ПАРЧАМИ ИКБОЛ Тарона20-12-2017, 13:55
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Мову Ватан чун матоъ Бастаи як риштаем, Мову ватан чун самар Ҳосили як киштаем. Пуштаи сабзи ватан Пуштаи амвоҷи мост. Шуҳрати мо тоҷи ӯ Қуллаи ӯ тоҷи мост. Руд шавад чун Ватан Панҷаи соҳил шавем. Рӯзи алам дар бараш Тантанаи дил шавем. Давлати мо ганҷи ӯ, Ганчи Ватан моли мост. Парчами озодияш Парчами иқболи мост. Мову Ватан дар масал Шохи гули атласем, Баъди каме «арбада» Боз ба ҳам мерасем. Мову Ватан беғулув Устуни як хонаем. Мову Ватан аз азал Мағзаки як донаем. Ҳамроҳи Авлиёпур |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.