Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “Ҳамла намекунем”: мулоқоти аввали Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон*

“Ҳамла намекунем”: мулоқоти аввали Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон*

26-08-2021, 08:53
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
“Ҳамла намекунем”: мулоқоти аввали Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон*

ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Ин мулоқот бегоҳи дирӯз, 25 август, дар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон, баргузор шуд, ки дар ҳоли ҳозир таҳти султаи Толибон аст.
Як узви ҳайати Ҷабҳаи муқовимат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳайати Ҷабҳа аз 12 ва ҳайати Толибон* аз 7 нафар иборат буд.
“Тавофуқ кардем, ки ду тараф болои мавозеъи якдигар ҳамлаи низомӣ накунанд ва авлавият бар гуфтугуҳои сулҳ дода шавад”, - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои ин манбаъ, раиси ҳайати тими Ҷабҳа Ҳоҷӣ Алмоси Зоҳид, собиқ мушовири раисҷумҳури Афғонистон, як муовинаш фармондеҳ Пирмуҳаммади Хоксор, аз қавми ӯзбеки Тахор ва муовини дигарашон Муҳаммадрофеъ, аз қавми паштун, собиқ раиси Шӯрои вилоятии Фароҳ, муншӣ Муҳаммадаълами Эзидёр, собиқ сенатори Маҷлиси санои Афғонистон будаанд.
“Муҳимтарин афроди “Толибон” Амирхон Муттақӣ, собиқ муовини вазири фарҳанг, Нуриддин Туробӣ, собиқ вазири адлия, Мавлавӣ Муҳсин, муовини раиси истихбороти Толибон* (ахирӣ аз вилояти Тахор), ба ҳисоб мерафтанд”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ин узви ҳайати Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ҳайати Ҷабҳа мехост бештар дар бораи ҳалли мушкили Афғонистон суҳбат кунад, аммо Толибон* суҳбатро ба сӯи Панҷшер мекашиданд.
“Мо қиссаи Афғонистонро мегуфтем, ки чӣ тур як ҳукумате ҷӯр шавад, то ҳама розӣ бошанд, дунё онро қабул кунад ва ба расмият бишносад. Аммо онҳо таъкид ба он мекарданд, ки роҷеъ ба Панҷшер суҳбат шавад, маҳз ин ки Толибон* чӣ кор кунанд, то Ҷабҳаи муқовимат низ ба ҳукуматашон пайвандад. Нуқтаи ихтилоф фақат ҳамин буд. Ҳоло боз машвараву музокира хоҳем кард”, - гуфт манбаъ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: