Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РОҲНАМО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

РОҲНАМО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

22-12-2017, 09:36
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
РОҲНАМО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ
Китоби Аслам Муминзод «Асосҳои фаъолияти волонтёрӣ», ки бо мақсади донистани фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон таҳия шудааст, ба хонанда имкон медиҳад, ки бо методҳои фаъолияти волонтёрӣ, роҳҳои ташкили гурӯҳҳои волонтёрӣ, навиштани лоиҳаҳо ва самтҳои фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон шинос шавад. Китоб роҳнамоест, ки хонанда низ метавонад волонтёр шуда, барои рушду ободии ватан саҳм гузорад.
«Асосҳои фаъолияти волонтёрӣ» дар доираи Барномаи милли рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018 бахшида ба Соли ҷавонон бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст.
Тавре дар пешгуфтори китоб омадааст, «дар Тоҷикистон ҳаракати волонтёрӣ солҳои охир пайдо шуда, тадриҷан инкишоф меёбад ва ба яке аз падидаҳои мусбат мубаддал мешавад».
Воқеан дар тамоми ҷаҳон фаъолияти волонтёриро ҳамчун воситаи дастгирии давлату ҷомеа пазируфтаанд ва нафарони зиёде тавассути фаъолияти волонтёрӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисоди кишвари худ ҳисса мегузоранд. Ин аст, ки бо пешниҳоди Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1985 ин ҷониб ҳар сол 5 декабр ҳамчун Рӯзи волонтёрон таҷлил мешавад. Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳар сол ҷашн мегирад.
Умуман барои волонтёр будан, миллату дин, шаҳрванди кадом давлат будан нақш намебозад. Ҳар касе, ки мехоҳад бо мақсадҳои нек ба манфиати ҷомеа фаъолият кунад, метавонад волонтёр шавад. Мақсад аз фаъолияти волонтёрӣ анҷом додани корҳои хайр барои пешрафту ободии ҷамъият аст.
Китоби мазкур ба сифати дастури методӣ дар бораи тамоми ҷанбаҳои волонтёрӣ маълумот медиҳад. Хонанда пас аз мутолиаи он дар бораи пайдоиш ва рушди ин падидаи нек дар кишварҳои ҷудогона маълумот пайдо мекунад.
А.Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: