Дар доираи аксияи “
Амалҳои коррупсиониро маҳкум менамоем”, ки бо супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд эълон карда шудааст, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ аз рӯи нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳраки Сарвода, Шабакаҳои барқи, Амонатбонк ва Тоҷпромбонк корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро ба роҳ монд. Раиси комиҷроия дар баромадаш қайд намуд, ки мубориза бар зидди корупсия танҳо вазифаи кормандони Агентӣ нест. Мо бояд оиди ҳамин масъала бетарафӣ накунем. Мо аъзоёни ҲХДТ ва тарафдорони ҳизб бояд бар зидди корупсия мубориза барем. Роҳбарони ташкилотҳои номбурда ва иштирокчиён гуфтаҳои Раиси Комиҷроияро дастгирӣ намуданд. Ҳамзамон аз тарафи иштирокчиён таклиф шуд, ки барои тарғибу ташвиқ аз ҳисоби собиқадорон, ки машваратчӣ ва маслиҳатчӣ ҳастанд, сафарбар карда шавад.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд