
Роҳҳо печ-печу даҳшатзо,
Пайраҳе ку барад ба кўҳистон?
Сар бимонӣ ба санги оғўшаш,
То шавад дур хастагӣ аз ҷон.
Чашмае нест ҷўшад аз шодӣ,
Коҷҳо ранги рўзадоронанд.
Баргҳое хазон ба гўши замин
Охирин байти зистро хонанд.
Бар сару рўю дида мекўбад
Боди шабгард, дар ду ҷайбаш хок.
Сокинонаш зи умқи ин тўфон
Дида дўзанд бар дигар амлок…
Моҳ беҳолу хаста метобад,
Чеҳрааш ранги коҳро дорад.
Ҳамчу ман ўст дар диёре ғайр?
Синааш доғи «оҳ»-ро дорад.
УСТУНИ ДУНЁ
Қомати ў буд бас боло,
Одамияш боз болотар.
Дар радифи ин ду болоӣ
Чеҳрааш метофт авлотар.
Нарм-нармак ў сухан мегуфт,
То ки мўреро наёзорад,
То ки дар қалби ҳаводорон
Донаҳои меҳрро корад.
Ў намехандид бо қаҳ-қаҳ,
Хандаи ў як табассум буд.
Дар ниҳоди ин табассум, бас
Шўълаи хуршеду анҷум буд.
Дар замин оҳиста по мемонд,
То нахезад гардҳои роҳ.
Ҳарфи сарбасти варо мехонд,
Буд аз дарди замин огоҳ.
Аз нигоҳи меҳрбори ў
Дил ҷудо, маънӣ ҷудо мерехт.
Худ, ки аз зоти расулон буд,
Аз рухаш нури Худо мерехт.
Шоҳ буду аз азал табъан
Душмани ҷоҳу ҷаҳолат буд.
Аз ҷавоҳири ҷаҳон танҳо
Дар кафаш санги адолат буд.
Бавн меҷустанд гар доим
Сифлагоне аз садои ў.
Лек бо сар саҷда мекарданд
Ҷонварон дар пеши пои ў.
Аз нигоҳаш нур меборид,
Хуни ў марҳуни дунё буд.
Дар миёни хоку арши давр
Бешак, ў устуни дунё буд.
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР