Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ғизо-тамоми ҳақиқат оид ба он

Ғизо-тамоми ҳақиқат оид ба он

13-05-2019, 09:20
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
Ғизо-тамоми ҳақиқат оид ба он
Мебинем, ки хӯрок тӯли мавҷудияти инсоният чи гуна «инқилоб» кардааст ва имрӯз мо чи гуна дар алоқа бо ин ба чӣ натиҷа расидаем.
Чил ҳазор сол пеш ҳама чииз оддӣ буд-қандҳо дар дарахт намерустанд ва ҳасибҳо дар меъд он, ки мо чӣ истеъмол мекунемаи одами ибтидоӣ ҳал намешуданд. Одамони қадим шикор ва решаи рустаниҳоро ҷамъоварӣ мекарданд. Ба даст овардани ғизо кори душвор ва то андозае хатарнок буд. Эволютсия тибқи хоҳиши худ рафтор кард-дар қисми қадимтарини мағзи сари мо-системаи лимбитикӣ марказҳои «мукофот» рушд карданд, ки барои зинда мондан ва давомдиҳии насл ҷавобгӯ буданд. Се намуди асосии рафтор вуҷуд дорад:
1. «Мубориза ё фирор». Занҷираи ҳиссаҳои кимиёвӣ, физикӣ ва психологие, ки бо ҳолатҳои барои зиндагӣ таҳдидовар ва хатарзо мубориза мебарад. Ин вокуниш дар одамони ибтидоӣ рушд меёфт ва кумак мекард, ки онҳо аз хатари ҳуҷуми ҳайвоноти дарранда эмин монанд.
2. Рафтори репродуктивӣ. Системаи «мукофотонидани» майнаи сар чунин ба роҳ монда шудааст, ки алоқаи ҷинсӣ на танҳо ҳаловатбахш аст-ин дар навбати аввал барои давом додани насл мебошад.
3. Рафтори ғизоӣ. Системаи рефлекс, одат, фикр, ҳиссиёт, амалҳо, аз ҷумла амалҳои даркнашавандае, ки бо ғизо алоқаманд ҳастанд. Майнаи сари одамӣ чунин аст, ки ҳангоми тановули хӯроки болаззат реаксияҳо ба ҷунбиш меоянд ва дар натиҷаи онҳо ихроҷи моддаҳои дорои хосиятҳои «наркотикӣ» ба амал меояд. Дар натиҷаи ин инсон ҳаловат, қаноатмандӣ ва бедардиро ҳис мекунад.
Мо гумон мекунем, ки пурра рафтори ғизоии худро назорат мекунем, аммо дар воқеият дар ҳолати ҳис кардани таъми хӯроки болаззат назорати дарк кардан маҳдуд мешавад.
Инро ба назар гирифта, технологҳои саноати озуқаворӣ навъҳои нав ба нави маҳсулотро истеҳсол мекунанд ва интизори он ҳастанд, ки истеъмолкунанда назоратро гум карда, онро ба миқдори зиёд истеъмол хоҳад кард.
На танҳо худи ғизо, балки фарҳанги истеъмоли он ба куллӣ тағйир ёфт. Пеш раванди хӯрокхӯрӣ маросим буд, миёни бисёр мардумон он бо хондани дуо оғоз меёфт ва саросемагиро намепазируфт. Тамоми оила сари дастархон ҷамъ мешуд. Одамон саросема нашуда, тановул мекарданд. Дар бисёр фарҳангҳо сӯҳбатҳо сари дастархон дастгирӣ карда намешуд-«ҳангоме, ки ман хӯрок мехӯрам, ман гунгу кар ҳастам». Дар фарҳангҳои дигар баръакси ҳол буд-тановули ғизо барои муошират мусоидат мекард, давомдор ва бидуни саросемагӣ буд.
Ҳама дар 20-30 соли охир тағйир ёфт. Ин аз Ғарб оғоз гардид-рӯйи кор омадани фаст-фуд (хӯроки тезтайёр)-ҳо, силсилаи нуқтаҳои хӯрокҳои тезтайёр, полуфабрикатҳо дар марказҳои савдо, ғизои дастрас дар кӯчаҳо. Д.Кесслер, доктори тиб, ки солиёни зиёд дар раёсати назорати сифати маводи ғизоии ИМА фаъолият дошт, дар китоби худ «Анҷоми пурхӯрӣ» (с.2010) далелҳоеро меорад, ки дар давоми солҳои 1988-91 дар Амрико шумораи ашхоси фарбеҳ бамаротиб афзуд. Сеяки аҳолӣ аз вазни зиёдатӣ азоб мекашид. Дар 12 соли баъдӣ боз 8 фоизи аҳолӣ, ки 20 миллион нафарро ташкил медод, фарбеҳ шуданд. Кесслер зиёд шудани шахсонеро, ки аз вазни зиёд ранҷ мебурданд, бевосита бо зиёд шудани шумораи нуқтаҳои хӯроки тезтайёр алоқаманд медонист.
Баланд шудани суръати маҷрои зиндагӣ ба маҳдуд гаштани вақти истеъмоли ғизо овард. Саросема хӯрок хӯрдан, онро ба танзим надаровардан ба зиёд шудани вазн оварда мерасонад.

Махсусияти ғизои гузаштагони дури мо:
1. Миқдори ками қанд ва карбонҳои тозакардашуда.
2. Миқдори зиёди равғанҳои «омега-3» дар таркиби маҳсулоте, чун моҳӣ, сайд ва растаниҳои табиӣ.
3. Миқдори мувозинатшудаи сафеда, равғанҳо ва карбонҳои дербалъамидакунанда.
4. Миқдори зиёди витамин ва минералҳо.
5. Миқдори зиёди ғизои рустанӣ, ки таркиби хунро ба меъёр меорад.
6. Миқдори ками натрий (намак).
7. Миқдори зиёди нахҳо.
Кадом мардумони муосир имрӯз метавонанд чунин ғизоро истеъмол кунанд? Гумон меравад, ки имрӯз ягоне аз онҳо.

«Парҳез» (диета)-и инсони муосир, ки ба фарбеҳшавӣ, бемориҳои гуногун, аз ҷумла рӯҳӣ меорад:
Аз ҳад зиёд будани карбогидратҳои тозашуда (шириниҳо, нӯшокиҳои саноатӣ, маҳсулоти хамирӣ, биринҷи тозакардашуда, маҳсулоти сабуки зуд омодашуда).
Зиёд будани равған, аз ҷумла, равғани ҳайвонот, равғанҳои тозакардашудаи рустанӣ.
Халалдор шудани мувозинати ғизо-кам будани сафедиҳои табиӣ, зиёд будани карбогидратҳои «босуръат» ва равғанҳои зараровар.
Камбуди ҷиддии витаминҳо, минералҳо, микроэлеиентҳо, туршиҳои равғанӣ, фитонутриентҳо.

Хулосаҳо:
Эволютсия (рушди олами набототу ҳайвонот) бисёр чораҳои муҳофизатӣ аз гуруснагиро тавлид кард, ғайр аз дарки он, ки мо чиро тановул мекунем.
Дар садсолаи ахир маҳсулоти ғизоӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Маҳсулоти сунъӣ, аз ҷиҳати генетикӣ тағйиршуда, маҳсулоте пайдо шуданд, ки аз ҷиҳати технологӣ тағйир дода шуда, аз қандҳои тозашуда ва равғанҳои сунъӣ ғанӣ ва аз хусусиятҳои фоидаовар орӣ ҳастанд.
Фарҳанги тановули ғизо тағйир ёфт-аз маросими тановул он ба хӯрдани босуръат табдил ёфт.

«Наркотик»-ҳои ғизоӣ
Солҳои 80-и қарни гузашта дар Амрико дар натиҷаи тадқиқоти васеи ҳукуматӣ, ки ба саломатӣ ва ғизои амрикоиҳо бахшида шуда буд, Маркази федеролӣ оид ба назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА раванди аҷибро муайян кард-шумораи онҳое, ки мубталои вазни зиёд ва фарбеҳӣ шудаанд, ба маротиб афзудааст. Дар давраи аз соли 1988 то 1991 шумораи амрикоиҳои фарбеҳ ба 20 миллион нафар афзуд. Баъдтар маълумот оид ба алоқаи фарбеҳшавӣ бо бемориҳои вазнин-СД навъи дуюм, фишорбаландии артериявӣ, атеросклероз, ИБС ва ғайра пайдо гардид.
Дар Амрико солҳои 70-80-и қарни гузашта хӯрокворӣ дастрастар гардид. Фастфуд-ғизои зуд омодашуда, полуфабрикатҳо, тарабхонаҳои занҷиравӣ, марказҳои бузурги савдо (супермаркетҳо), фурӯши васеи маҳсулоти ғизоӣ ва тановули он дар кӯчаҳо васеъ шакл гирифтанд.
Аммо касе одамонро маҷбур намекард тамоми он ғизоеро, ки онҳо мехаранд, тановул кунанд. Пас чӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки зиёд хӯранд?
Доктори илми тиб Дэвид Кесслер дар китоби «Анҷоми пурхӯрӣ» (с.2010), садҳо далелро таҳлил карда, як қонунияти ҳайратоварро ошкор намуд. Яке аз сабабҳои асосии пурхӯрӣ (ва вазни зиёд) дар ҷомеаи муосир биологӣ аст-ғизое, ки ба шарофати ихтироъкории технологҳо болаззат мешавад ва истеъмолкунанда аз ҳисоби се моддае, ки барои майнаи сар ҳамчун «наркотик» аст, аз он ҳаловат мебарад.
Майнаи сар «сарфармондеҳ»-и организм маҳсуб мегардад. Он бо занҷираи маълумотӣ тамоми системаҳои организмро ба ҳам мепайвандад. Яке аз қисми майнаи сар-гипоталамус-барои нигоҳ доштани вазни меъёрӣ дар дар организм ҷавоб дода, барои ин аз дигар қисмҳои майна, системаҳои марказӣ ва дуввумдараҷаи асаб, системаи меъдаву рӯда, қисми чарбуи бадан ва ғ. маълумот ҷамъ меоварад.
Тариқи эволютсионӣ (тӯли таърихи инкишоф) дар инсон системаи нигаҳ доштани гомеостаз-вазни меъёрӣ ташаккул ёфтааст. Ин система то даҳсолаҳои ахир бемамониат фаъолият мекард. Аммо ба ин системаи ҳазорсолаҳо мураттабшуда баъдан дигар равандҳои сунъӣ ҳамроҳ гардиданд.
Олимон исбот карданд, ки рафтори ғизоии мо на танҳо аз ҷониби системаи гомеостаз, балки аз ҷониби системаи «мукофот»-занҷираи мураккаби нейронҳо, ки барои ба даст овардани ҳаловат ҷавобгӯ ҳастанд, назорат мешавад. Бо баъзе сабабҳо замони ахир ин система дастболо мегардад.
Ҳамчун системаи гомеостаз, системаи «мукофот» нақши муҳимро дар организм иҷро мекунад-он барои ҷустуҷӯи ғизо, алоқаи ҷинсӣ, ки бе онҳо зинда мондан ва давом додани насл ғайриимкон ҳастанд, ба пеш мебарад. Қувваҳои биологӣ моро маҷбур мекунанд, ки мо тамоми қувваро барои ҷустуҷӯи чизи мақбул равона кунем ва баъд аз ба даст даровардани натиҷа ҳаловат барем. Интизории мукофот ҳавасмандиро барои амал таъмин мекунад.
Бисёр таҷрибаҳо дар ҳайвонот гузаронида шуданд, ки исбот карданд-«бедор кардани» марказҳои «мукофотӣ»-и майнаи сар тариқи электрод (барқ)-ҳо ба пурхӯрии ҳайвонот меорад. Ҳатто бо задани қувваи барқ ҳайвоноте, ки гурусна набуданд, майли хӯрдан мекарданд.
Ғайр аз таҷрибаҳои ташхисгоҳӣ (лабораторӣ) дигар ҳавасмандкунандаҳои «марказҳои мукофот» ҳастанд. Ба онҳо ғизои муосир дохил мешавад.

Аз китоби «Методика доктора Гаврилова»
Тарҷумаи Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: