Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “5 таркиш дар Кобул”

“5 таркиш дар Кобул”

27-08-2021, 08:52
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
“5 таркиш дар Кобул”

27.08.202:- Дирӯз дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, панҷ таркиш рух дод, ки дар пайи он даҳҳо нафар мардуми ғайри низомӣ, 12 сарбози амрикоӣ ва садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд
Чаҳор таркиш, ки , ҳамлаҳои интиҳорӣ буданд,ки дар маҳалли майдони ҳавоӣ ва як таркиши дигар дар макони Пули сӯхта, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул рух додааст.
Муҷибурраҳмон Козимӣ, сокини Кобул, ки дар фурудгоҳи Кобул қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ду инфиҷор ҳангоми намози шом ва ду инфиҷори дигар миёни соатҳои 10 то 11 – у 30 дақиқаи шаб ба вақти Кобул рух дод.
“Таркишҳо хеле мудҳиш буданд. Ҳамагӣ дар фурудгоҳ рух доданд. Ҳоло як дарҳамбарҳамии даҳшатборе дар маҳал ҳукм меронад. Аслан касе ба ҳисоби чизе намеравад. Кормандони ёрии таъҷилӣ нестанд, мардум захмиёнро худашон ба шифохона интиқол медиҳанд”, - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои ин манбаъ, дар пайи инфиҷорҳо дар фурудгоҳи Кобул беш аз 100 нафар куштаву ҳудуди 200 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамзамон аз кушта шудани 12 сарбози амрикоӣ низ гузориш дода мешавад. Аммо ин иттилоъро наметавон аз ягон марҷаъи расмӣ дақиқ кард ва сиҳат доштани онро таъйид намуд.
Тақрибан соати 9 як инфиҷори дигар дар соҳаи Пули сӯхта, макони маъруф ба маҳалли муъдодон, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул рух дод. Судай Ҳусайнӣ, сокини ин маҳал, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки як мошини “Ренҷер” – и ҷангиёни Толибон* мавриди ҳамла қарор гирифта, чаҳор тани онҳо ба ҳалокат расидаанд.
“Ҳама аз ҷои ҳодиса фирор кардем, то ба мушкил гирифтор нашавем”, - гуфт ӯ.
Ҳамлаи аввал ба фурудгоҳи Кобулро шохаи “Хуросон” – и гуруҳи Давлати исломӣ (ДОИШ, гуруҳи мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) ба зимма гирифт.
Ин гуруҳ рӯзи сешанбе тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон эълон карда буд, ки ба фурудгоҳи Кобул ҳамла хоҳад бурд. Иддае ҳам бар инанд, ки ин кори худи гуруҳи Толибон* (мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) аст, ки ба хотири тарсонидани мардуми ҷамъшуда ва ҳам низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул роҳандозӣ шудааст. Аммо ҳамла ба мошини ҷангиёни толиб аз сӯи кадом гуруҳ анҷом шудааст, маълум нест.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: