Зоти гӯсфанди ҳисорӣ6-07-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Водии Ҳисор яке аз минтақаҳои қадимтарини ҷумҳуриямон буда, аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ва релеф ба худ муҳити хосро дорост. Дар муҳити атрофи ин водии зарнисор зоти гӯсфанд парвариш меёбад, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодию биозоотехникӣ дар тамоми дунё машҳур аст.
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ дорои хусусиятҳои хоси биологӣ-калонҷусса, мутобиқат кардан ба ҳама гуна боду ҳаво (намӣ, хунукӣ, борон, барф) буда, аз рӯйи хусусиятҳои иммуногенетикӣ организмашро аз ҳама гуна касалиҳо ҳимоя мекунад. Нишондиҳандаҳои намуди зоҳирии (экстериери) ин зоти гӯсфанд (ҳолати ҷоғи боло, ҷоғи поён, пешонӣ, гарданбаландӣ, дарозии бадан, гирдии қафаси сина ва ғайра) хеле хуб инкишоф ёфтааст. Ҳолати узвҳои дарунӣ (интерер)-дандонҳо, забон, гулӯ, меъда, рӯдаҳои ғафс, рӯдаҳои борик, рӯдаи рост инчунин узвҳои асосӣ дилу ҷигар, шуш ва гурдаҳо дар истифодаи ҳамагуна ғизоҳои табиие, ки дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо ба амал меояд, устувор мебошанд. Натиҷаи парвариш дар давоми солҳо нишон дод, ки организми он ба шароитҳои дар боло зикршуда, ба гирифтани вазни хуб (гӯшту чарб) дар ҳама давра мувофиқ аст. Вазни зиндаи гӯсфанди мода то 90 кг ва вазни наринааш бошад, дар шароити нигоҳубини махсус аз 120 кг зиёд мешавад. Асосан думбаи гӯсфанд гирдмонанд буда, аз 10 то 30 кг вазн дорад. Маҳсулоти дигари гӯсфанд шир буда, таркибаш аз сафеда ва витаминҳо бой мебошад. Баъзе гӯсфандпарварон дар як рӯз аз як гӯсфанд аз 0,5 то 1 л шир меҷӯшанд. Афзоиши пашм дар пӯсти он хеле суст буда, дар як сол ба ҳисоби миёна аз 1 то 2 кг пашм мегиранд. Хосияти хуби дигари гӯсфанди мазкур дар он аст, ки нигоҳубини махсусро талаб намекунад, зимистон онҳоро ба ҷойҳои бебарф ронда ва тобистон ба чарогоҳҳои тобистонаи наздик мебаранд. Онҳо муҳити хушкро нағз мебинанд, муҳити намнокиаш зиёдро кам қабул мекунанд, ба хунукӣ тоқатоваранд. Дар даврони Шӯравӣ парвариш ва афзоиши саршумори гӯсфанди зоти ҳисориро дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озорбоҷон, Ӯзбекистон низ ба роҳ монда буданд. ©Бахтиёр Раҳимов, мутахассиси шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.