Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Толибон 4 нафар иштирокчии ҳамла ба бемористони ҳарбии Кобулро маҳв намуданд

Толибон 4 нафар иштирокчии ҳамла ба бемористони ҳарбии Кобулро маҳв намуданд

4-11-2021, 08:25
Хабарро хонданд: 103 нафар
Назарҳо: 0
Толибон 4 нафар иштирокчии ҳамла ба бемористони ҳарбии Кобулро маҳв намуданд
Чор тан аз 6 нафар иштирокчиёни ҳамла ба бемористони ҳарбии Кобул аз ҷониби ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон»* кушта шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU хабар медиҳад, дар ин бора намояндаи ҳаракати Ҳикматулло Ҷамол ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, кушташудагон миёни мардуми одӣ, ки дар натиҷаи ҳамла ба бемористони ҳарбии ба номи Сардор Муҳаммад Довуд Хон ба амал омад, зиёданд. Новобаста ба ин ӯ рақами мушаххасеро нагуфт.

Қаблан ВАО-и маҳаллӣ дар бораи марги 23 тан ва захмӣ шудани 50 нафар иттилоъ дода буданд. Агентии итилоотии Aamaj News бо истинод ба сарчашмаҳо аз марги 19 нафар ва захм бардоштани 43 тани дигар хабар дод. Маъмурияти Маркази тиббии ғайридавлатии «Emergency» дар Кобул дар Твитер навиштааст, ки ба назди онҳо 9 нафарро овардаанд.

Сардори маркази матбуоти ВКД-и толибон Қорӣ Саид Хостӣ иттилоъ дод, ки таркиш дар назди даромадгоҳи бемористони ҳарбии ба номи Сардор Муҳаммад Довуд Хон дар ноҳияи 10-уми Кобул ба амал омадааст.

Ягон гурӯҳи мусаллаҳи амалкунанда дар Афғонистон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифт.

/АМИТ «Ховар»/

____________________________
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: