Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мафҳум ва принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия

Мафҳум ва принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия

11-10-2015, 07:00
Хабарро хонданд: 381 нафар
Назарҳо: 0
Мафҳум ва принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсияКумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба баргузор намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 1-ум то 10-уми октябр дар ташкилотҳои ибтидоӣ аксияи мазкур баргузор гардид. Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд» бо иштироки аъзоёни ҲХДТ аксияи мазкур баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ аъзои гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов дар мавзӯи «Мафҳум ва принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия» баромад намуд ва дар маърӯзи худ аз нуқтаҳои асосии коррупсия – кирдоре, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар карда шуда, бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир кардани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, махсусан дар бораи вазъи кунунии сиёсию иҷтимоии мамлакат, дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва аз ҷумла дастовардҳои замони истиқлолият баромад кард. Дар чорабинӣ фаъолон низ фикру андешаҳои худро баён намуданд ва миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо баргузор гардид.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: