Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» қабул гардидааст

Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» қабул гардидааст

12-10-2021, 08:29
Хабарро хонданд: 415 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» қабул гардидааст

ДУШАНБЕ, Имрӯз фарбеҳӣ яке аз мушкилоти ҷаҳон маҳсуб мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар ҷаҳон 650 миллион нафар калонсолони аз 18-сола боло ва зиёда аз 120 миллион нафар кӯдакони фарбеҳ ҳастанд. Фарбеҳӣ яке аз омилҳои асосии хавф барои фавт мебошад. Тақрибан 3 миллион нафар ҳар сол бар асари вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ мемиранд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2025 дар саросари ҷаҳон 2,7 миллиард нафар калонсолон аз вазни зиёд ва фарбеҳӣ азият мекашанд.

Фарбеҳӣ ба рушди бисёр бемориҳо, аз ҷумла диабети қанди намуди II, бемориҳои дил, гипертония, бемориҳои музмини гурда ва баъзе намудҳои саратон мусоидат мекунад. Инчунин ҳангоми пандемия маълум шуд, ки нафарони фарбеҳ хатари вазнин гузаронидани коронавирусро доранд.

Дар ҷаҳон паҳншавии фарбеҳӣ дар кӯдакон ва наврасон низ меафзояд: дар кишварҳои пешрафта наврасон то 25% вазни зиёдатӣ ва 15% фарбеҳӣ доранд. Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» қабул шудааст. Пеш аз қабули онмасъалаи вазни зиёдатии шаҳрвандон дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ гардид.

Тибқи маълумоти пажӯҳиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2019 нашр шуда буд, 17% аҳолии Тоҷикистон вазни зиёдатӣ ва 11,3% фарбеҳӣ доранд. Илова бар ин, қариб дар 5% кӯдакони синни мактабӣ фарбеҳӣ мушоҳида шудааст. Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон иброз медорад, ки аксар вақт сокинони мамлакат хӯроки зиёд -2617 килокалорияро як узви хонавода истеъмол мекунад, ки ин аз меъёри тавсиякардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зиёд мебошад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки сокинони мамлакат маҳсулоти орд ва шириниҳоро аз ҳад зиёд истеъмол менамоянд. Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, маҳсулоти нон дар солҳои гуногун дар ғизои тоҷикон аз 36,5% (2012) то 28% -ро ташкил медод. Хусусан занони хонанишин аз вазни зиёдатӣ осебпазиранд: имрӯз беш аз 7% занони синни қобили таваллуд дар Тоҷикистон фарбеҳанд ва то 42% вазни зиёдатӣ доранд. Рӯзноманигорон зикр мекунанд, ки модарони кӯдакони болиғ дар Тоҷикистон аксар вақт аз кори рӯзмарра озод мешаванд, зеро ҳама корҳои хонаро келинҳо ё духтарони қадрас анҷом медиҳанд. Ва дар натиҷа, набудани фаъолияти ҷисмонӣ ва хӯрдани миқдори зиёди хӯроки дороиоҳар боиси вазни зиёд ва фарбеҳӣ мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: