Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Президенти Қирғизистон гуфт, ба нерӯгоҳсозони чех бовар дор

Президенти Қирғизистон гуфт, ба нерӯгоҳсозони чех бовар дор

25-07-2017, 12:47
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Қирғизистон гуфт, ба нерӯгоҳсозони чех бовар дор

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бовар дорад, ки сармоягузорони чех нерӯгоҳҳои барқии обии кишварашро бунёд хоҳанд кард. Дар ин бора президенти Қирғизистон имрӯз, 24 июл дар як нишасти хабарӣ изҳори назар кард.
Отамбоев гуфт, ҳоло бархеҳо пайдо шудаанд, ки мегӯянд, ҳукумати Қирғизистон бояд дар имзои созишномаи бунёди нерӯгоҳҳо бо ширкати чехии Liglass Trading шитоб намекард. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки лағви созишномаи бунёди ин нерӯгоҳҳо бо ҷониби Русия тасмими дуруст буд.

Президенти Қирғизистон изҳор дошт, ки баъди тамошои суҳбати сармоягузори чех Михаэл Смелик бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба бисёре аз суолҳои худ посух гирифтааст. "Баъзеҳо шубҳа доранд, вале ба назари ман, ин кор натиҷаи хуб хоҳад дод", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, сару садоҳоро атрофи ширкати мазкури чехӣ шахсоне ба миён овардаанд, ки аз иҷрои тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои Қирғизистон ҳарос доранд. "Набояд шитоб кард. Биёед, то охири август нигоҳ мекунем, агар нашуд, пас сармоягузори нав меҷӯем", - гуфт Отамбоев.

Ёдрас мешавем, ширкати Liglass Trading CZ дар озмуни бунёди 10 нерӯгоҳи хурди Қирғизистон ғолиб омада, ҳаққи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои бузурги Норини болоиро ҳам ба даст овард. Дертар нашрияи чехии aktualne.cz матлаберо дар бораи Liglass Trading CZ нашр карда, навишт, ки дар Қирғизистон як ширкати гумноми Чехия нерӯгоҳ месозад".
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: