Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нафси бад балои ҷон…

Нафси бад балои ҷон…

3-08-2021, 10:00
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Нафси бад балои ҷон…

Дар урфият мегӯянд, ки “нафси бад балои ҷон”. Бале ва мо дар зери мафҳуми нафси бад пеш аз ҳама пурхўриро мебинем. Албатта, тавоноии нафс хеле бузург аст ва мо одамони баднафсу пурхӯрро борҳо дар тӯю маъракаҳо, шабнишинию зиёфатҳо дидаем. Одамони пурхӯрро гурусначашм ҳам меноманд. Боре дар маъракае паҳлуям марди фарбеҳҷчуссаи миёнақаде нишаста буд. Мард як табақ ошро хӯрда ҷонибам шӯхиомез гуфт:
- Шукр, ки “этажи якуми желюткаам пур шуд”. Ростӣ бисёр пурхӯр шудаам, бародар, намедонам чӣ хел халос шавам, аз ин бало...
- Ака ин кори мушкил нест, иродаи қавӣ даркор, нафсатонро нигаҳ доред, тамом- гуфтам.
- Наметавонам, доим чашмонам гурусна, иштиҳоям баланд. Ҳама ҷоям дард мекунад, хеле вазнин шудаам...
Пурхӯрӣ инсонро ба фарбеҳӣ мебарад. Одатан пурхӯрон танбал мешаванд ва ба гуфти мардум ”Дар кор бӯзи ланг, дар хўрдан наҳанг”-анд. Мутаассифона таи солҳои охир дар ҷомеаи мо ашхоси фарбеҳу пурхўр хеле зиёд шудааст. Агар ба омори ҷаҳонӣ назар афканем, ба хубӣ мебинем, ки ашхоси фарбеҳ дар муқоиса ба лоғарњо якчанд маротиба зиёд њастанд.
Мутахассисону пизишкони соҳа бо кашфи доруҳое, ки гӯё сабабгори аз байн бурдани пурхӯрӣ ва фарбеҳӣ мешаванд, мардумро ташвиқ мекунанд, аммо, таҷрибаҳои олимони соҳа нишон медиҳанд, ки инсонҳои фарбеҳ баъди истеъмоли ин намуд доруҳо, баъзан гирифтори дигар бемориҳо мешаванд ва хусусиёти шифоҳии онҳоро мутахассисон ба сифр баробар кардаанд.
Яке аз усулҳои маъмули лоғаршавӣ риояи одоби камхӯрист, ки агар инсон бихоҳад бо роҳи гуруснагӣ чарбўи баданро мепартояд ва ба инсони комилу солим табдил меёбад. Инсоне, ки ба пурхӯрӣ одат кардааст, наметавонад ба якборагӣ аз одати худ даст кашад, зеро мизоҷи ӯ ба ин амал тоб намеорад ва вуҷудаш ба якборагӣ заиф гардида, дучори ранҷи азиме мешавад.
Агар дар атрофи фарбеҳӣ андеша ронем, он дар маҷмӯъ як навъ беморист ва то ҷое, ки оморҳо шаҳодат медиҳанд ва мутахасасисин мегӯянд, ҳанӯз давои ин беморӣ кашф нашудааст ва аз нисф зиёди сокинони рӯйи заминро мубталои худ гардонидааст. Оқибати он ба камумрӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки бо чарбандии ҷисм алоқаманд буда, зиёдшавии вазни баданро нисбат ба меъёрҳои қабулгардида арзёбӣ мекунад. Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ вафот менамоянд. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод менамояд, ки ҳама аъзоёни ҷомеа, пизишкон, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши хусусӣ, бояд ҳама дар пешгирии бемории фарбеҳӣ саҳмгузор бошанд.
Қисми зиёди одамон фарбеҳиро аслан, дар пурхӯрӣ мебинанд ва яке аз сабабҳои ба ин беморӣ мубтало шуданро аз шароити хуби зиндагӣ ва сарватмандии шахс низ арзёбӣ мекунанд. Аммо зиндагӣ дар бисёр мавридҳо тазоди ин гуфтаҳоро рӯшан сохтааст. Сарватмандоне, ки симу зарашон хирманҳост ва дар зиндагӣ мушкилоте надоранд, беҳтарин ғизову шаробро менушанду тановул мекунанд, вале мо нишонаҳои фарбеҳиро дар онҳо намебинем. Пас ба ин ҳолат гирифтор шудани иддае аз мардуми сарватманд яќинан беморие ҳаст, ки то ҳанўз роҳҳои пайдоиши он ба тариқи мушаххас ташхис нагардидааст.
Ба андеши баъзе аз олимони соҳа, аввалин сабаби дучор гардидан, ба бемории фарбеҳӣ ин пурхӯрӣ мебошад. Яъне аз меъёри зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, конфет, торт ва маҳсулотҳои қаннодӣ одамиро ба роҳи фарбеҳӣ мебаранд..
Ба ақидаи гурӯҳи дигари равоншиносон иддае аз одамони фарбеҳ инсонҳое ҳастанд, ки ба ҳама зуҳурот ва воқеоти хубу бад бетафовутанд, ғамро аз шодӣ ва шабро аз рӯз фарқ намекунанд, беномусҳое ҳастанд, ки маънии зиндагиро танҳо дар хӯрдану хуфтан ва маишат медонанду бас. Эшон роҳати якрӯзаро беҳтарин мояи хушбахтӣ ва сармояи хеш пиндошта, ғофил аз онанд, ки фарбеҳӣ дар пай мазарратҳои зиёде дорад ва инсонро дучори яъсу ноумедӣ ва ранҷу азоб намуда, фикрашро хароб ва ҷисму андомашро ба коҳилӣ мекашад. Бино ба оморҳои мавҷуда бемории фарбеҳӣ дар миёни аҳолии кишвар зиёда аз11,3%-ро ташкил менамояд. Дар байни мактаббачагон бошад, ҷариб 5%-ро дар бар мегирад. Паҳншавии бемории фарбеҳӣ нисбат ба занҳо миёни мардон як фоиз зиёд аст.
Вобаста ба бемории фарбеҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз шунидани гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” супориш доданд, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегияи оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Мувофиқ ба пешниҳоди табибон ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ мо бояд аз хурдани хуруокҳои тезтаёр даст кашем, зеро дар таркиби чунин хуроҳо таъмини ғизо ба бадан 1000 килокалорияро ташкил медиҳад, вале инсон бо хўрдани як хӯроки тезтаёр қаноат накарда, дар як шабонарӯз боз таъом мехурад, ҳол он ки миқдори шабонарӯзии таъмини ғизо ба организми инсон бошад, 1500 килокалория аст. . Агар дар маҷмуъ меъёри ғизонокиро барои ин афрод ҳисоб кунем, беш аз 2000 килокалорияро ташкил медиҳад, ки аллакай фишор ба организм ва зарар ба меъда мебошад.
Бино ба таъкиди табибон ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ дар баробари дигар корҳо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои тезтайёр даст кашид. Зеро тибқи далелҳои оморӣ таркиби хӯрокҳои тезтайёр зиёда аз ҳазор килокалорияро ташкил медиҳад. Миқдори шабонарӯзии таъмини ғизо ба организми инсон бошад, 1500 килокалория аст. Дар давоми рӯз шахс бо истеъмоли як хӯроки тезтайёр қаноат накарда, баъди чанде дигар намуди ғизоҳоро низ тановул мекунад. Агар дар маҷмуъ меъёри ғизонокиро барои ин афрод ҳисоб кунем, беш аз 2000 килокалорияро ташкил медиҳад, ки аллакай фишор ба организм ва зарар ба меъда мерасонад. Истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр инсонро ба бемориҳои диабети қанд, фарбеҳӣ, вазни зиёдатӣ, баландшавии фишори хун ва зиёд шудани холестерин дар организм гирифтор мекунад. То имрӯз навад дар сади шаҳрвандони ИМА аз сабаби зиёд истеъмол намудани хӯрокҳои зудомодашаванда ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд. Аз ин рў ҳар инсони солимаќл бояд меъёри хўрданашро донад. Луқмони Ҳаким писарашро насиҳат карда гуфтааст: ”Чун меъда пур шавад ва андомат фарбеҳ гардад, фикрат бихусбад ва ҳикмат гунг шавад ва андомҳо аз ибодат коҳилӣ кунад”. Дар ривояту ҳикоятҳои гузашта навишта шудааст, ки одати бузургони гузаштаи мо он будааст, ки чошт таом мехӯрданд ва шом ғизое тановул намекардаанд.
Мақсад агар инсон аз болои нафси саркаши худ ғолиб барояд пас саломатияшро метавонад солҳои дароз нигаҳ дорад, зеро, пурхӯрӣ боиси тамоми бадбахтиҳост, ки саранҷом моро ба кӯи бемориву дарду ранҷ мекашонад. Аз ин рў бояд ба ин вартаи аср њаќбинона назар афканем ва нагузорем, дар гирдоби балои он афтем, зеро фарбеҳӣ махзани тамоми бемориҳои олам аст.

Таѓоймуроди Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: