Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «ЗЕБОСАНАМ-2019». Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни зебоӣ ва ҳунар баргузор мегардад

«ЗЕБОСАНАМ-2019». Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни зебоӣ ва ҳунар баргузор мегардад

5-08-2019, 14:41
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
«ЗЕБОСАНАМ-2019». Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни зебоӣ ва ҳунар баргузор мегардад
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи август таҳти унвони «Зебосанам -2019» Озмуни ҷумҳуриявии зебоӣ ва ҳунар баргузор намояд. Дар ин бора аз ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, баргузории даври аввали интихобии озмун 6 август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз гузаронидани озмун- эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои зерин ва риояи вақти муқарраргардида доир мегардад: муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нишондодҳои оморӣ, қисмати зиёди ҷомеаи Тоҷикистонро насли ҷавон ва хусусан ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин қишр асосан дар марҳилаи гузариш аз айёми ҷавонӣ ба солорӣ қарор дорад, аз ин рӯ ҳарчи бештар ташкил намудани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва озмуну маҳфилҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ миёни онҳо мувофиқи мақсад аст.

Дар ҳамин радиф, бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавондухтарон ва болидахотирии онҳо пайваста озмунҳои гуногуни маърифатӣ-зеҳнӣ ташкил карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: