медиҳам.-Чеҳраи пирамард равшан шуд.-Ту ба савлати ин парво накун,-гуфт писарашро нишон дода.-Ин подполковник бошад, ман генералам! Сарлашкари ин хонадон манам! Подполковник пул дароз карда, табассум намуда меистод, ман бошам, гирифтан, нагирифтани роҳкироро надониста, гаранг шуда будам. -Гирифтангир, пули акоят табаррукӣ,-гуфт мўйсафед. Пас аз лаҳзае сукут намудан фаҳмонд.-Дар бозор ба худат пулам нест, гуфтанам беҳуда набуд. Канӣ бинам-чӣ, дар одамон инсоф, ҳиммат, ҳоҷати касеро баровардан гуфтагӣ чизҳо ҳастандми, бошанд дар кӣ ҳастанд, ҳаминро донистан мехостам. Ба падарат раҳмат, шофир писарам! Ба будани одамони мисли худат шукр! -Аздусар ин пул бисёр аст,-гуфтам ба ростӣ. -Корат набошад,-гуфт пирамард гапи ўро бурида. -Кам гўӣ акаат боз илова менамояд. Шояд подполковник лаҳзае истад, зиёд шудани ҳаққи роҳкироро донист, ки пулро ба ҷайбам гузошт. -Ана акнун дуо медиҳам!-гуфт мўйсафед даст кушода.-Ба ёфту тофтат баракат диҳад! Аз зери мошинат доим шамол гузашта истад, шофир писарам! Аз ҳар гуна балоҳо Худаш ҳифз намояд. Худат ҳам мисли ман, мисли ана ин акоят пири бадавлат шуда гард! Тарафи мошин гашта будам, пирамард ба писараш фармуд: -Ба ман нигар, начайник! Рақами ҳамин мошинро навишта гир! Ба йигитҳоят гўй: ҳеҷ кас дар ҳеҷ куҷо нигоҳ надорад, фаҳмидӣ? -Хуб шудааст, падарҷон!-гуфт подполковник. …Писари пирамард воқеан дар соҳаи БДА кор мекунад ё не, инашро надонистаму, аз ҳамон вақт боз мошинамро дар ягон ҷо нигоҳ надоштаанд. Ҳатто як-ду маротиба йигитҳои нозири роҳ дар канори кўча истода ба ман чест доданашонро ҳам дидам! Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.