Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАР КИ ЧУ ФАРҲОД АГАР ОБОД КУНАД…

ҲАР КИ ЧУ ФАРҲОД АГАР ОБОД КУНАД…

26-09-2018, 09:29
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
ҲАР КИ ЧУ ФАРҲОД АГАР ОБОД КУНАД…
Душанбеи дилоро рӯз ба рӯз зеботар мешавад.
Раиси шаҳраки 103 - и ноҳияи Сино Фарҳоди Камол аз зумраи он нафаронест, ки бо кӯшишҳои беандоза баҳри ободу зебо гардонидани як гӯшаи пойтахт саҳми арзанда мегузорад. Ӯ аз тоифаи он ҷавонмардонест, ки дар байни ҳаммаҳаллаҳо обрӯву эътибори хос дорад. Дар ҳар як иду айём ба тоифаи камбизоат дасти ёрӣ дароз кардану аз аҳволи ашхоси пиру барҷомонда хабар гирифтан аз одатҳои ӯст.
Фарҳоди Камол шахсест чобуку серҳаракат ва ба гуфтаи онҳое, ки ӯро аз наздик мешиносанд, нест коре, ки ӯ оғоз кардаву ба анҷом нарасонида бошад. Ташкилотчигӣ ва муносибати нек бо атрофиён аз дигар фазилатҳои неки ӯ ба ҳисоб меравад.
Дар пойтахт ривоҷ додани корҳои ободониву азнавсозиҳо оғоз гардида, ба тадриҷ суръат мегирад ва бо ҳиммати фарзандони бонангу номуси диёр намои пойтахти азиз ба куллӣ дигаргун мешавад.
Баҳри татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои амалӣ намудани қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бунёди майдончаҳои варзишӣ ва макони истироҳату фароғати сокинони пойтахт идома доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар кӯчаи Асадулло Ғуломов - 25, Бобоҷон Ғафуров - 46, 46/ 2, 46/3 тибқи муроҷиати саривақтии раиси шаҳраки 103 - и пойтахт Фарҳоди Камол майдончаҳои варзишӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Яке аз ин майдончаҳо, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд, туҳфаи арзишманд барои бошандагони ин кӯчаҳо ба ҳисоб мераванд.
Чанде пеш бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар кӯчаи Б. Ғафуров - 46 /3 аз ҷониби Маҳмуд Муродов дар масоҳати 2316 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ бо тамоми шароитҳояш сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Шодиву нишоти бошандагони ин кӯчаҳо, алалхусус кӯдаконро ҳадду ҳудуд набуд. Дар баробари онҳо раиси шаҳраки 103 Фарҳоди Камол низ изҳори хушнудӣ менамуд, зеро маҳз ба шарофати муроҷиатҳои саривақтии ӯ ин майдончаҳо бунёд гардиданд. Акнун ӯ назди худ мақсад гузоштааст, ки барои эҳтиёт кардану аз чунин майдончаҳо ба таври лозимӣ истифода намудан, чораҳои амалӣ андешад. Зеро, мутаассифона, майдончаҳое ҳам ҳастанд, ки аз беэътибории масъулини кӯчаву маҳаллаҳо ва раисону мутасаддиёни бархе шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт аллакай вайрону корношоям гардидаанд. Ҳол он ки барои бунёди чунин майдончаҳо ва гулзор кардани атрофи он маблағҳои зиёд сарф ва меҳнати зиёд зоеъ гардидааст.
- Афсӯс ҳанӯз ҳастанд нафароне, ки ба қадри ин гуна корҳои ободонӣ намерасанд, - мегӯяд Фарҳоди Камол ва илова мекунад: - Дар ифтитоҳи ҳар як майдончаи варзишию макони истироҳати сокинон ва гулгашту хиёбонҳо, ки инак, дар зарфи ду соли охир дар пойтахти мамлакатамон беш аз 170 - то ба истифода дода шуд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои масъул иштирок мекунанд ва аз бошандагону сокинони он маҳалла ё худ шаҳракҳое, ки дар он ҷо ин гуна иншоот бунёд мегардад, хоҳиш менамоянд, ки чунин неъмати истиқлолиятро мисли моли шахсии хеш эҳтиёт намоянд. Ман худ борҳо шоҳид будам, ки чӣ тавр муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигар роҳбарон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди ҳозирин роҷеъ ба ин масъала бо дилсӯзӣ сухан мекарданд ва аз онҳо хоҳиш менамуданд, ки чунин иншооти аз ҷониби давлату ҳукумат барои сокинон туҳфагардидаро ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо ба ин дархосту хоҳишҳо сокинон кам эътибор медиҳанд.
Фарҳоди Камол аз муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Бахтиёр Назирмадзода ва Раҳимзода Толиб Карим изҳори сипос карда, мегӯяд, ки онҳо доир ба кадом масъалае набошад, барои беҳбудии кор дар шаҳраку маҳалла барояш маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Ҳамзамон, дар ободонии шаҳраки 103 ва масъалаҳои ҷорӣ муовинони раиси ноҳияи Сино Сафарбек Олимов, Зафар Гулов , Аббос Саймуминзода ва раиси молияи ноҳия Файзалӣ Султонов саҳмгузорӣ карда, пешниҳодҳои неки сокинони шаҳраку маҳаллаҳоро дастгирӣ менамоянд. Дар маҷлису машваратҳо бо сокинони шаҳрак вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Сино Ҷамшед Саидзода Ҳамро низ мудом ширкат варзида, барои некӯаҳволии бошандагони шаҳраку маҳаллаҳо андешаҳои ҷолиб баён менамоянд.
Оре, Фарҳоди Камол бо дили гарму нияти нек баҳри пешрафту шукуфоии шаҳраки 103, ки як гӯшаи пойтахти кишвар аст тибқи маслиҳату дастури роҳбарони шаҳру ноҳия амал мекунад. Дар арафаи Иди Қурбон аз ҳисоби худаш ба 50 нафар оилаҳои камбизоат ва маъюбу барҷомондагони ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва ноҳияи Ваҳдат кумаки моддӣ расонид. Бо ҳиммати ӯ дар кӯчаи А. Ғуломов - 25 ва 27 - и пойтахт дар масоҳати 100 метри мураббаъ сангу қум рехта, қубури обрав бо дарозии 100 метр аз таъмир бароварда шуд. Дар кӯчаи Асадулло Ғуломов - 33 як чоҳи фурӯрафта низ таъмир шуд. Зикр бояд кард, ки барои иҷрои ин корҳои савоб соҳибкорон- Раҳматулло ва Зоир Тӯраевҳо, Зикриддин Раҳимов, Наҷмиддин Абдуллоев, Қурбон Раҳматов ва Зафарҷону Бахтиёр кумак расониданд, ки раиси шаҳраки 103 барояшон аз номи сокинони кӯча изҳори миннатдорӣ кард.
Фарҳоди Камол узви фаъоли ҲХДТ буда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунад ва мақсади асосиаш дар зиндагӣ ба нафъи мардум хизмат кардан аст. Ҳаммаҳаллаҳо ва онҳое, ки раиси шаҳраки 103 - и ноҳияи Сино Фарҳоди Камолро мешиносанд, бо боварию дилпурӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бо ташаббусу кӯшиши ин марди дилсӯз корҳои зиёди шоён ба иҷро мерасад.
Бо ин ҳама серкорӣ акаи Фарҳод сарварии гурӯҳи ҳунарии "Фарҳоди Дарё" - ро низ ба зимма дорад ва худ бо чандин забонҳои гуногуни дунё суруд мехонад. Лозим ба ёдоварист, ки ин гурӯҳ ҳамеша дар тӯю маъракаҳои бошандагони камбизоати шаҳраки 103 ройгон хизмат мерасонад. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик барои маъюбону камбизоатон як консерти ройгон баргузор намояд.
- Моҳи октябр сафари ҳунарии гурӯҳамон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст,-гуфт дар фароварди суҳбат Фарҳоди Камол ва илова кард: - Ҳамин ки баргаштем, боз ба хизмати халқу Ватан камар баста, ба корҳои ободонии худ давом хоҳем дод.
Дар иҷрои ин иқдоми неку ба ӯ ва ҳаммаслаконаш муваффақият таманно дорем. Зеро ҳар ки чун ин мард ободкорӣ кунад, ҳусни шаҳрамон даҳҷанд меафзояд.

Ю. Солеҳов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: