Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТАРАВШАН: Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст.

ИСТАРАВШАН: Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст.

31-08-2021, 10:41
Хабарро хонданд: 578 нафар
Назарҳо: 0
ИСТАРАВШАН: Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст.
АНДЕШАҲО: Ман ҳамчун корманди собиқадори Кумитаи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шоҳиди ҳамаи ҳодисаҳои солҳои 1990-1991, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои баъдӣ, аз ҷумла Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Расман қайд менамоям, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо ва мардуми заҳматкаши мо қабл аз ҳама роҳбари хирадманду доно, инсони комил, марди бузург ва фарзанди фарзонаи даврон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод, ки дигар ҳамаи пешравию дастовардҳо маҳз бо саъю талошҳои ин инсони бузург робитаи мустаҳкам доранд. Агарчи 1-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардида бошад ҳам, то барпо гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ давлати мо пурра соҳибихтиёр набуд ва ба майдони дастёбии манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву боғараз мубаддал гашта буд. То Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ягон рукни давлатдорӣ кор намекард, вазорату муассисаҳо ва ҳатто сохторҳои қудратӣ фалаҷ гардида буданд ва танҳо дар рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ аз сари нав ба по монда шуда, ба фаъолияти вазифавии худ шурӯъ намуданд. Барпо намудани чунин як Иҷлосияи таърихсоз кори осон набуд, барои ҷамъ намудани тарафҳои муқобил, таъмин намудани амнияти чӣ тарафдорони давлати демократӣ ва чӣ мухолифин аз тарафи роҳбарони мақомоти қудратӣ, дӯстони беғараз аз давлатҳои ҳамсоя заҳмати зиёдеро талаб мекард. Ман ҳамчун роҳбари муҳофизони собиқ Президенти кишвар Раҳмон Набиев дар рӯзҳои аввали Иҷлосия ӯро ҳамроҳӣ мекардам, бовар надоштам, ки Иҷлосия ба қабул намудани қарорҳои зарурӣ ноил мегардад ва Раҳмон Набиев ба истеъфои худ розӣ мешаванд. Хушбахтона, Раҳмон Набиев вазъияти ногувори ба амал омадаро ба назар гирифта, мардонавор баҳри таъмини якпорчагии кишвар ва ояндаи миллати тоҷик аз вазифа даст кашида, ба сарвари тозаинтихоби Ватанамон Эмомалӣ Раҳмон фотиҳаи нек доданд. Интихоби ҳамкори мо Саидамир Зуҳуров ба вазифаи Вазири амният низ боиси ифтихори мо гардида, суханҳои аввалини Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мо – кормандони амният, ки аз бесарусомонӣ ва таназзули давлат хеле азоби руҳӣ ва ҷисмонӣ кашида будем, хеле маъқул ва ҷонбахш буданд. Дар ҳақиқат ман дар симои Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тавонои давлатро, ки аз байни халқи оддӣ баромадааст, дидам. Буданд ашхосе, ки Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари муваққатии Шӯрои Олӣ меҳисобиданд. Хушбахтона, тири онхо хок хӯрда, худашон ҳам аз вазифа ва ҳам аз мамлакат бебозгашт дур рафтанд.Рӯзе, ки оши оштӣ барпо гардид ва тарафҳо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса мекарданд, мо беихтиёр ашки шодӣ рехтем ва сари мизи дӯстона нишаста худо мегуфтем, ки ояндаи мамлакати мо обод бошад. Ҳаминро ҳам қайд карданӣ ҳастам, ки бадхоҳони Ватанамон ҳатто дар Иҷлосияи баъдӣ, ки бояд 24-уми декабри соли 1993 баргузор мегардид, низ халал ворид намуда, намегузоштанд, ки вакилони мардумӣ барои иштирок дар Иҷлосия ба шаҳри Душанбе парвоз кунанд ва бо таркондани кӯпруки ағбаи Анзоб мехостанд якпорчагии Ҷумҳурии азизамонро аз байн баранд. Ҳазорон шукр, ки Пешвои миллатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва муҳофизони сохти конститутсионӣ, сохторҳои қудратӣ, ба хусус, чекистони ҷумҳурӣ дар ҳамаи лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ далериву шуҷоат ва ақли солимро истифода намуда, аз вазъиятҳои хеле душвор сарбаландона берун гашта, оромиву осудагии кишвар ва умуман истиқлолияти кишвари азизамонро таъмин намуданд.Бинобар ин гуфтаниам, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти воқеъии мамлакат аз роҳбари давлат сар карда то ҳамаи муҳофизони сохти конститутсионӣ ҷонбозиҳои зиёд намуданд. Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои Пешвои миллат ва фарзандони содиқи Ватан қабл аз ҳама сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад ва дар заминаи ҳамин Тоҷикистони мо ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Мирзо Олимов, полковники мустаъфии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК Дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро дорост ва сол ба сол қимати таърихиаш боло рафта истодааст. Зеро ин санаи таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии кишвар яке аз воқеаҳои нодири таърихист. Дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастовардҳои таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро бо шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншоотҳои хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба соҳаи кишварзӣ таккони ҷиддие бахшиданд. Мо, омӯзгорон, бояд доимо ба шогирдон дар бораи дастовардҳои солҳои Истиқлолият ҳарф занем, аз ҷавонон даъват ба амал орем, ки ба қадри сулҳу субот ва истиқлоли миллӣ, амнияти диёри азизамон, осмони софу беғубори он бирасанд. Ба донишҷӯён фаҳмонем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол шукри ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамини офтобрӯяро кунад. Зеро Сарвари мамлакат барои аз бар намудани илму дониши замони муосир тамоми шароити таҳсилро фароҳам овардааст.

Раиса Фозилхонова, омӯзгори Коллеҷи тиббӣ

Дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик ба як силсила дастовардҳои бузург ноил гардид, ки онҳо имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кушода доданд.Солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳукумати мамлакат муяссар гардад, ки ба бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳу хатҳои интиқоли барқ машғул шуда, садҳо корхонаҳои саноатӣ, зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, барои болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон замина гузорад. Обод гардидани садҳо километр роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад.Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилона ва кору фаъолияти созандаву ободкорона дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва ободу озод фароҳам меорем.Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Азизулло Маҳмадуллоев- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва пурарзишу муқаддас мебошад. Бисёр қавму миллатҳо, ки шумораашон миллионҳо нафарро ташкил медиҳанд, бо баробари орзуи давлати соҳибистиқлолро доштан, ба он расида наметавонанд. Маҳз бо шарофати соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ ба мо мушарраф гардид, ки анъана, фарҳанг, таърихи ниёгонро дубора эҳё намоем. Аз ҳама муҳимтар мо ҳаллу фасли тақдири худро ба дасти худ гирифтем.Тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишварамон бисёр дигаргуниҳои куллии иқтисодӣ – иҷтимоӣ, илмӣ – фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин давра дар мамлакат теъдоди зиёди корхонаҳои саноатӣ, шоҳроҳҳои байналмиллалӣ, нақбу роҳҳои оҳан сохта ба истифода дода шуданд.Мамлакат дар натиҷаи амалӣ гардидани ҳа-дафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ баромад, истиқлолияти энергетикӣ ба даст оварда шуда, амнияти озуқаворӣ таъмин гардид. Одилона қайд бояд кард, ки ҳамаи ин корҳои бузург бо ҷаҳду талош ва кӯшишу ғайрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро шуд.

Зебонисо Раҳимова – раиси ташкилоти ибтидоии «Сино»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: