Мушкилоти роҳ6-12-2018, 15:53
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Чорроҳаи тарс ва инсоф? Шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз васеъ ва обод мегардаду мо сокинон ба роҳҳои ҳамвор, бо танзимгарии чароғакҳои хубу дурбинҳои барои ронанда созгор, ки роҳҳоро воқеан камхатар кардаанд, торафт одат мекунем. Шаҳрдорӣ ҳам барои ободу замонавӣ гаштани пойтахти Ватан, хоса шабона чароғон гаштани он бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст, шоҳкориҳое зиёде кардаанд, ки аз фароғат ва амнияти шомгоҳии шаҳрвандон дастгирӣ маҳсуб мегардад. Аммо ҳаёт ҳамеша ҳамин аст, ки ҳарчанд кор бикунӣ, кор тамом намешавад, ҳарчанд бихурӣ, маънои онро надорад, ки дигар хӯрдан намехоҳӣ, ҳарчанд либос дошта бошӣ, боз рӯзе ниёзе барои либос ба бозору мағоза мекашонадат. Инак, бо тармиму азнавсозӣ ва сохтани хати нави роҳҳову эстокадаҳои муосир ҳамоно мушкили роҳ, дар шаҳри мо акуталист. Зеро сохмон ё таъмири як масир, ки муваққатан роҳи мошин дар он баста мешавад, проблемаи нави дигареро ба миён меорад. Ҳамчунин, ки бо бастани роҳи калони хиёбони Путовский дар гардиши Қарияи боло ва поинтар аз он дар гардиши маҳаллаи 82 мушкили сокинони ин маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини шаҳрро хеле зиёд кардааст. Хоса барои ронандагон, ки акнун тай кардани роҳҳои дур ба кисаи онҳо зарари молӣ меорад. Аммо, агар ин роҳ танҳо аз ҳисоби масрафи сӯзишворӣ зарарнок мешуд, як дард буд. Вале... Акнун аксаран мардум аз роҳи тангкӯчаҳои дохили маҳаллаҳо мераванд, ки ин на танҳо зарари иқтисодӣ, балки хатар ба ҷони одамон ҳам ҳаст. Зеро мусаллам аст, ки тангкӯча роҳи пиёдагард надорад. Масалан акнун як роҳи маҳаллаи 91 аз кӯчаи Навоӣ ба дарунтари маҳалла ба кӯчаи Панҷрӯд мегузарад. Ин роҳ тӯлонӣ нест, вале пурхатар ва барои нақлиёт пуросеб аст. Дар кӯчаи Панҷрӯд, ки ду роҳи баромад ба роҳҳои калон дорад, ҳар ду бо каме тармим метавонистанд, ҳоҷатбарори мардум шаванд. Аммо касе дар ин бора андешае ҳам накардааст. Зеро замони мо ҳамчунин расм аст, ки ҳар кас бояд ғами худашро худаш бихурад. Дар як масири он масҷиди Панҷрӯд ҷойгир буда, дар миёнаи маҳалла сари роҳи гузар аст, Роҳи пеши он ягона ҷойи васеъ ва ободтар дар ин масир аст. Вале ин роҳро 4-5 "лежачий политсейский " ва ё саддҳои сунъӣ душворгузар мекунанд, ки шояд барои оҳиста рондани мошинҳо онҳоро худи аҳолӣ гузошта бошад. Гоҳо бошандагони ин кӯчаҳои танг мошинҳояшонро ба ҳавлӣ надароварда сари роҳ мемонанд, ки ин мушкили мошинҳои роҳгузарро меафзоянд. Ин роҳ, ки худ он қадар ҳамвор несту боз чандин чуқуриҳо ва ду хамгаштҳои хатарнок ҳам дорад, наметавонад ҷойи сахтдавонии мошин бошад. Ду хамгаште, ки як ронанда ронандаи дигарро намебинад, ки дар рӯ ба рӯяш меояд бо он сабаб пайдо гаштаанд, ки одамон деворҳояшонро аз ҳисоби роҳ худсарона каме берунтар баровардаанд . Аз дигар сӯ чун ин макони зисти мардум аст, мусаллам аст, ки дар ин роҳ пайваста одамон равуо доранд. Мактаббачаҳо ба мактабу волидон бо боғчаравакҳо субҳу шом дар ҳаракатанд. Панҷ бор вақти ҳар намоз мусафедони маҳал ва шояд мардони бекор ба масҷид намозхонӣ мераванд, ки ин сафи пиёдагардонро дар ин кӯчаи акнун масири мошинҳо бештар мегардонад. Акнун, ки ин роҳ сермошин гаштааст, як мушкил ҳамин одамон ҳастанд, ки мутаассифона аз мошинзеркунӣ кайҳо дигар наметарсанд. На хурду на бузург. Хоса мӯйсафедон, ки пайваста аз масҷиди Панҷруд панҷ бор аз намоз мебароянд, ҳамеша аз мобайни кӯчаи мошингузар ҳаракат мекунанд. Онҳоро на овози нақлиёт водор ба бероҳа шудан аз роҳи нақлиёт мекунаду на сигнали мошин. Гӯё онҳо ба ронандагону мошинашон нафрат доранду махсус ҷелаку ҷомаҳошонро алвонҷ дода, дар мобайни роҳ бо оромӣ роҳ мераванд, яъне метавон гуфт қасдан халал мерасонанд. Шояд замоне ин маҳалла танҳо барои онҳо буду акнун оммавӣ шудааст, ки ин ба онҳо хуш намеояд. Хоса ин мушкил рӯзҳои ҷумъа сангинтар мегардад. Дар ин роҳи танг садҳо мошини майдаву калон, ки ронандагонаш барои адои намози ҷумъа меоянд, маҳшаре бапо мекунанд. Дигар одам ба мошин мезанаду мошин ба мошини дигар дар масофаи сантиметр роҳ меравад, ки хеле хатарбор аст. Аммо мардумро ҳам аз роҳ манъ карда намешаваду намози ҷумъаро низ бо масҷид бастан ғайримумкин аст, алабатта . Зеро ин мушкил муваққатисту намоз фарз. Чӣ бояд кард? Бояд намоядагони БДА дар ин рӯзҳо ва нозирони минтақавӣ дар ҳама рӯзҳо ин ҷо амалан кор кунанд. Сараввал бархе аз он "полисайҳои заминӣ" ё "хуфта"-ро бояд барканд. Дуввум тавассути нозирони роҳ танзими одамон ва мошинҳоро (то боз шудани роҳҳои асосӣ) ба роҳ бояд гузошт. Маъмулан дар олам ҳама ободиву ободкорӣ ба хотири роҳат инсон карда мешавад. Аммо аҷиб ин аст, ки роҳсозони мо вақте ки тарҳеро ба муддати солҳо оғоз мекунанд, чаро аз сарсониву зарарҳои шаҳрвандон андеша намекунанду барояшон қаблан шароит намесозанд? Мисол? Агар ба идомаи ҳамин роҳи маҳаллаи Панҷрӯд биравем тақрибан дар ҳудуди 100 -120 метр, роҳ дар ҳоли хеле баде қарор дорад. Ҳазорҳо чуқуриҳои хурду калон мошинҳоро ончунон бардорузан мекунанд, ки ҳамагӣ аз баста шудани роҳ як моҳ ҳам нагузашта, мошинҳо ба қавли як дӯсти ман "ғиҷ-ғиҷӣ" шудаанду фарсуда. Яъне дар ин гуна роҳ мошин зуд фарсуда мегардаду ба буҷаи соҳибаш хисороти калоне меорад, ки мардумро ин асабониву нороҳат мекунад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳангоми бастани роҳҳои калон масъулин роҳҳои эҳтиётӣ, ё роҳҳои кӯчаҳои тангро, ки баъдан бояд нақши роҳи асосиро бибозанд, барои фарогирии мошинҳои зиёд омода намекунанд? Охир ин бепарвоӣ на танҳо зарари иқтисодии мардум аст, на танҳо мушкили роҳгузаронро зиёд мекунад ва хатар ба бор меорад, ҳамчунин аъсоби одамро, ки дигар барқарор намешавад, хеле хароб месозад. Бемору асабонй шудани шаҳрвандон бошад, зарари калони давлат аст. Дар тамоми кишварҳои дунё аввал ғами одамонро мехӯранд, ҳарчанд сохтмони роҳи калон, ки бо сабаби он ин мушкилиҳо пеш омадаанд, низ ғамхорӣ ба мардум ва ободии Ватан аст. Мегӯянд, ки ин роҳ шояд то хеле вақт баста мешавад ва ин муддат дар ин роҳи вайрона хеле мошинҳоро аз кор мебарорад. Мушкил он аст, ки он ноҳамвориҳое, ки дар боло зикрашон рафт, дар давраи зимистон боз хатари бештаре, хоҳанд дошт. Зеро ин қисмати ками роҳ бе асфалт буда, бо бориши аввалин борон лойолуду душворгузар шуд. Боз аз қазо як хати обгузари водопровод он ҷо кафидаву об торафт роҳро вайронтар мекунад. Акнун тасаввур кунед, пагоҳ барфу яхбандӣ сар шавад ҳазорҳо мошин аз ин қитъаи роҳи пурпасту баландӣ бояд чӣ тавр гузаранд? Суол масъалаҳоест, ки ҳалли худро металабад Дар ҳоле, ки шояд 2 камаз санг ё каме асфалт ин роҳро ҳамвору бехатар гардонад ва ҳам барои даҳсолаҳо чун як роҳи хуб боқӣ бимонаду ба мардуми ин маҳалла хизмат кунад, чаро масъулини роҳ ҳамин корро накардаанд ё намекунанд? Ҳатто ин кор имкон дорад, ки дар доираи мақомоти маҳаллӣ ҳалли худро ёбад. Як мушкили умдаи дигари баъди бастани ин роҳ пайдо гашта ин чорроҳаи бечароғаки хати буриши кӯчаи аз тарафи Эстокадаи назди мағозаи Саодат ба тарафи маҳаллаи 112 баранда ....... аст, ки он ҳам хеле сермошин аст. Аммо дар ин чорроҳа, ки ду самти он роҳи асосӣ асту дутояш роҳи дуюмдараҷа садҳо мошин шому саҳар роҳи номуайяни гузар доранд. Яъне дар ин чорроҳа касе инсоф дошта бошад, мошини дигарро роҳ медиҳад, касе не, хатари яқин ҳар замон чандин мошину ронандаро мувоҷеҳ мегардонад. Ҳар боре аз ин роҳ шахсан ман мегузарам, бовар намекунам, ки мошинаи аз самти рост омада маро бо мошинам зада майда - майда намекунад. Зеро дар ин ҷойи бечароғаки роҳ- роҳи дигарҳост. Ман бошам (даҳҳо мошини дигар дар як вақт) бояд бо чашми чор мунтазири он ронандаи раҳмдиле шавем, ки моро роҳи гузар медиҳад. Масъулини мӯҳтарам "кӯза ҳам як бору ду бор сиҳат лаби об меравад ва рӯзе мешиканад". Кӣ кафолат медиҳад, ки дар ин роҳе ,ки се қатор мошин ба шаст меояд, ҳарсе баробар боинсофанду ронандаи ҳирфаӣ мебошанд ва баробар меистанду ба ронандаи интизор роҳ медиҳанд, ки мошинҳои масири дигар ҳам бигзаранд. Шояд рӯзе яке роҳ медиҳам гуфта бигзараду дигаре саросема асту роҳ надода гузаштанӣ мешавад. Медонед чанд нафарро хавфи садама таҳдид мекунад? Беҳтар нест, ки як чароғаки раҳнамо дар ин хати буриши чаҳор роҳ шинонида шаваду ҷони одамон аз хатар раҳоӣ ёбад. Ё ин ки як танзимгари ботаҷриба дар ин чорроҳа ҳамарӯза кор кунаду ҳаракати нақлиётро танзим созад? Насби дурбинҳо низ дар гардиши роҳ ба сӯйи Зарафшон аз мушкили ҳалталаби ин масир аст. Зеро роҳи пиёдагард ва ё "зебраҳо"-и пиёдагардон аз ҷониби ронандагон риоя намешаванд, ки то ин дам боиси чандин садамаҳо гаштаанд. Охир бояд ба назар гирифт, ки чӣ қадар асабҳо субҳу шом дар ин роҳҳо хароб мешаванд. Одамон дар ин замони пурмошину серодам , хеле асабониянд. Хоса, ки зимистони дар пешистода ин хатарҳои зикргаштаро, агар ислоҳ нашаванд, даҳчанд мекунад. Биёед ба ҳоли онҳое, ки роҳи гузарашон то сохтани шоҳроҳи Путовский баста шудааст, як бор аз рӯйи инсоф назар кунем. Шояд масъулин як бор ин роҳҳоро санҷиш гузаронида, ҳамон камбудиҳои камхарҷро, ки метавонанд,боиси фалокат ё зарари калони иқтисодии мошиндорҳо мешавад, бартараф мекунанду собит месозанд, ки давлат ҳамеша ғамхори мардум аст? Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.