Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ФАРҲАНГӢ – МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ” Ё “ОИЛАИ БЕҲТАРИНИ ҶАВОН” ОҒОЗ ГАРДИД

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ФАРҲАНГӢ – МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ” Ё “ОИЛАИ БЕҲТАРИНИ ҶАВОН” ОҒОЗ ГАРДИД

27-10-2021, 13:35
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ФАРҲАНГӢ – МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ” Ё “ОИЛАИ БЕҲТАРИНИ ҶАВОН” ОҒОЗ ГАРДИД

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи кории худ озмуни фарҳангӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Оилаи намунавӣ” ё “Оилаи беҳтарини ҷавон”-ро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор намуда истодааст.
Озмуни мазкур дар ду марҳила, яъне марҳила якум дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт баргузор гардида, ғолибон ба даври ниҳоии озмун роҳхат мегиранд, марҳилаи дуюм дар сатҳи шаҳри Душанбе миёни ғолибони ноҳияҳои пойтахт баргузор гардида, беҳтаринҳо қадрдонӣ мегарданд.
Марҳилаи аввали озмуни мазкур дар 4 ноҳияҳои пойтахт баргузор гардида, санаи 26 октябр даври шаҳрии озмун аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони пуртаҷрибаю рӯзгордида интихоб карда мешаванд.
Шартҳои озмун:
1. Муаррифӣ (1 дақиқа);
2. Бахши рӯзгордорӣ: Омода намудани навъи таом барои нишасти нисфирӯзӣ. Эзоҳ: иштирокчиён таомро дар хона тайёр карда, дар озмун ба ҳайати ҳакамон пешниҳод менамоянд (пешаки навори видеои омода карда шавад), (2 дақиқа барои ҳайати ҳакамон);
3. Бахши маънавӣ: Саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғайраҳо (4 дақиқа);
4. Бахши фароғатӣ: Қироати шеър, сароидани суруд, аз ҷумла аллаи модар, иҷрои рақс ва ғайра (4 дақиқа);
5. Бахши ҳаҷвӣ: ба иштирокчиён саволнома пешниҳод мешавад, бояд ба таври шухиомез ҷавоб гардонанд (3 дақиқа);
6. Бахши фарҳангӣ: Иҷрои саҳнаи тарбиявӣ вобаста ба маърифати оиладорӣ бо иштироки аъзои оила (7 дақиқа);
7. Бахши андарзӣ: Иштирокчиён метавонанд ба дигарон суханони пандомез ва насиҳат намоянд, инчунин вазифаҳои мард ва занро дар оила муайян намуда, ба дигарон ироа созанд (1 дақиқа).
8. Бахши андарзӣ: Тасвир ва тавсифи китобҳои хондашуда нисбат ба оила ва оиладорӣ бо иштироки аъзоёни оила” (5 дақиқа).
9. Бахши фарҳангӣ: Аз ҷониби аъзоёни оилаҳо пешниҳод намудани малакаҳои корҳои дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (5 дақиқа).
Бояд қайд намуд, ки ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ мегарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: