Телевизион филми ҷолиби хориҷиро дар тарҷума ба забони тоҷикӣ ба намоиш гузошт. Ман, ки барои дарёфти барномаи ҷолиб зуд-зуд ба шабакаҳои дигар мегузарам, тамошои оғози филм бароям муяссар нагашт. Ҳатто номи филмро намедонам. Аммо сужаи баъдӣ, ки ман бо шавқ тамошо намудаам, пурра дар хотирам нақш бастааст: се нафар мард бо раҳгум задан дар ҷангал бо хирси бузургҷуссае рў ба рў мешаванд. Хирс ба ҳуҷуми онҳо мегузарад. Се нафар барои зинда мондан талош меварзанд. Бо дидани азобу шиканҷаи онҳо дар ҷангал «Чаро дев се сар дорад?» ном мақолаам, ки 2-9 ноябри соли 1994 дар рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» чоп шуда буд, пеши назарам аз нав зинда гашт. Мақола аз афсонае нақл мекард ва баъзе паҳлўҳои рамзии онро мекушод: падари беморе дар назди се духтараш аз надоштани писаре таассуф мекунад ва мегўяд, ки агар писаре медошт, дар қитъаи ҳамсоя доруро аз дасти табибе меовард ва шифои дардаш мегашт. Баъди надомати падар духтари якум дар тан либоси мардона барои овардани дору мешитобад ва дар роҳ баъди огоҳӣ ёфтан бо мушкилии зиёд бо ҳарос бармегардад. Духтари дуюм низ чунин корро анҷом медиҳад. Аммо духтари сеюм, ки хеле ҷасур ва ҳушёр буд, баъди пушти сар гузоштани чандин душворӣ, доруро меоварад ва падараш шифо меёбад. Пеши худ чунин суол гузоред: қаҳрамонҳо чаро чаҳор ё панҷ нафар нею се нафаранд? Ин ҷо «се» бори маънӣ мекашад. Пеш аз шарҳи он мехоҳам аз китоби «Тибби рўҳонӣ» ном файласуф, донишманди соҳаи тиб дар давраҳои қадим Закариёи Розӣ, ки дар мақолаи дар боло зикргардида низ истифода шуда буд, иқтибосе биоварам: «Дар вуҷуди инсон се нафс ҳаст: нафси нотиқа, яъне рўҳ, нафси ҳайвонӣ ва нафси шаҳвонӣ». Ана ҳамин се нафси инсонӣ ба сурати шайъ даромада, ҳар яке алоҳида шакли инсонро гирифтаанд. Чуноне ки аз мафҳуми филми дар боло зикршуда бармеояд, муаллифи мағрибии он дидаву дониста аз фалсафаи шарқ, яъне аз тамаддуни тоҷикон ғизо гирифтааст. Марди миёнасол вақти ҳуҷуми хирс аз болои ғўлачўб, ки вазифаи пулро иҷро мекард, ба дарё меафтад. Ин ҷо об нишонаи покист ва ранги кабуди он ишорае ба осмон аст. Ва ҳамин мард нафси нотиқа, яъне рўҳ аст. Марди сиёҳпўст, ки пояш аз нўки чўби тез захм бардошта буд ва аз хуни ў хирс бў гирифта, оқибат тўъмаи худ мегардонад, нафси ҳайвонист. Марди саввум, ки дилдодаи зани ҷавони марди миёнасол ва ба хотири марги рақиб созмондиҳандаи чунин ҳодиса буд, нафси шаҳвонист. Дар ҷараёни ҳодиса ду нафар (марди саввум дар чоҳ, яъне, чоҳкан дар зери чоҳ) нобуд мешаванд ва фақат марди миёнасол зинда мемонад, ки ишораест ба ғолиб омадани рўҳи инсонӣ.
Ҷашн гирифтани ибтидои Соли Нав дар замонҳои қадим вуҷуд дошт ва он аз тамаддуни тоҷику форс сарчашма гирифтааст. Анна Сюзанна Ришке дар «Нойе Сюрхер Сайтунг» ном навиштааш чунин меорад: «Парастиши Меҳр, яъне Худои рушноии ориёиҳо аз сарзамини Форс бо воситаи Осиёи Хурд ба Юнон ва Рим гузаштааст ва аз он ҷо ба заминҳои Олмон ва Бритониё паҳн гаштааст.»
Қабилаҳои олмонӣ баробар шудани рўзу шаби баҳорӣ, яъне Наврўз, ба анҷом расидани дарозтарин шаб ва таваллуди хуршеди зимистониро ҳамчун оғози дарозии рўз дар 25-уми декабр ҷашн мегирифтанд. Дар Рими қадим бошад, баъди ба анҷом расидани мавсими зироат иди Меҳр чун Худои ҳосилот 25 декабр ҷашн гирифта мешуд. Ин хушҳолтарин ҷашни сол ба ҳисоб мерафт. Дар он рўз кор ва савдо қатъ мегашт. Хурду калон бо баромадани берун кўчаҳоро лабрез аз шодию фараҳ менамуданд. Дар он рўз бо муваққатан озод намудани ғуломон бо барги дарахти ғор ба ороиши хонаҳо мепардохтанд. Мардум ба хонаи ҳамдигар меҳмонӣ мерафтанд ва ба якдигар шамъҳои мумӣ (нишонаи рўшноӣ) ва ҳайкалчаҳои гилӣ (нишонаи ибодат) тўҳфа мебурданд.
Соли 274 императори Рим Аврелий (214-275) дар кишвараш 25-уми декабр, рўзи парастиши Худои Офтоб, яъне Меҳрро ҷашни миллӣ эълон намуд. Мардуми Рим Меҳрро ҳамчун Худои ҳосилот, сулҳ ва пирўзӣ медонистанд. Сарвари калисои насронӣ папаи Либерий (354-366) аз соли 354 дар ивази ҷашни Меҳр 25-уми декабрро рўзи мавлуди Исои масеҳ хонд, ки бо корбурди баъзе нишонаҳои Худои Офтоб ибодат мешуд.
Чуноне ки мушоҳида намудед, он чизе, ки дар боло зикр шуд, ҳамаи он аз тамаддуни тоҷику форс сарчашма мегирад ва ин боиси ифтихори миллати қадим ва тамаддунофар аст.
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР