Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ширкати чехии Liglass Trading CZ омода аст, дар лоиҳаи силсила нерӯгоҳҳои Норини болоӣ наздики 500 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.

Ширкати чехии Liglass Trading CZ омода аст, дар лоиҳаи силсила нерӯгоҳҳои Норини болоӣ наздики 500 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.

19-07-2017, 11:09
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Ширкати чехии Liglass Trading CZ омода аст, дар лоиҳаи силсила нерӯгоҳҳои Норини болоӣ наздики 500 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.
Ширкати чехии Liglass Trading CZ омода аст, дар лоиҳаи силсила нерӯгоҳҳои Норини болоӣ наздики 500 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.

Дар ин бора намояндаи ширкат Йиржи Войтеховски рӯзи 18 июл хабар дод.
Ба гуфтаи вай, 10 июл барои сохтмони марҳилаи аввал - неругоҳи Акбулун ва неругоҳи Норин-1, ки сармояаш 230 млн долларро дар бар мегирад, шартнома имзо шудааст. "Тавре мо ваъда карда будем, як ҳафта баъди имзои шартнома гуруҳи муҳандисон ва мутахассисон ба таҳқиқи аввалия омаданд", - гуфт вай.

Вейтеховски афзуд, ки ҳамаи сармоягузорӣ бе кафолати ҳукумати Қирғизистон ҷараён мегирад. Тавре вай гуфт, ҳамаи баҳсҳо дар асоси қонунгузории Қирғизистон ҳал мешаванд. "Агар мо иштибоҳ кардему ваъдаҳоро ба иҷро нарасонидем, пас тақрибан 57 миллион долларро дар фонди оинномавии "неругоҳи Норини болоӣ" боқӣ мегузорем. Ҳамаи андозҳоро мо пурра пардохт мекунем, имтиёзе надорем", - илова кард намояндаи ширкат.

Вай гуфт, раиси ширкат Михаел Смелик 26 июл ба шаҳри Бишкек меояд ва ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳад. "Мо чехҳо сармоягузорони ҷиддӣ ҳастем ва мардуми қирғизро ҳаргиз ноумед намекунем", - гуфт Йиржи Войтеховски.

Пештар аз ин сомонаи чехии aktualne.cz навишт, ки ширкати ношинохтаи Liglass Trading CZ дар Қирғизистон нерӯгоҳ месозад. Муаллифони матлаб навиштанд, ки ширкати Liglass Trading CZ барои сохтмони нерӯгоҳ садҳо миллион долларро аз куҷо пайдо мекунад.

"Гардиши сармояи ширкат то кунун ҳамагӣ чанд ҳазор долларро ташкил медод ва дар соли 2014 ширкат миллион крон (наздики 25 ҳазор доллар) зарар дида буд", - омада аст дар матлаб.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: