Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хатарҳои роҳсозони Сино кай бартараф мешаванд?

Хатарҳои роҳсозони Сино кай бартараф мешаванд?

23-11-2021, 08:00
Хабарро хонданд: 2717 нафар
Назарҳо: 0
Хатарҳои роҳсозони Сино кай бартараф мешаванд?
Роҳсозиро ниёконамон амали савоб донистанд. Роҳҳои обод ҳам ба пойтахти кишварамон ҳусни зебо мебахшанду ҳам, муҳимаш дилҳои мардумро ба зиндагӣ гарм месозанд. Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳҳои ҳам хиёбонҳову ҳам кӯчаҳои калон ва ҳатто гузарҳои маҳаллаҳо мумфаршу бетонпӯш карда шуданд.
Ба ростӣ, ба ҳунари роҳсозии мутахассисон агар кас таҳсину офарин нагӯяд, ношукрӣ мешавад. Аммо вақте ки баъзе роҳсозони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои роҳсозиро то ба охир намерасонанд, барои роҳгузарон хатару мушккилиҳ эҷод мекунанд. Дар расмҳое, ки мо манзури масъулон ва хонандагони ҳафтавори «Минбари халқ» мекунем, хатарҳои эҷодкардаи роҳсозони РИР-и ноҳияи мазкур дар кӯчаи Маяковский ҳамчун далел оварда шуданд. Дуруст аст, ки сарпӯшҳои оҳанини хатҳои канализатсияҳоро нафаронеро ҳамчун оҳанпора дуздида бурдаанд, ки ин ҳолат зуд-зуд ба амал меояд (расми 1). Пас маълум мешавад, ки барои надуздидани сарпӯшҳо онҳоро аз бетон сохтан лозим меояд. Чунин таҷриба дар баъзе маҳаллаҳо натиҷаи хуб дода истодааст.
Роҳсозон дар сероҳаи кӯчаи Маяковский пиёдароҳро бетонпӯш карда, болои ҷӯйро нимкола пӯшонданд. Шояд барои пурра пӯшондани он арматураро дареғ доштанд. Агар роҳгузар эҳтиёт накунад, афтиданаш эҳтимол дорад (расми 2).
Расмҳои 3 ва 4 ба аломатҳои «зебра»-и роҳи мошингард даҳл доранд. Аломатро кашиданду вале наандешиданд, ки чӣ тавр роҳгузарон аз ҷӯйи болояшон напӯшонда бехатар мегузашта бошанд. Ҷавонону наврасон як бало карда аз ҷӯй мегузаранд, аммо пирону кӯдакон… бо азоб
Ин гуна хатарҳоро қариб дар ҳар кӯча ва маҳаллаҳои ноҳияи Сино мушоҳида карда метавонем, ки дар шаҳри боғистони мо ҳамчун доғ ба назар мерасанд.
Э. НАЗАРОВ, сокини шаҳри Душанбе
1.-Хатарҳои роҳсозони Сино кай бартараф мешаванд?
2.-Хатарҳои роҳсозони Сино кай бартараф мешаванд?
3.-Хатарҳои роҳсозони Сино кай бартараф мешаванд?
4.-Хатарҳои роҳсозони Сино кай бартараф мешаванд?
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: