Сияҳпушони ранголуд!26-07-2017, 10:11
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
Сияҳпушони ранголуд! Ба ранги худ раҳи умеди моро тира месозед, Ду чашми рушани дунёи моро хира месозед, Сад афсӯс бо садои дилбариву хандареши худ, Касе овора месозед, варо бечора месозед. Сийяхпущони ранголуд! Чу ашки шаб шумо афсунгари дунëи фониед, Ба зоҳир хамчу моҳу пуртаққалуб "ёри ҷониед", Шумо ҷохилу гумроҳед, чу ақраб зери ҳар чоҳед, Ба роҳи номуродӣ сад дилеро пора месозед. Сийяхпушони ранголуд! Ба шаҳри мо набуд ин ҷурӣ рангинӣ, Даруни синаи ошиқушон ин кадр сангинӣ, Шумо бар қалби покон кардаед пайдо бадкинӣ, Кунун дар мулки танҳоӣ ҳама овора месозед. Сияхпущони ранголуд! Бас аст афсона гуфтанхо, ба роҳи дида хуфтанҳо, Ба роҳи рафтаи мо айб ҷустанҳо, Чу зарпече ба роҳи дили мо боз рустанҳо Аналҳак, дар талоши ишқи мармузӣ худоро зора месозед. Тағоймуроди Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.