Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Ҳангжоу-2022» ҷадвали пешакии мусобиқоти Бозиҳои Осиёро нашр кард

«Ҳангжоу-2022» ҷадвали пешакии мусобиқоти Бозиҳои Осиёро нашр кард

27-09-2021, 08:27
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
«Ҳангжоу-2022» ҷадвали пешакии мусобиқоти Бозиҳои Осиёро нашр кард

ДУШАНБЕ, Аввалин нашри ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу (Чин) аз ҷониби ташкилкунандагон расман муаррифӣ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозиҳои XIX Осиё, ки қарор аст аз 10 то 25 сентябри соли 2022 баргузор шаванд, 40 намуди варзиш, 61 равияи варзиширо дар бар мегиранд. Интизор меравад, дар давоми 15 рӯзи бозиҳо 482 маҷмӯи медалҳо супурда мешаванд.

Бозиҳои Осиё бояд чор рӯз пеш аз маросими ифтитоҳ – 6 сентябр бо мусобиқаи футболи мардона оғоз пазиранд. Нахустин медалҳо дар чанд намуди варзиш, аз ҷумла дар шиноварӣ, панҷҳарбаи муосир, қайиқронӣ ва гимнастикаи бадеӣ, рӯзи 11 сентябр тақдим карда мешаванд. Мусобиқаҳои камонварӣ ва шиноварии синхронӣ дар рӯзи охирин — 25 сентябр баргузор хоҳанд шуд.

Варзиши сабук бо 48 мусобиқа аз намуди варзиши сермедал хоҳад буд, шиноварӣ аз 41 мусобиқа ва камонварӣ аз 33 мусобиқа иборатанд.

Созмондиҳандагон иддао мекунанд, ки нашри аввал бар асоси «шумораи тахминии довталабон» асос ёфтааст ва мегӯянд, ки ният доранд, нусхаи ниҳоиро пеш аз бозиҳо дар соли оянда нашр кунанд.

Дар охири соли равон дар Ҳангжоу мусобиқаҳои санҷишӣ оид ба варзиши сабук, баскетбол, заврақронӣ, шиноварӣ, велосипедронӣ дар роҳ, тирандозӣ, регби, тенниси рӯи миз, дзюдо ва таэквондо ташкил карда мешаванд.

Ҳангжоу пас аз Пекин дар соли 1990 ва Гуанжоу дар соли 2010 сеюмин шаҳри Чин хоҳад буд, ки мизбони Бозиҳои Осиё мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: