Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Соли нав аз оини МИТРОИСТ

Соли нав аз оини МИТРОИСТ

30-12-2015, 13:30
Хабарро хонданд: 1324 нафар
Назарҳо: 0
Соли нав аз оини МИТРОИСТ
Соли чанде аст, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ андешаҳои ғалату бебунёд ва саршор аз ҳар гуна хурофоту тангназарӣ дар васоити ахбори умуми ҷумҳуриявӣ пахш гардида, дар байни ҷомеа тухми нафрату адоват ва бо ҳам муқобил гузоштани тамаддуну миллатҳо гаштааст.

Гурӯҳе ба хотири дифоъ аз «фарҳанги волои миллӣ аз падидаҳои бегона», гурӯҳи дигаре «барои пешгирӣ аз зуҳуроти бутпарастӣ дар ҷомеаи суннатӣ», гурӯҳи саввумӣ «нигоҳ доштани ҷомеаи мусулмонӣ аз анъанаҳои насрониён», ва ғайра бо сабабҳои ҷаҳолату ноуҳдабароиҳои хеш кӯшишҳои зиёде карда истодаанд, ки дар саросари ҷумҳурӣ аз ҷашн гирифтани ин ид даст кашанд.

Сарфи назар аз он ки иди Соли нави мелодӣ кай, дар кадом шакл ва аз тариқи кадом идеология ва низом ба фарҳанги муосири Тоҷикистон роҳ ёфтааст, вай алакай ҷузъи фарҳанги хонаводагии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гашта, ҳар сол ҷашн гирифтан аз он хаёли одамонро ба давраи туфулият мебарад ва, лаҳзае ҳам бошад аз мушкилиҳои рӯзгор ва асабонияти музмини доимӣ дур месозад.

Дар арафаи Соли нав ҳар яки мо ба олами рӯъё, ки саршор аз розу асрор аст ва аз хурдӣ бароямон ошно мебошад, саропо ғӯта зада, интизори кадом як эъҷозе дар зиндагии хеш ва дигарон ҳастем. Дар олами хаёли ҳар кадомамон чеҳраҳои дурахшон ва нуронии падару модар, аввалин толори пурҷилои мактаб, муаллимони нексиришт, Бобои барфии мӯъҷизакор ва ҳамсинфону ҳаммактабони шодону хандонрӯ ҷилва медиҳанд. Таровати арча ва сарви ҳамешасабз, дурахши ситора ва ҷилои ашёи зинатии арча, бӯи афлесун, ки танҳо дар Соли нав муяссар мешуд, намоишҳои телевизиониву чеҳраҳои ҳунармандони шинохта, ва аз ҳама боло тӯҳфаи солинавӣ то охарин рамақи зиндагӣ дар пеши назарамон боқӣ хоҳад монд.

Инҳо худ хотираи инсонӣ ва таърихии ҳар як миллату халқ аст, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ як фазову вақт наметавон аз байн бурд.

Ҳеҷ касе иқтидори инро надорад, ки нидои қалби дарунии инсонҳоро нобуд созад зеро чунин инсонҳо ҳатман дар назди ҳақиқати таърих ночиз ва шармандаву сиёҳрӯ хоҳад шуд.

Ба андешаҳои бебунёд ва худкомаи ин «таърихсозони навин» ва гурӯҳҳои ифротпешае, ки аз онҳо ном бурда шуд зиндагӣ дар саҳфаҳои баъдии худ баҳо хоҳад дод ва дар доираи навиштаи маҳдуде ба онҳо ҷавоби илмӣ ва дақиқ додан ғайриимкон аст ва ҳадаф аз ин мақоли рӯ ба рӯ шудан бо ҷоҳилияти навпадид нест, балки шарҳи баъзе паҳлуҳои зуҳури падидаи умумибашарӣ ва фарҳангие ба мисли Соли нави мелодӣ дар ҳаёти инсоният дар ин зистгоҳи хокӣ аст.

Шахсоне, ки аз таърих огоҳ ҳастанд ба хубӣ медонанд, ки дар ҳеҷ куҷое аз матнҳои муқаддаси қадимаи насронӣ рӯзи таваллуди Исо сабт нагаштааст ва ҳеҷ як санаду далеле вуҷуд надорад, ки дар он рӯзи якуми январ ҳамчун рӯзи мелоди ин паямбар сабт шуда бошад. Рӯзи 25 декабр якумин маротиба дар соли 221 дар навиштаҳои яке аз аввалин муаррихони насронӣ Сеиста Юлия Африкана сабт ёфтааст. Дар соли 354 аз ҷониби падарони рӯҳонӣ қарори махсусе қабул гардид, ки рӯзи мелоди Исоро дар мувофиқа бо «Рӯзи ялдо» ва ё ба қавли эрониён рӯзи «Инқилоби зимистонии Шамс» (зимнее солнцестояние) ҷашн гиранд, зеро дар ин рӯз дар қисмати аъзами кишварҳо дар доираи одоб ва русуми бутпарастӣ рӯзи мавлуди худоён таҷлил мегашт: дар Юнони қадим мавлуди худои шаробгузориву шаробсозӣ – Дионис, дар Миср – худои фанонопазир ва эҳёшавандаи ҷаҳони зери замин – Осирис, дар Руми асрҳои охири қабл аз мелод – худои офтоб – Митра ва ғайра буданд. Митраизм ҳанӯз 1400 сол қабл аз мелод ҳамчун ҷараёни бузурги динӣ аз тариқи сарзамини имрӯзаи Туркия дар қаламрави импературии Рум ҷову мақоми баланд дошт ва тамоми табақаҳои поёнии ҷомеаи ин кишвар аз он пуштибонӣ мекарданд ва имони бузург бар он доштанд.

Соли нав аз оини МИТРОИСТДу нафар императорони Руми қадим – Диоклетиан ва Максимиан дар замони давлатдории хеш кӯшишҳои зиёде карданд, ки дар импературии онҳо митраизм ҳамчун дини давлатӣ қабул шавад, лекин ин корро танҳо имератор Константин амалӣ сохта тавонист. Мувофиқи далелҳои сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқотҳои муосир Константин ҳангоми ҳарб нишони аслии митраизм Салибро, ки дар дохили Хуршед ҷойгир шуда ва навиштаҷоте, ки дар он буд «Ту пирӯз хоҳӣ шуд» дида, дар муҳорибаи пули Мулвиев пирӯзиро ба даст меорад. Баъд аз чанде вай давлатдоронро маҷбур месозад, динеро, ки аҳли ҷомеаш ба маротиб пеш қабул карда буданд, пазиранд. Зеро Константин ба такягоҳи идеологие зарурат дошт, ки аз ӯ ва низоми давлатдории вай бояд дастгирӣ мекард. Билохира худои Хуршед Митр худои расмӣ дар саросари императории вай эълон гашт ва мардум ба ин Худо саҷда мекарданд ва дар доираи низом ва анъанаҳое суннативу ахлоқии ӯ зиндагии худро пеш мебурданд.

- Калисоҳои расмӣ дар Арелате дар соли 314 ва дар соли 325 дар Никее ба доираи расму оин ва ақидаву анъаноти Митраизм даромаданд. Дар калисои Никее, ки 220 нафар падарони руҳонӣ ширкат меварзиданд, рамзи Никеи динӣ ва сохтори калисоии Митраии империяи Рум қабул шуд. Дар калисои Никеи соли 325 на рамзҳои насрониён, балки рамзу самбулҳои Митраизм рамзҳои расмӣ эълон шуданд. Вале баъд аз марги Константин ӯро ҳамчун императори дуввуми Калигула бутпараст эълон карданд.

Ҷои шакку шубҳа нест, ки дар махлут кардан ва бо ҳам овардани дини насрония бо оини митраизм нақши қайсарони Рум хеле зиёд буд. Баъд аз он ки дини насрония ҳамчун дини давлатӣ ва расмӣ эълон шуд, ҷонибдорони Митра дар Рум ба андозае зиёд буданд, ки онҳоро маҷбуран ба дини насронӣ гаравонидан шояд боиси хунрезиҳои зиёд мешуд ва ба таркиши иҷтимоӣ мебурд. Аз ин рӯ, қайсарони Рум ва роҳбароне, ки баъд аз Канстантин ба сари қудрат омаданд, аз истифодаи зуроварӣ ва иҷбори таҳмил кардани оини насронӣ бар сари ҷомеа ба андозае худдорӣ карданд.

Муқоисаи падида ва зуҳуроти беруна, яъне рамзҳои таълимоти Митра ва Христос, ҳамчунин китобҳои муқаддаси ин ду оин бо сароҳат нишон медиҳанд, ки дини насрония пурра рамзҳо ва суннату анъаноти оини Митраизмро ба худ гирифтааст. Сарфи назар аз баъзе тафовутҳои каломиву ақидатӣ ва идеологӣ, таъсири кеши Митраизм ба таълимоти насрония аз ҷониби муҳаққиқони муосири Аврупо ва Шарқ ҳамчун далели раднопазир қабул шудааст.

Чуноне ки қаблан гуфтем, қайсарони Рум, падарони калисо ва рӯҳониёни бузурги насронӣ дар ин кишвар кӯшишҳои зиёде карданд, ки аҳолии мамлакат оини насрониро пазиранд, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо онҳо даст ба кушторҳои зиёде заданд, лекин мардум аз имони худ, яъне оини Митраизм барнагаштанд. Дар натиҷа онҳо бо роҳи ҳилаву найранг рӯзи мелоди Исоро 25 декабр эълон карданд, ки он ба «Рӯзи зоиши Митра» ва ё «Рӯзи мавлуди Хуршеди шикастнопазир» мутобиқат мекард, ки ин рӯз дар осори қадима ва бозёфтҳои бостоншиносӣ ҳамчун рӯзи ба дунё омадани Митра, аз вуҷуди харсанг дар ғори бузург мебошад.

Қарори ниҳоӣ доир ба таърихи таъини Рӯзи мавлуди Исо 25 декабри соли 431 дар ҷаласаи Калисои ҷомеи севвуми умумиҷаҳонии Эфессӣ қабул гардид. Ба ҳамин тариқ Рӯзи мавлуди Исо аз нигоҳи замонӣ бо Сатурнялияҳои румӣ мутобиқат карда, ба тадриҷ тамоми ҷашну маросимҳо ва одобу русуме, ки ба оини Митраизм дахл дошт ҳамчун арзишҳои дини насронӣ қабул ва аз номи ин оин муаррифӣ гашт.

Қобил ба ёдоварӣ аст, ки Митраизм ин худ оини Меҳрпарастии мардумони ориётабор, ба хусус эрониёну тоҷикон буда, куҳантарин санади мактубӣ (артифакт) бо номи Меҳр дар лавҳаи гилин дастрас гардид, ки ба 1400 сол қабл аз мелод боз мегардад. Дар соли 1907 дар шаҳри Капитола, ки яке аз шаҳрҳои Осиёи Сағир маҳсуб мегашт, дар маҳале ба номи Бағозкуӣ яке аз лавҳаҳои гилин кашф шуд, ки ин лавҳа марбут ба паймони миёни қавму қабилаҳои эронитабор мебошад, ки дар он доир ба Митра ва Варуна – ду худои ҳиндуэрониён, нигориши паймонӣ ва ё ба ибораи имрӯза қарордоди дуҷониба анҷом шудааст.

Дар таърихи куҳани мардумони орёӣ Меҳргон оғози соли ҳахоманишӣ дар замони эътидол буда, тулӯи хуршед дар бурҷи мизон қарор гирифта, рӯзи ҷашни он дар Эрони муосир (Язд, Кирмон ва ғ.) мутобиқ ба солшумории зардуштӣ сурат мегирад.

Ҷашни меҳргон яке аз оини маънавӣ ва фарҳангии аҷдоди пурифтихори тоҷикон буда, дар кишварҳои ориёитабор бо чанд далел мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта буд:

Далели якум. Дар ин рӯз Машиё ва Машиёна (Одам ва Ҳаво), нахустин одамоне ҳастанд, ки мутобиқи эътиқоди ориётаборон тавассути Кайюмарс по ба арсаи вуҷуд ниҳоданд. Онҳо аз меҳргиёҳ таваллуд шуда, ба тадриҷ бузург шуданд ва қувваву ҷон гирифтанд.

Далели дуввум. Дар ин рӯз Фаридун ба Беваросби Заҳок пирӯз гашт ва ба воситаи ин пирӯзӣ дар саросари сарзаминҳои орётаборон армуғони оромиш овард.

Далели саввум. Меҳр рӯзи 16 аз моҳи Меҳр шурӯи сол дар замони эътидол (сонцестояние) маҳсуб мешавад ва назди шоҳону мардум мавриди таваҷҷӯҳи хос ва муборак қарор дошт.

Ба ҳамин тариқ, дар асоси солшумории ориёӣ муайян кардани оғозу поёни «Меҳррӯз», ки ба 16-уми моҳи Меҳр мутобиқат мекард, дар байни ориёиёни бостон аз ғуруби Хуршеди имрӯз то ғуруби фардо буд. Ба ҳамин муносибат тибқи солшумории қадимаи ориёӣ ҷашни Меҳргон аз ғуруби Дибмеҳр, яъне ғуруби понздаҳумин рӯзи Меҳрмоҳ оғоз шуда, дар ғуруби Ромрӯз, яъне бистуякуми Меҳрмоҳ ба поён мерасид.

Аслан мувофиқи сарчашмаҳо солшумории ориёиёни бостон, солшумории Хуршедӣ будааст. Яъне аз як давраи гардиши замин ба даври офтоб, ки 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқа ва 49 сония аст, иборат будааст. Соли онҳо низ ба мисли рӯзгори мо 12 моҳ дошта, бо номҳои фарвардин, урдубиҳишт, хурдод, тир, амурдод, шаҳривар, меҳр, обон, озар, дей ва ваҳман ёд мешуданд. Ҳар дувоздаҳ моҳ аз ин рӯзҳо иборат буданд. Ҳар рӯзи як моҳ бо номҳои зерин тақсим шуда буданд: урмузд, ваҳман, урдубиҳишт, шаҳривар, сифандурмузд, хурдод, амрдод, дибодар, озар, обон, хайр, моҳ, тир, гӯш, дибмеҳр, меҳр, суруш, рашан, фарвардин, вирҳуром, ром, бод, дибдин, дин, ард, имтод, осмон, зомиёд, монтре, сипанд ва анором.

Ҳар сол дар охири исфандмоҳ 5 рӯз бо унвони «панҷавеҳ» ё «панҷаи бузург» зиёд карда мешуд, ки 365 рӯзи комил шавад ва барои ба шумор овардани соати изофӣ ҳар чаҳор сол як бор, як рӯз ба рӯзи панҷа меафзуданд. Гоҳе ҳам ба мисли давраи Сосониён дар поёни ҳар саду бист сол як моҳ ба сол меафзуданд ва ба ҷои дувоздаҳ моҳ як сол сездаҳ моҳро дар бар мегирифт.

Дар асоси тақвими солшумории мазкур «Рӯзи зоиши Меҳр» ва ё «Рӯзи мавлуди Хуршеди шикастнопазир», ки аслан на ба 25 декабри солшумории мелодӣ мутобиқат мекунад, балки баробар ба 21-уми декабр аст, ки ба рӯзи 30-юми Озармоҳи эронӣ-тоҷикӣ мутобиқат намуда, дар солшумории эронтаборон дар асоси кеши меҳрпарастӣ ҷашни «Шаби Ялдо» ва ё «Шаби таваллуди Меҳр» номгузорӣ шудааст.

«Ялдо» мафҳуми сирёнӣ ба маънои «мелод», «таваллуд» аст. Мутобиқ бо оини Меҳр дар кишварҳои ориёинишин, «Шаби Ялдо» тӯлонитарин шаби сол ба шумор рафта, дар доираи маросими хос ва ҷалолу шукӯҳи бузург ҷашн гирифта мешуд.

Қобил ба зикр аст, ки ҳафт ҳазор сол пеш, ки ориёитаборон дар асоси солшумории зикршуда аз ҳаракати кайҳону каҳкашон ва низоми офтобӣ дар асоси донишу илми дақиқ огоҳӣ доштанд ва дар асоси ин солшуморӣ шаби оғози зимистон ба унвони тӯлонитарин шаби сол шуҳрат ёфта буд. Мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 30 Озармоҳ муддати тобиши рӯшноии хуршед ба замин ба кӯтоҳтарин замони мумкин мерасад ва торикии шаб ба баландтарин замон қарор мегирад.

Хуршед дар вазъияти табиӣ солона аз шаш моҳи оғози тобистон то оғози зимистон ҳар шабонарӯз, андаке поёнтар аз маҳали пешини худ дар уфуқ тулӯъ мекунад ва дар ниҳоят дар оғози зимистон ба поёнтарин ҳадди ҷанубӣ дар фосилаи 23\5 дараҷа аз Шарқ дар нуқтаи эътидол воқеъ мешавад. Аз ин рӯз ба баъд масири ҷобаҷои тулӯи хуршед маъкус шуда, бо ҳаракат ба сӯи боло «инқилоби тобистонӣ»-ро («летнее солнцестояние») оғоз мекунад.

Бо оғози бозгашти хуршед ба шимоли шарқӣ ва афзоиши тӯли рӯз «инқилоби зимистонӣ» (21-уми декабр) поён ёфта, «инқилоби тобистонӣ» («летнее солнцестояние» – 21-уми июл) оғоз мешавад. Ин тарзи фаҳмиш дар солшумории ҷадди пурифтихори мо ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд дошт ва дақиқтарин солшуморӣ маҳсуб меёбад. Лекин дар замони тохтутози арабҳо ба сарзамини падарон ва қабули оину фарҳанги дигар солшумории хуршедӣ дигаргун шуда, аз он пас солшумории мутобиқ ба арабҳо бар пояи моҳ сурат гирифт.

Дар асри Х1 ҳакиму файласуф ва ситорашиносу мутафаккири бузург Хайёми Нишопурӣ бо мутолиоти густурда дар ҳавзаи ҳаракати офтоб дар мавзеъҳои солона сабаби эҳёи солшумории хуршедӣ гашт.

Дар доираи кешу оинҳои ориёиҳо «Шаби ялдо», ки «Шаби зоишу таваллуди хуршед» ва ё «шаби таваллуди Меҳр» ва дарозтар шудани муддати ҳузури ӯ дар осмон буд, шаби муқаддасу муборак ба шумор мерафт. Дар андешаи онҳо, ки ҳамвора бар пояи рӯшноӣ ва нур устувор буд, шаби бозгашти дубораи рӯшноӣ ва поёни аз даст додани нур шоистаи ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ буд ва ҳамвора бар он ақида буданд, ки то поёни шаб бедорӣ кашида, онро гиромӣ доранд.

Аз сабаби он ки дар оини тоҷикони қадим Хуршед рамз ва нишонаи фурӯғи Яздонӣ пиндошта мешуд ва ҳам муқаддас буд, моҳеро, ки дар оғози он офтоб – хуршед таваллуд мешавад, Деймоҳ (номи моҳи даҳуми хуршеди мутобиқ ба 21 декабр то 21 январ), яъне моҳи додоварандаи ҳастӣ ном ниҳоданд ва мувофиқати он ба Дейрӯз барои онҳо моҳи бисёр муқаддас ва муборак будааст. Ба баёни аввалин рӯз ҳар моҳ низ бо ҳамин андеша ба номи Дей номгузорӣ шудааст.

Дар оини гузаштагони мо «Шаби Ялдо» ҷашни шабонае буд, ки дар он ба рамзи куҳансолии хуршед, бузургони хонаводаҳо гирдиҳамоӣ ва нишасти солонаро тартиб медоданд. Суннату анъана дар он зоҳир мегашт, ки дар ин шаб то субҳ бедор бимонанд, то ҳангоми бомдод, таваллуди хуршедро бо чашми худ назора кунанд.

Дар ин шаби дарозтарини сол мутобиқи анъанаҳои мавҷуда дар дастархон шириниҳо, писта, чормағз, бодом, нахӯд ва донаҳои бирёнкардаи каду ва харбуза, инчунин меваҳои сурхранг, аз қабили анор, себ, тарбуз, санҷид гузошта шуда, то саҳар фолбиниву қиссагуӣ мекарданд.

Бузургони хонавода ва қабила бо баёни қиссаҳои асотирӣ ва нақли адабиёти шифоҳӣ мепардохтанд. Дар давраи исломӣ шоҳномахонӣ, бедилхонӣ ва ҳамчунин фоли Ҳофиз дар ҳамин шаб расм шуд ва шеърхонӣ ривоҷ ёфт. Ба тадриҷ анъанаҳои ин шаб ба «шаби лайлату-л-қадр» интиқол дода шуданд.

Ба ҳамин тариқ кеши Меҳр ва ё оини меҳрпарастӣ, ки баъдан дар Европа бо номи митраизм шинохта шуд пас аз муҳоҷирати бузурги ориёиён дар замони шоҳ Фаридун ба Европаи имрӯза рафт.

Бо нуфузи оини Меҳр дар Европа қисмати аъзами ҷаҳонбинӣ, афкор ва андешаҳои мардуми он дар асоси эътиқодоти меҳрпарастӣ ташаккул ёфт ва аз ҳамон давра шурӯъ карда ба баъд бахшҳои асосии андешаи европоиён дар доираи арзишҳои ин оин сурат гирифт. Мутобиқ ба солшумории ориёии меҳрпарастӣ, нахустин рӯзи зимистон бо номи «хураи рӯз» шӯҳрат дошт. «Хураи рӯз» ва ё «хуршеди рӯз», ки истилоҳе ба муносибати таваллуди хуршед дар ин рӯз мебошад, дар тақвими мелодӣ ба унвони нахустин рӯзи соли нав қабул карда шуд.

Баъд аз асри чаҳоруми мелодӣ, ки масеҳият тамоми кишварҳои Ғарбро фаро гирифт, дар Рум ва бисёр кишварҳои Европоӣ рӯзи 21 декабр ҳамчун рӯзи мелоди Митра (Меҳр) ҷашн гирифта мешуд ва чуноне ки қаблан зикр кардем, калисо аз он ҷое, ки дар таини замон ва рӯзи дақиқи таваллуди ҳазрати Исо ба натиҷаи ниҳоӣ ва дуруст нарасида буд, ин рӯзро, ки мутобиқи моҳи крист дар «Тақвими Систонӣ» ва баробар бо зодрӯзи Меҳр дар оини Меҳрпарастӣ (Митраизм) ҳамчун «Мелоди Масеҳ» ва ё рӯзи таваллуди паёмбари насрониҳо ҳазрати Исо қабул карда шуд. Падарони калисо дар доираи ҳамон «бозиҳои пуштипардагӣ»-и хеш эълон карданд, ки паёмбар Исо дар поёни «инқилоби зимистонӣ», замоне, ки Офтоб ба нуқтаи эътидол дар мадори худ расид, ба дунё омадааст. Бинобар ин 21 декабр, ки баъдан дар натиҷаи иштибоҳоти муҳосиботии падарони рӯҳонии калисо ба 25 декабр гузашт, ҳамчун «мелоди меҳри вуҷуди Масеҳ» ва оғози ҳузури тӯлонитари офтоб дар осмон ҷашн гирифта мешуд.

Аз сабаби он ки ҷашни мазкур дар оғози «Моҳи Крист» таҷлил мешуд он дар Европа бо номи «Крисмас» номгузорӣ шуд ва қисмати аъзами рукнҳои дини меҳрпарастӣ ва урфу одату анъанаҳои онро дар батни вуҷуди хеш ҳифз намуд. Сарфи назар аз он ки баъзе паҳлуҳои анъанаҳои иҷрои ин маросим ба афсонаҳои куҳнаи кишварҳои Ғарб боз мегардад, лекин аслу маншаи ҷашнгириҳои ин рӯзро бояд дар андеша ва анъанаҳои меҳрпарастӣ ҷустуҷӯ кард. Барои мисол «ёлка», «ель» ҳамон дарахти «сарв» ва «санавбар» мебошад, ки бо ситорае дар болотарин нуқтаи он ба унвони зинати ин ҷашн расм гардидааст ва ёдгорӣ аз дини Меҳрпарастӣ ва фарҳанги ориёӣ буда, рамзҳои онро метавон дар адабиёти рамзҳо ва самбулҳои Эрон ҷустуҷӯ кард.

Дарахти сарв яке аз рамзҳое аст, ки нишони онро метавон дар қолинҳои кӯҳнаи эрониён ва афғонҳову тоҷикон дарёфт кард. Ин дарахт пой дар замин ва сар дар осмон буда, рамзи озодагӣ ва мустаҳкамӣ мебошад ва дорои бӯи дилангез аст. Дар адабиёти ирфони форсу тоҷик ин дарахт рамзи маъшуқи хушқомат ва хушрафтор аст, ки ҳаракатҳои вай аз ҳамоҳангӣ ва ё гармонияи хос бархурдор мебошад. Ин дарахт дар муқобили бед, ки рамзи бесуботӣ ва лағзиш мебошад, ба озодагӣ ва мустаҳкамӣ шуҳрат дорад, зеро бо вазиши камтарин боду шамол дар он ҳаракати ҳамоҳангшуда ба назар мерасад. Муқаддас будани дарахти сарвро мардуми Озарбойҷон чунин шарҳ медиҳанд: «Дарахте аст, ки бар ҳамаи замин соя меафканад. Дарахте, ки метавонад дар баробари оташи дӯзах тухмҳои рехташудаи инсонро дар дарвозаҳои ҷаҳанам тар нигоҳ дорад, то насли инсон идома ёбад».

Воқеан ҳам муқаддас будани дарахти сарв аз он сабаб аст, ки вай аз дигар дарахтҳо азимтар буда, умри дароз мебинад ва сояи густурдаи бузург дорад ва ҳамеша сарсабз аст. Ин дарахт ҳар сол пӯсти худро иваз мекунад ва ба назар ҳамеша ҷавон мерасад. Мутобиқи устураи зардуштиён ду дарахти сарсабзи сарв аз биҳишт тавассути Зардушт ба минтақаи ориёнишинони қадим оварда, шинонда мешавад. Дар замони хилофати Аббосиён яке аз ин дарахтҳои сарв, ки чанд ҳазорсол умр дошт ва хеле азим ҳам буд, аз ҷониби арабҳо бурида, ба маркази хилофат интиқол дода мешавад.

Дар таърихи гузашта шоҳони ҳахоманишӣ дар асоси анъанаи мардумони Осиёи Ғарбӣ, яъне Мадитарона посбони дарахтони сарв буданд ва онҳоро дар дарбори хеш парвариш мекарданд.

Соли нав аз оини МИТРОИСТСиторае, ки дар болотарин шохаи арчаи солинавӣ насб мегардад, рамзе аз талаби зиндагонии озод, толеи неку ва тақдири муборак дар шаби муқаддаси таваллуди Меҳр будааст. Аслан анъанаи ҷашнгирӣ ва зебу зинат додани арчаи солинавӣ дар Европа ба Германияи қарни шонздаҳуми мелодӣ рост меояд. Ба хусус дар ҳамин давра дар Германия аз чӯб бозичаҳоеро омода сохта, онҳоро дар арча насб мекарданд ва шамъро дар он меафрӯхтанд.

Ба тадриҷ расму оини истифодаи арча ва ё «кристмас» дар дигар минтақаҳо ва кишварҳои Европа ҷонибдорӣ пайдо кард. Дар соли 1841 дар Англия – шоҳзода Алберт шавҳари малика Виктория аввалин шуда арчаи солинавиро бо шамъу шириниҳо зебу зинат дода, ва ин раванд ҳамчун мӯд ба анъана табдил ёфт. Хонаводаҳои сарватманди Англия аз ин мӯд бо суръат пайравӣ карданд. Ба тадриҷ аз соли 1850 шурӯъ карда, дарахтони арча бо бозичаҳои гуногун, аз он ҷумла лӯхтакҳо зебу зинат дода мешуданд.

Ҳатто дар асри Х1Х бисёре аз аҳолии Америка дарахти арча ва ё крисмасро чизи аҷоибу ғароиб медонистанд. Аввалин арчаи солинавии «крисмас» дар Америка дар соли 1830 истифода шуд, ки он ҳам тавассути сокинони олмонии Пансилванӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Ин дарахт барои ҷалби кӯмакҳои молӣ ва иқтисодии мардум барои калисои маҳаллӣ барпо шуда буд. Дар майдони назди яке аз калисоҳои дигаре дар Америка дар соли 1851 дарахти арчаро зебу зинат дода гузоштанд. Дар натиҷаи ин амал аҳли калисо ва мардуми маҳаллӣ ба изтироб омаданд, ки гӯё ин иқдом бозгашт ба бутпарастӣ мебошад. Онҳо тамоми бозичаҳои ороиширо аз он дарахт барчинданд.

Бо ворид кардани лавозимоти зинатӣ аз Германия ва ҷашн гирифтани соли нав дар атрофи арчаи солинавӣ, яъне «кристмас» аз соли 1890 ба баъд аз ҷониби олмониҳои Америка ба ҳукми анъана даромад. Дарахте, ки дар солҳои аввал аз он истифода мекарданд, ҳамагӣ 1-1,5 метр дарозӣ дошт, лекин аз аввалҳои асри ХХ шурӯъ карда, аз дарахти бузург ва лавозимоти барқӣ истифода карда, онро ба ҷашни умумимиллӣ ва давлатӣ табдил доданд. Пас аз он дидани арчаи солинавӣ (кристмас) дар майдони шаҳрҳо ба як манзараи ошнои ин айём мубаддал шуд ва тамоми иморатҳои муҳим – чи шахсӣ ва чи давлатӣ бо барпо кардани арчаи солинавӣ ба истиқболи фарорасии соли ҷадид омодагӣ мегирифтанд.

Барои зебу зинат бахшидан ба арчаҳои аввалия ба ҷои муҷассамаҳои фариштаҳо, дар нӯги дарахт, аз париҳои кӯчак ҳамчун нишонаи арвоҳи меҳрубон, ё зангӯла ва шайпурҳо барои тарсонидани арвоҳи шайтонӣ истифода мегашт.

Дар Полша дарахти арча бо муҷассамаҳои хурди фариштаҳо, товус ва дигар паррандаҳо, миқдори зиёди ситораҳо зинат бахшида мешуд. Дар Шветсия дарахти арчаро бо бозичаҳои чӯбин, ки бо рангҳои дурахшон рангомез шуда буданд, инчунин фигураҳои кӯдаку ҳайвонот аз коҳ ороиш медоданд. Дар Дания дарахти арча бо парчамҳои хурди ин кишвар ва овезаҳое ба шакли зангӯла, ситора, дил (қалб) ва барфрезаҳо истифода мешуд.

Қобил ба зикр аст, ки дар кишвари Фаронса то соли 755 мелодӣ Соли нав дар аёми Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Баъдан ин ид дар асрҳои XII ва XIII дар рӯзи Пасха таҷлил мегашт. Билохира дар соли 1654 бо фармони Карли IX шуруи Соли нав 1-уми январ эълон гардид.

Дар Россия то асри Х ва умуман тамоми халқҳои славянӣ, аз он ҷумла украинҳо, белорусҳо, болгарҳо, сербҳо, хорватҳо, слованиҳо, македониҳо, боснягиҳо, черногорҳо – Соли навро дар айёми Наврӯз ҷашн мегирифтанд. Дар ин кишварҳо ҳисоби вақт аз рӯи фаслҳои сол пеш бурда мешуд. Шояд аз ҳамон давра шурӯъ карда дар ин мамлакатҳо тақвими 12 моҳаи қамарӣ коркард шуд. Дар асрҳои баъдӣ славянҳо ба тақвими шамсу қамарӣ гузаштанд.

Аз соли 988 шурӯъ карда дар Рус дини насронӣ қабул шуд ва арзишҳои он вориди фарҳанги ин кишвар гашт. Дар ин давра онҳо дар асоси солшумории румӣ, ки он дар доираи «офариниши олам» (5508 сол) муайян карда шуда буд, аз соли нав ҷашн мегирифтанд.

Баъдан аз ҷониби Пётри I дар Россия солшумории нави европоӣ ворид шуд. Дар робита ба ин ҳамеша ӯро танқид мекарданд, ки гӯё 5, 5 ҳазор соли таърихи славянҳо аз ҷониби Пётри I «дуздида шуда бошад».

Қобил ба зикр аст, ки мутобиқ ба китоби муқаддаси насрониён «Рӯзи офариниши олам» то замони мо 7,5 ҳазор солро ташкил медиҳад. Худи «Рӯзи офариниши олам» тибқи илоҳиётшиноси православӣ ба рӯзи ҷумъа, ки рӯзи 6-уми офариниш буд, мутобиқат мекунад, ки он мувофиқи «Септуачинте» (аввалин тарҷумаи юнонии Танаха, яъне Ветхий Завет) мебошад. Баъдан ин рӯз расман аз ҷониби падарони руҳонии калисои дар ҷаласаи VI Собори Умумиҷаҳонӣ дар соли 681 ҳамчун шанбеи 1 сентябри 5509 тасдиқ шуд. Аз асри VII шурӯъ карда ин рӯз ҳамчун асоси низоми хронологии Империяи Византия шуда, дар саросари олами православӣ паҳн шуд.

Анъанаи орову зинат додани арчаи солинавӣ ба мисли дигар кишварҳо ба Россия низ аз Германия ворид шуд. Дар муқобили ин анъана на танҳо калисои праославӣ, балки Николаи II низ пофишорӣ намуд. Вай дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ анъанаи ороиши арчаи солинавиро – урфу одати душманон эълон карда, қатъан онро манъ кард.

Баъд аз пирӯзии Инқилоби Октябр низ дар Россия арча орову зинат дода намешуд. Ҳатто дар соли 1926 ороиш ва зиннат додани арчаи солинавӣ ҳамчун ҷиноят қабул шуда буд ва Кумитаи марказии ВКП(б) анъанаи арчаи солинавиро ҳамчун хурофот ва зидди давлати шӯравӣ эълон кард.

Дар натиҷаи пешниҳодҳои зиёде аз ҷониби равшанфикрони Россия дар соли 1935 Сталин иҷозат дод, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ арчаи Солинавӣ бо расмҳои Ленин ва ғайра зебу зинат дода шавад. Ба ҳамин тариқ ин ҷашн ба тадриҷ аз тариқи Россия вориди дигар ҷумҳуриҳо, аз он ҷумла Тоҷикистон гашт.

Қобил ба зикр аст, ки дар байни дигар ҷумҳуриҳо дар Украина низ ороиши дарахти арча хеле ҷолиб мебошад. Онҳо ҳатман дар зебу зинати дарахти худ аз анкабут ва тори анкабут истифода мекунанд ва онро ҳамчун фоли нек пазируфтанд. Дар асоси яке аз афсонаҳои қадимаи мардуми Украин зани камбағале, ки ҳеҷ василае барои ороиши дарахти арча надошт, бо ғаму ғусса ба хоб меравад ва ҳангоми тулӯи хуршед мутаваҷҷеҳ мешавад, ки дарахти арчаи солинавӣ бо тори анкабут пӯшида шудааст ва ин торҳо бо дамидани офтоб ба риштаҳои нуқра мубаддал гаштаанд.

Яке аз қаҳрамонони дигари солинавӣ – ин Бобои барфӣ мебошад. Агар ба решаи оини меҳрпарастии ин ҷашн назар афканем дарёфт хоҳем намуд, ки либос ва шакли Бобои барфӣ ба тарзи либоспӯшии муғон, ки ранги арғувонро интихоб карда будаанд, якранг мебошад. Чунин либосро бо ранги арғувон дар баробари муғон боз подшоҳони эронӣ дар ҷашнҳои муқаддас ба бар мекарданд.

Бобои барфӣ ё Бобо Нуел дар афкори мардуми Европа як пирамарди фарбеҳ бо риши калони сафед ва либоси қирмизранг аст, ки дар рӯзи Соли нав ё шаби қабл аз он барои бачаҳо ҳадя меорад.

Шахсияти Бобои барфӣ ишора ба номи яке аз бузургони масеҳӣ бо номи Сан Николас дорад, ки дар қарни чаҳорум мезистааст. Вай аз аҳоли Бизон ва минтақаи Антолияи Туркияи имрӯза будааст. Вай ба мақсади кӯмак ва ҳадя додан ба фақирону камбағалон шӯҳрат ёфта буд ва ӯро ҳамчун шахси муқаддаси насронӣ медонистанд. Марқади Сан Николас дар минтақаи Дирмои (соҳили баҳри Мадитарона) Туркия қарор дошта, ҳанӯз ҳам баъзе аз қисматҳои бадани вай боқӣ мондааст. Дар соли 2003 донишмандон бо истифода аз мумиё ва устухонҳои вай муваффақ ба бозсозии сурати ӯ машғул шуда, бо камоли тааҷҷуб дарёфтанд, ки Бобои барфӣ сафедпӯст набудааст.
Соли нав аз оини МИТРОИСТ
Дар Америка Бобои барфӣ бо номи Сантаклаус ёд мешавад.

Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки дар баробари Соли нав анъанаҳо ва расму оини Меҳр дар тамоми паймонҳо нақши муҳим ва ғайри қобили инкор дошта, дар бисёр ҳолатҳо ба ҳаракатҳои ситорагон дар осмон ва илми ҳайат боз мегардад. Барои мисол «ҳалқаи Меҳр» дар ақди паймони издивоҷ решаи ситорашиносӣ дорад. Ҳангоми маросими издивоҷ тақдими ангуштарин ва ё «ҳалқаи Меҳр» аз ҳамон боқӣ мондааст, ки аз тариқи русҳо боз дубора ба Тоҷикистон ворид гаштааст.

Дар асоси анъанаи Меҳргон баъд аз он ки ба тифли навзод номи муносиб, аз қабили Меҳр, Меҳрёр, Меҳрӣ, Меҳроб ва ғайра мегузоштанд, кӯдак бо «оби ҳум» ё «пароҳум» шуста (муқаддас) карда мешуд. Ин анъана ҳамон «крещение» аст, ки масеҳиён баъдан онро пазируфтаанд ва ҳамчун анъана ва расму оини насронӣ муаррифӣ карданд.

Аз ҷониби меҳрпарастон ҳангоми иҷрои маросимҳои динӣ дасти одам бояд ба об намерасид, балки он бо асал шуста мешуд. «Моҳи асалӣ» дар анъанаи меҳрпарастон на як моҳи ширин ва пурсаодати баъди тӯй, балки муҳаббати ҳамешагӣ маъно дошт, ки он низ аз ҷониби аврупоиён ва русҳо қабул шуд ва бо баъзе тағийротҳо ҳамчун расму оини насронӣ инкишоф дода шуд.

Рамзи сарфуруд овардан ва намоз гузоштан ба Хуршед (дар як рӯз се маротиба) – субҳ, нимрӯз ва ҳангоми тулӯъ офтобро низ насрониҳо аз меҳрпарастон азхуд карданд. Болотар аз ин онҳо ба мисли меҳрпарастон нон ва майро истифода мебаранд, ки аз охирин хӯроки Меҳр бо шогирдонаш буд.

Ҳатто номи Димитрийи русӣ, ки дар тарҷума «сарсупурдаи Митра» мебошад, Митрополит, яъне падари рӯҳонӣ ва метрополитен – аз калимаи митрополия – шаҳри Офтоб, шаҳри Меҳр гирифта шудаанд.

Меҳр ҳамеша ва то абад ба сурати марди диловари аҳли набард дар майдони ҷанг дар муқобили ҳар он чизе, ки саломатӣ ва саодати заминро мавриди таҳдид қарор медиҳад, истодагарӣ хоҳад кард. Вай аз сабаби диловарии бисёр ҳамеша дар муқобили дурӯғ ва паймоншиканӣ ба некӣ қарор дошта, аз ростиву вафодорӣ дифоъ мекунад. Ӯ, ки мутобиқи омӯзаҳои Зардушт, худ низ яке аз гумоштагону офаридагони Аҳуромаздо мебошад, ба воситаи даҳ ҳазор чашму даҳ ҳазор гӯш (фариштагони хоса) дар олами офариниш ва ҳастии ҳама махлуқот назорати комил дорад, то дар ҷое дурӯғе гуфта нашавад ва паймоне шикаста нагардад.

Меҳр дар мақоми фариштаи фурӯғ ва рӯшноӣ аст, ки ба воситаи назорати комил бар олам, мазлумону бенавоёнро шиносоӣ карда, барои дастгирии онҳо мешитобад. Решаи диловариҳои ӯ ба моҷарои ситези вай бо гови нар бармегардад. Ба ҳамин далел аст, ки пайравони оини Меҳр дар Аврупо то имрӯз, дар вақти ҷашни Меҳргон бо фурӯ бурдани ханҷар ба бадани гови нар ва куштани ӯ ин рӯзро оғоз мекунанд.
©Шамолов А., профессор

Ба иттилои хонандагони рӯзномаи «Минбари халқ» мерасонем, ки матни мазкур мутаассифона бо баъзе иштибоҳот ба чоп расидааст. Шакли дурусти матн оне аст, ки дар ин сомона ҷойгир шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: