Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Афғонистон ба Тоҷикистон ваъда дод, ки қарзи ҳаққи неруи барқро бармегардонад

Афғонистон ба Тоҷикистон ваъда дод, ки қарзи ҳаққи неруи барқро бармегардонад

19-11-2021, 09:02
Хабарро хонданд: 404 нафар
Назарҳо: 0
Афғонистон ба Тоҷикистон ваъда дод, ки қарзи ҳаққи неруи барқро бармегардонад

/АМИТ «Ховар»/. Корпоратсяи давлатии энергетикии Афғонистон (DABS) ваъда дод, ки дар кӯтоҳтарин муддат қарзи неруи барқро пардохт хоҳад кард, иттилоъ медиҳад шабакаи «Tolo news».

Роҳбарияти DABS дар муроҷиати худ ваъда дод, ки қарзро бармегардонад. Сухан дар мавриди қарздорӣ дар назди кишварҳои Осиёи Марказӣ меравад. Шабака зикр менамояд, ки қарзи Афғонистон барои ҳаққи қувваи барқ тақрибан 62 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор $25 млн доллар ба Эрон, $11,1 млн доллар ба Тоҷикистон, $9,9 млн доллар ба Узбекистон ва $5 млн доллар ба Туркманистон рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, ҳар моҳ Афғонистон барои неруи барқи воридшуда 22-25 млн доллар пардохт менамояд.

«DABS тасмим гирифтааст, то дар муддати кӯтоҳ қарзҳоро ба кишварҳои ҳамсоя пардохт намояд»,-иброз медорад шабака бо истинод ба гуфтаи раиси DABS Ҳикматуллоҳ Нурзай.

Тавре аз палатаи саноат ва маъдани Афғонистон иттилоъ доданд, соҳибони фабрикаҳо ва чанд корхонаи кишвар дар сурати қатъи неруи барқ аз ҷониби кишварҳои воридкунанда маҷбур мегарданд фаъолияташонро қатъ кунанд.

«Фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ аз қувваи барқ вобастагии зиёд дорад, агар барқ набошад, мушкилот зиёд хоҳанд шуд»,-гуфт директори кулли палата Муҳаммад Карим Азимӣ.

Тавре сардори маркази матбуоти «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, Тоҷикистон яке аз содиркунандагони асосии неруи барқ ба Афғонистон мебошад.

Тибқи шартнома миёни «Барқи тоҷик» ва ширкати саҳомии афғонии «Да Афганистан Брешна Ширкат» (DABS), Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон дар мавсими зимистон ҳудуди 25-30 мегаватт неруи барқ интиқол медиҳад. Тобистон ширкат ба Афғонистон 500 мегаватт неруи барқ содирот менамояд.

Қаблан DABS ба кишварҳои ҳамсоя-содироткунандагони қувваи барқ-Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон мактуб оид ба пардохти қарзи худ ирсол намуда буд.

Инчунин ширкати афғонӣ ба намояндагии СММ ҷиҳати кумак расонидан дар ҳалли ин мушкилот муроҷиат намудааст. Намояндагони DABS зикр намуданд, ки дар сурати набудани сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба онҳо лозим меояд, то аз худи афғонҳо, навобаста аз вазъи зиндагияшон маблағро ҷамъоварӣ намоянд.

Вазъият аз он ҷиҳат мураккаб гаштааст, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ аз сабаби хушксолӣ захираҳои энергетикӣ маҳдуд шуданд.

Нурзай изҳор дошт, ки ҳоло дар кишвар камбуди неруи барқ нест, аммо дар сурати қатъи он аз ҷониби Осиёи Марказӣ вазъият бад мешава.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: