Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар барномаи бозиҳои олимпии Пекин-2022 тағйирот ворид карда шуд

Дар барномаи бозиҳои олимпии Пекин-2022 тағйирот ворид карда шуд

20-07-2018, 07:56
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Дар барномаи бозиҳои олимпии Пекин-2022 тағйирот ворид карда шуд


ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпӣ ба панҷ намуди варзиши барномаи Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2022, ки маконаш пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин- шаҳри Пекин интихоб шудааст, тағйирот ворид намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ташкилоти бузурги варзишии ҷаҳонӣ иттилоъ додааст.

Дар барномаи бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022 дар намудҳои бобслей, фиристайл, фристайли акробатикӣ, сноуборд -кросс, ҷаҳиш бо лижа аз ҷастангоҳ ва эстафета дар шорт-трек рақобатҳои нав ворид шудаанд. Дар аксари тағйироти воридшуда дар риштаҳои ҷолиби лижаронӣ, аммо каме хатарнок бонувон низ ҷалб шудаанд.

Ҳамзамон дар ин намудҳои варзиш рақобатҳои эстафета ва даставӣ низ дохил гардидаанд, ки акнун аз рӯи онҳо дар Пекин иштирокчиён на танҳо ба таври инфиродӣ, балки дар намуди даставӣ низ қувваозмоӣ менамоянд. Ин маънии онро дорад, ки шумораи медалҳо низ дар бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

Дар баробари ҷалби бонувон ба ин намудҳои варзиш дар барномаи бозиҳо рақобатҳои омехта, ки гурӯҳро зану мард пурра мекунанд, шомил карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: